Главная / Гуногун / ТИЛЛОИ САФЕД

ТИЛЛОИ САФЕД

Нахи пахта дар иктисоди дунё хануз хам ахаммияти истротежик дорад, вале каблан то кашфи наххои сунъи, ахаммияти вижаи истротежик доштааст. Кишвархои чахон кисми захирахои молии миллии худро бо нахи пахта нигох медоштаанд. Кишвархои абаркудрат хануз хам захирахои кофии нахи пахта доранд, зеро дар замони чанг таъмини артиш бо либосу палос яке аз омилхои асосии галаба аст. Иттиходи шурави заминхои корами Осиёи Миёнаро асосан ба хамин зироат тахсис дода буд. Хаёти Точикистон ва мардуми точик ба пурраги вобастаи хамин зироат буд. Накши ин зироат дар иктисоди Точикистон он кадр бузург буд, ки онро «тиллои сафед» меномиданд ва дар васфаш шеъру достон менавиштанд. Кисми аъзами тавлидоти чумхури аз пахта иборат буд. Аз ин сабаб дар солхои баъд аз пошхурии Иттиходи шурави хам, ин зироат асоси даромади арзии кишварро ташкил мекард.

Тиллои сафедХамин тавр, ман пахтаи он хочагиро ба ширкати «Дана- вант» фурухтам ва муомилаи аввалини ман дар тичорати пахта анчом шуд, вале он махз ба хотири руёндани карзи мо аз он колхоз сурат гирифта буд ва ман хануз нияти идомаи ин корро надоштам.

Аз он ду хоричи, ки дар хавопаймо шинос шуда будам, якеашон – Чон Стэд рузе ба Душанбе омад ва хохиши вохурдан кард. Дар вохури маълум шуд, ки у ин дафъа бо максади маблаггузори барои руёндани пахта ва хариди он омадааст. Чон аз ман хохиш кард, ки дар ин маблаггузори ширкат кунам. Рузи дигар дар Бонки милли, ки ин маблаггузори аз тарики он амали мешуд, вохурии калон ташкил шуд, ки мо – сарони чанд ширкати махалли бо намояндагони бонкхо ва ширкатхои хоричии харидори пахта иштирок кардем.

То ин дам дар сохаи пахта, баъд аз пошхурии низоми маб- лаггузории шурави, равишеро чори карда буданд. Ширкати бозаргонии свиси бо номи «Рейнхарт» харидори нахи пахтаи Точикистон буд ва бонки «Кредит Свис» зери кафолати Бонки миллии Точикистон маблаггузории сохаро аз тарики якчанд ширкати махалли анчом медод.

Ширкати амрикоии «Данавант», ки Чон намояндаи он буд, низ мехост бо хамин равиш кисми пахтаи кишварро бихарад. Инхо ду ширкати бозаргонии бузурги пахтаи дунё буданд ва намехостанд мустаким бо колхозхо карордод банданд, зеро хамкори бо хочагихо дарди сари зиёд дошт. Онхо бо ширкатхои махалли ва ин ширкатхои махалли дар навбати худ, бо колхозхо карордод мебастанд. Руйхати ширкатхо бо карори хукумат тасдик шуда, пас аз он кафолати Бонки милли содир мешуд, ки зери он маблаггузори аз суи бонки «Кредит Свис» анчом мегирифт.

Мо бо якчанд колхозхо карордоди маблаггузори ва ха- риди нахи пахта бастем ва дар мукобилаш бо бонки «Кре- дит Свис» шартномаи карзи ва бо ширкати «Данавант» карордоди харидуфуруши пахта баста, ба кор шуруъ кар- дем. Ин карордодхо бисёртарафа буда, бонки «Кредит Свис» карздиханда, Бонки миллии Точикистон кафил, «Агроин- вестбонк» ичрокунанда, колхозхо тавлидкунанда, ширкатхои махалли содиркунанда, ширкатхои «Данавант» ва «Рейнхарт» харидор буданд. Мувофики ин карордодхо аввал маблаггузори ба таври карз анчом мешуд ва баъдан пахта бор шуда, он карз баргардонида мешуд, ки ба истилох, муомилаи фючерси – му- омилае, ки дар оянда анчом мешавад, номида мешуд. Аз ин сабаб, ширкатхои моро ширкатхои фючерси меномиданд. Мо ба сохаи мухимтарини иктисоди кишвар ворид шудем, зеро пахта махсулоти асосии содиротии кишвар буд ва кисми зиёди ахолии кишвар дар хамин соха кор мекарданд.

Соли 1997 соли аввали карордодхои фючерсии мо буд. Барои хар хектар ба мо 300 доллари дар замони руёндан ва 75 доллари барои чидани пахта карз доданд. Аз руи хисоби пешаки, ки дар асоси нархи 1000 доллар барои хар тоннаи нахи пахта хисоб карда шуда буд, дар холи 2,2 тон хосил гирифтан, аз хар хектар ин карз бояд пушида мешуд. Ин кор нисбат ба корхои каблии мо захматталабтар буд. Аз ин сабаб, ман корро таксим карда, хамкоронро дар вазифахо масъул кардам ва худам ба онхо рохбари мекардам. Абдулхаким масъули таъминот, Комрон масъули моли, Акрам ном коргари собикадорро масъ- ули борбари таъин кардам, ки хар кадоми онхо дар зери даста- шон гурухи кори доштанд. Гайр аз ин, мухандиси кишоварзи ва тими мухосиботи низ доштем, ки хар кадом масъулияту салохиятхои мушаххас доштанд ва мудирияти корро барои ман осон мекарданд.

Он сол дар кишвар ба хисоби миёна аз хар хектар 1,6 тон хосил ба даст омад. Сабаби асосии кам шудани хосил муди- рияти бади колхозхо буд. Раисони колхозхо аксаран шахсони тасодуфи ва аз дехкони дур, дар асари чанги шахрванди ба- мансабрасида буданд. Маблаггузориро тибки барнома сарф накарда, барои ниёзхои шахсии худ суистифода мекарданд. Агар мо бо дах-дувоздах колхоз карордод дошта бошем, он колхозхое, ки хуб мудирият мешуданд, аз хар хектар аз 2 то 2,5 тон хосил гирифта буданд, дар холе, ки баъзеи дигар як тоннаи пахта чамъ оварданд. Аз бетачрибаги, мо аз ин фиребгарихои раисони бевичдони ин хочагихо дер – дар замони чиниш огох шудем, ки кор аз кор гузашта буд, ва ин як тон хам бо саъю кушиши кормандони мо, ки шабу руз дар ин хочагихо мегаш- танду назорат мекарданд, ба даст омад.

Гайр аз ин, аз моххои октябр-ноябр махдудияти барк дар кишвар чори шуд, ки корхонахои пахтатозакуни аз кор монданд ва содироти пахта то бахор акиб афтод, ки гайр аз норозигии хоричихоро ба бор оварданаш, дарсади бонкии карзро хеле зиёд ба сари мову колхозхо бор кард.

Фоизи ин карз дар карордод солона 25% навишта шуда бошад хам, дар асл то ба 40% рафта мерасид. Тархи карордод байни бонки «Кредит Свис» ва Бонки милли мувофика шуда буд ва мо ин карордодхоро бо суди солонаи 25% рози шуда, имзо карда будем, вале баъд маълум шуд, ки он коса зери ним- коса доштааст. Суди карз охири мох баровард карда шуда, ба танаи аслии карз зам карда мешуд, ки мохи дигар аз он хам суд меруид. Гайр аз ин, пардохтхои пинхонии дигаре хам буд, ки доим ба танаи карз изофа шуда, суд зоида, фоизи нихоиро пешгуинашаванда мекард. Вокеан, касе, ки ин тархро рехта буд, корномаи Кори Ишкамбаи устод Айниро хеле бодиккат хонда буд ва беибо он хама найранги устод накухидаро барои худ дастурамал карор дода буд. Дар робита бо ин судситонии боло, иттифоки чолибе афтода буд, ки хикояташро меорам.

Соле чанд бор дар Бонки милли ва «Агроинвестбонк» бо иштироки намояндахои бонки «Кредит Свис» чаласа баргузор мешуд ва мо дар ин чаласахо масъалахои худро матрах ва хал мекардем. Чандин бор мо аз намояндаи ин бонк хохиш кар- дем, ки масъалаи фоизи баланди карз ва фоида зоидани суди хармохаро барраси кунад, зеро ин фоизхо он кадр баланд бу- данд, ки аз кабл муайян буд, ки хар кадр пахта хам бируяд, чизе дар кишвар намемонад, балки хочагихову ширкатхои махалли боз хам карздор мемонанд. Алекс – намояндаи бонки «Кре- дит Свис» доим аз хатар гап мезад ва исбот кардани мешуд, ки хатто бо ин фоизхо хеч бонке омода нест ба Точикистон маблаггузори кунад.

Муовини раиси «Агроинвестбонк» Горяшенко гуфтани мар- де буд. Дар як чаласае, ки боз гап сари хамин вазнинии фоизхо рафт, у латифаеро накл кард: «Рузе як рус ба назди яхуди рафта, хохиш мекунад, ки ба у як сум карз дихад. Яхуди мепурсад, ки ба кафолат чи мегузори? Рус мегуяд, ки хеч чиз надорам. Яхуди мегуяд, табари дастат чи? Рус рози шуда, табарашро кафолат мегузорад. Яхуди мегуяд, як сум медихам, баъд аз як сол ду сум карда бармегардони. Марди рус рози мешавад ва як сумро гирифта, рафтани мешавад, ки яхуди мегуяд, ту ба ман баъди як сол бояд ду сум бидихи, хозир як сум дори, онро бидех, як суми дигарро ёфтанат осонтар мешавад. Марди рус фикр мекунад, ки вокеан, ин харфи мантикист ва як сумро дода, аз назди яхуди мебарояд ва ба худ мегуяд, чи чолиб! Табар хам нест, пул хам нест, боз як суми дигар карздор хам шудам, вале мисли ин ки хамааш дуруст аст».

Намояндаи бонки «Кредит Свис» то гушхояш сурх шуд. Соли дигар – соли севум, гирифтани фоиз аз фоизро бас кард.

Дар забони руси маколе хаст, ки мегуяд: «Бадбахти танхо намеояд». Он сол нархи нахи пахта дар бозори чахони ба гунаи бесобика поён рафт ва мо пахтаро ба чои 1000 бо киммати 550 – 600 доллари фурухтем. Дар натичаи ин се омил, он сол мо хамаги 20-30% карзро гардонида тавонистему халос.

Раисони хочагихо гайр аз кишти пахта зироатхои дигар хам кишт мекарданд ва он зироатхоро касе маблаггузори наме- кард. Аз ин сабаб, онхо аз хамин маблаггузорие, ки барои пахта пешбини шуда буд, ба харчи дигар зироатхо низ сарф мекар- данд. Ва хамеша барои маблаги бештар ниёз доштанд. Камбуди маблаггузори боиси коста гардидан дар текнолочии парвариши пахта гашта, ба кам шудани хосил оварда мерасонд.

Ман, ки зуд-зуд аз хочагихо дидан мекардам, камбудихои онхоро дида, мачбур мешудам аз хисоби худам маблагхои ило- ваги бидихам. Хамин тавр, ором-ором ман тамоми сармояи андухтаамро хам ба хочагихо додам, ки дар руи хочагихо карз шуда монд ва дар натича ман тамоми сармояи худамро ба чохи бетаге андохта, дар илова аз бонк хам карздор шудам. Хулоса, тибки маколи халки:

Бе дарди саре нишаста будам,

Пул додаму дарди сар харидам.

Ман дар холати гаравгон мондам. На чои акибгарди доштам ва на дар идомаи кор чашмандози хубе медидам. Ба пурраги ба ин карордод вобаста будам. Агар аз ин маблаггузории асирку- нанда даст кашам, сармояи тули солхо ба захмат андухтаамро, ки дар ин кор сарф карда будам, аз даст медодам ва гайр аз ин, карздор хам мемондам ва ба чавобгари кашида шуданам мумкин буд. Дар як холати баде монда будам. Ман, ки хамеша дар тасмимгирихо озод будам, акнун озодии худро аз даст дода будам, нафасгир будам. Соли дувум нархи нахи пахта каме бехтар шуда бошад, хам ба дарачаи дилхох нарасид. Вале, зар- баи соли гузашта маро ба хуш оварда буд. Медонистам, ки охири ин рох ба нобуди аст. Масъули баргардондани пулхо факат ва факат худам будам.

Раисони колхозхои пешкадамро чамъ карда, бо онхо масли- хат кардам, ки сарфакорона маблаггузори карда, хосилнокиро боло мебарем. Аз хамкори бо колхозхои акибмонда, ки раисо- наш бештар паи даромади муфт ба чайби шахсиашон буданд, даст кашидам. Назоратро пурзур карда, бо маблаггузории хеле камтар хосили бештар ба даст овардем. Акнун, бояд пеш аз хама, аз он карзи гуломкунанда халос мешудам.

Рохбарони ширкати «Данавант» зуд-зуд омада меистоданд ва «мазраа»-хову «барда»-хои худро хабар мегирифтанд. Ман хам яке аз ин бардахо будам, ки гуё камчин дар даст аз номи онхо ва барои онхо кор мекардам. Вакте ба хочагихо сафар мекардам ва холи зори мардумро медидам, дилреш мешудам, вале чора надоштам, карордодро бояд ичро мекардам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …