Главная / Маданият ва санъат / ТАСАВВУРОТИ ОДАМОНИ ҚАДИМ ДАР БОРАИ ЗАМИН

ТАСАВВУРОТИ ОДАМОНИ ҚАДИМ ДАР БОРАИ ЗАМИН

Ҳаёт ва фаъолияти инсони давраи ибтидоӣ ба табиати атрофаш зич алоқаманд буд. Ӯ ҳамчун маводи хӯрокй меваи растаниҳоро ҷамъ намуда, моҳӣ ва ҳайвоноти ваҳширо шикор мекард. Барои гум накардани мавзеъҳои аз неъмат бой ва шикор дар танаи дарахтон ва сангҳои сари роҳ нишона ва аломатҳо мекашид. Дониши географии одамон оид ба Замин маҳдуд буд. Ғайр аз наботот, ҳайвонот, манбаъҳои обу қабилаҳои атрофи маҳали худ дар бораи дигар маҳалҳои рӯи Замин тасаввурот надоштанд. Ба ин нигоҳ накарда, унсурҳои аввалини дониши географӣ дар байни халқҳои гуногун ба вуҷуд омада буд. Он халқҳое. ки соҳиби ҳуруфот ва хат буданд, дониши географии нисбатан ҳаматарафа доштанд.

zaminБаробари ба вуҷуд омадани хат, сохтани киштихои белу бодбондор ва кашфи қутбнамо ҳазорсолаҳо муқаддам одамон имконият пайдо карданд, ки ба масофаи дур шино кунанд. Ин доираи донишро дар бораи Замин васеъ намуд. Баҳрнавардон ва сайёҳон мавзеъ ва ҳодисахои дида ва нақлҳои шунидаи худро навишта, акси онҳоро ба нақша мегирифтанд. Дар давраи қадим он нақшаҳои қисмҳои начандон калони сатҳи Замин вазифаи харитаи географиро иҷро мекарданд. Ҳазорсолаҳо харитаи муфассали олам вуҷуд надошт. Барои он ки халкхои қадим дар бораи шакл ва андозаи Замин тасаввуроти амиқ надоштанд. Бинобар ин шакл ва андозаи Заминро халкхои қадим хар хел тасаввур мекарданд.

Аввалин шуда олими Юнони Қадим Арасту ҳангоми хусуфи (гирифтаии) Мохдар рӯи он ба таври кура афтидани сояи Замин ва баробари ба кӯҳ баромадан васеъ шудани хати уфуқро мушоҳида намуда, курашаклии Заминро исбот кард.

Вақте ки курашаклии Замин исбот гардид, олими дигари Юнони Қадим Эратосфсн андозаи Заминро ҳисоб карда, харитаи нисбатан мукаммали оламро тартиб дод (нигаред ба атлас).

Ба андӯхти дониш дар бораи Замин олимони гузаштаи мо Абӯзубайди Балхӣ, Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунй низ саҳм гузоштанд. Ибни Сино курашаклни Заминро эътироф мекард. Аз сабаби он ки Замин кура аст, сатҳи оби рӯи он ҳам ба кура шабоҳат дорад, Бинобар ин мегӯяд Сино – дар об (баҳри кушод) киштиро… ибтидо сари бодбонаш намоён мешавад. Баъд садри киштӣ падидор (намоён) мегардад (расми 2). Аз олимони асри миёна Абӯрайҳони Берунӣ аввалин шуда андозаи бузургии мудавварии Заминро чен кард, ки он аз натиҷаи ченкунии замони мо 110 километр фарқ мекунаду халос. Абӯрайҳони Берунй аввалин бор дар Шарқ, эҳтимол дорад дар ҷаҳон низ, глобусе сохт, ки кутри (диаметр) он беш аз 5 метр буд. Ӯ барои тавсифи шакли Замин истилоҳи кура, кураи Заминро истифода намуд. Берунй дар Шарқи Мисна роҷеъ ба ҳаракати эҳтимолии Замин дар гирди Офтоб, яьне

системаи гелиосентрии Олам андеша ронда буд. Ӯ якс аз аввалин муҳаққнқони ҳодисаҳои геологӣ, маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад. Абӯзубайди Балхӣ 20 адад харита тартиб дода буд. Онҳоро баъдтар ҷамъбаст намуда, хамчун “Атласи исломй” ба табъ расонданд. Дар харитаи оламе, ки ӯ офаридааст, Замин ба шакли доира тасвир сфтааст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …