Главная / Илм / ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОЛИБИЛМОН ОИД БА САНҶИШ ВА БАҲОГУЗОРЙ БА ДОНИШИ ХУД

ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОЛИБИЛМОН ОИД БА САНҶИШ ВА БАҲОГУЗОРЙ БА ДОНИШИ ХУД

Ҳангоми иҷро намудани ҳама гуна фаъолият одам ба натиҷаи он мутаваҷҷед мешавад. Ҳангоми хатми фаъолият одам амалдои худро баҳогузорӣ, хатоҳои худро ҳис намуда, барои ислоди он вақт ҷудо мекунад. Агар мақсади дар пеш гузошташуда муваффақона ба даст ояд, одам бо он хурсанд мешавад. Кӯшиш мекунад, ки боз пеш равад ва ба натиҷаи боз дам бедтар ноил шавад.

Фаъолияти таълимии толибилмон бисёр мураккаб буда, дамчун мисли задмати одами калонсол арзишманд аст. Барои иҷрои он дар баробари задмати ақлии толибилм, дар он қобилияти амалй, ҳама гуна лаёқат, ходиш, мотиватсия, уддабароӣ, ба ибораи дигар, тамоми олами инсон, ширкат меварзанд. Аз ин рӯ, дангоми пеш бурдани фаъолияти таълимй, шогирд бояд диққати хешро ба чизи асосй равона созад.

Толибилмони азиз! Саъю кӯшиши Шумо ҳангоми иҷро намудани супоришдои таълимй, донишу малакаҳои бадастовардаатон, аз ҷониби муаллимон, волидон, бародарон, хоҳарон ва рафиқони Шумо санҷида ба баҳогузорй мешаванд. Ба ин асос намуда, дигарон дар бораи Шумо қазоват мекунанд. Шуморо аз рӯи ондо тасаввур мекунанд. Аз рӯи ин маълумот Шуморо тавсиф мекунанд. Илова ба он, дар як толи­билм бояд мустақилона кори худро баҳогузорй ва бисанҷад. Дар ин маврид диққати асосии Шумо бояд ба санҷиши мустақилонаи донишдои худ оид ба табиатшиносӣ равона гардад.

Ту бо баҳои муаллим розй ҳастй ва ё қаноатманд нестӣ? Чаро агар муаллим донишҳои туро баҳогузорй кунад, ту худро ба таври дигар баҳогузорй мекунй? Сабаби он дар чист?

Зеро ки талаботи ту нисбат ба талаботе, ки муаллим ҳангоми бадогузории дониши ту дорад, андак дигартар аст. Аз ин рӯ, биёед дар мавриди рохдои осони санҷиши донишҳои ба дастоварда аз табиатшиносӣ таваққуф бикунем.

Пеш аз ҳама ҳамеша ба он калимае, ки муаллим мегӯяд, тавачдуд намоед ва кӯшиш кунед, ки онро бифадмед.

Ба номи мавзуъ, модияти саволдое, ки муаллим медидад, воситадои аёнй ва таҷрибаҳое, ки дар синф нишон дода шудааст, диққат намоед. Маводдои омӯхташударо бо мушодида дар табиат, ҷидати истифодаи он дар даёти рӯзмарра ва дар шароити хонагй тадлил намоед. Пас аз он маводро дар китоби дарсй бихонед ва кӯшиш намоед онро бифаҳмед. Сабаби асосии пайдоиши дар як додисаро бидонед. Ба пурсишдое, ки дар хотимаи дар як параграф даст, посух диҳед. Ин пурсишҳо санҷиши мустақилонаи донишдои Шумо ба шумор мераванд. Дар китоби дарсй танҳо посухдоро ба пурсишдо ҷустуҷӯ накарда, ондоро таҳлил кунед. Саволҳоро дигар кунед ва ондоро дубора тартиб дидед ва барои ондо посух ҷустуҷӯ кунед. Ана ин тафаккури интиқодӣ ва ё нақди тафаккур аст. Ҳангоми посух додан ба рафиқон, бародарон, хоҳарон, волидон бояд рӯшан, дақиқ гап занед. Ҳамчунин фаромӯш накунед, ки вақте чизеро ба касе нақл мекунед ё мефаҳмонед, худи Шумо онро дарк хоҳед кард. Агар Шумо дониши худро бо шархд шифоҳй, навиштани қоидаҳо, кашидани расмҳо, ифода намоед, пас дониши Шумо мустаҳкаму қавӣ мешаванд. Шумо бо роҳи кашидани як раем ва ё навиштани посух ба коғазҳои гуногун якчанд маротиба ин амалро такрор намуда, бад-ин васила машқу тамрин намоед. Ҳар дафъа онро такрор намуда, вайро дар умқи хотираи хеш ҳифз хоҳед кард. Кӯшиш кунед, то таври кӯтоҳ санаҳо, номҳои олимон, номи кишварҳоро, дар куҷо зиндагй кардани онҳоро ба ҳамдигар пайванд созед. Шумо метавонед онро дар намуди схема, тоблу, графика, расм ва нигора сабт намоед. Чунин варақчаҳоро чун тавсияномаҳои кӯтоҳ навишта, онро дар якчанд ҷои хона авезон кунед. Ҳар дафъа, ки Шумо онҳоро мебинед, маводҳои таълимиро ба ёд хоҳед овард. Агар Шумо ҳар дафъа хатоҳои худро дарк ва ислоҳ менамоед, Шумо мустақилонаю самаранок худро санҷида метавонед. Натиҷаи санҷиш ба баҳогузории дониш оварда мерасонад. Муаллимон ҳангоми санҷиши донишҳои Шумо аз талаботи махсус кор мегиранд. Онҳо меъёрҳои баҳогузорӣ но- мида, он дар барномаи таълимии табиатшиноей дода шудааст. Ин меъёрҳоро Шумо низ бояд бидонед.

Дар мактабҳои Шумо асосан системаи 5-баллаи баҳогузорӣ истифода мешавад.

Агар посухи толибилм дуруст, пайдарҳам ва дақиқ бошад, пас ба вай баҳои аъло – «5» гузошта мешавад. Дар ин маврид толибилм моҳияти мафҳумҳои асосӣ, ҳодисаҳо ва қонунҳоро дуруст дарк карда, таври дақиқ қоидаву таърифҳоро шарҳ дода, аламати ченакҳо, формулаҳо, воҳидҳо ва роҳхои ченкунии онҳоро медонад. Посухашро бо расмҳо, нигораҳо, тоблуҳои марбута пайваст месозад.

Вай супоришҳоро дуруст ҳал намуда, метавонад донишҳои худро дар амал ис­тифода барад. Агар толибилм ба талаботи баланд ҷавоб диҳад, вале ба як ё ду хатой роҳ дода, ин хатоиро бо кӯмаки муаллим метавонад ислоҳ намояд, пас баҳои «хуб» – «4» гузошта мешавад.

Агар толибилм ҳодисаҳои физикй, моҳияти қонунҳо, мафхумҳоро дуруст дарк карда, вале ба баъзе хатогиҳо роҳ медиҳад, наметавонад таври пурра донишҳои ху­дро ҳангоми ҳалли масъалаҳо истифода барад, пас ба баҳои қаноатбахш – «3» гу­зошта мешавад.

Дар ин маврид, ҳарчанд толибилм матнро аз китоби дарсӣ хуб нақл мекунад, вале наметавонад маънои онро пурра бифаҳмад. Вай моҳияти ҳодисаи омӯхташавандаро мефаҳмад, вале дақиқ онро ҳангоми аз мушоҳидаҳо дар табиат фарқ намекунад ва онро дар ҳаёти рузмарра истифода намебарад.

Мафҳумҳои мушобеҳро омехта мекунад.

Агар дониши толибилм ба талаботи баҳои каноатбахш мувофиқат намекунад, пас ба вай баҳои ғайриқаноатбахш – «2» гузошта мешавад.

Дар ин маврид, толибилм дар бораи далелҳои омӯхташаванда, ҳодисаҳо, ченакҳо маълумот дошта, маънии онҳоро дарк намекунад.

Як ҳодисаро бо ҳодисаи дигар омехта мекунад. Ченакҳоеро, ки онҳоро ифода мекунанд, намедонад. Масъалаҳои одиро аз рӯи формулаҳои тайёр ҳал карда на- 155 метавонад. Агар толибилм ба ягон саволи додашуда , ҷавоб дода наметавонад, ба ӯ баҳои – «1» гузошта мешавад.

Тол иб ил мои и азиз! Агар Шумо чунин талаботро ҳангоми баҳогузории донишҳоятон пеши худ гузоред, пас Шумо худро фиреб накарда, адолатро хоҳед омӯхт. Фаромӯш накунед, ки баҳогузории одилонаи худи сифати пурарзиши инсо- нии Шумо шуморида мешавад. То мулоқот дар саҳифаҳои китобҳои дарсии «Гео­графия», «Биология», «Физика», «Кимиё»-и синфҳои оянда!

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …