Главная / Гуногун / ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТҲОИ ПАХТА

ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТҲОИ ПАХТА

Вақте мо бо колхозҳо дар маблағгузории рӯёндани пахта ҳамкорӣ сар кардем, раисони хоҷагиҳо ба мо пешни- ҳодҳои аҷибу ғарибе мекарданд. Маблағгузорӣ тибқи нақшаи аз қабл мувофиқашуда анҷом мешуд, вале раисон ҳамеша кӯ- шиш мекарданд, ки аз нақша бештар маблағ бигиранд.

Ҳатто пешниҳод мекарданд, ки расман ба хоҷагӣ маблағи иловагӣ навишта, нимашро бидиҳем ва нимашро ба худамон бигирем. Вақте мо ба ин дархостҳои хилофи қарордод ҷавоби рад до- дем, раисони баъзе колхозҳо эътироз карданд, мегуфтанд, ки ширкатҳои дигар ба колхозҳои ҳампаймонашон маблағҳои аз нақша бештар медиҳанд ва ҳаққи худашонро мегиранд. Чун ин талабҳо такрор шуд, ман паи таҳқиқ рафтам.

Маълум шуд, ки пеш аз мо ин хоҷагиҳо бо ширкатҳои дигар бо ҳамин сабк кор мекардаанд. Маблағгузорӣ тарзе тарҳрезӣ шуда буд, ки дар ҳоли аз ҳар ҳектар 2 тон пахта чидан, ба хоҷагӣ ҳамагӣ панҷ – даҳ дарсад суд меовард. Додани маблағи иловагии дар нақша пешбининашуда, хатари барнагаштани қарзро боло мебурд.

tijorat-paxta

Мо бо яке аз ширкатҳои фючерсӣ додугирифт доштем ва аз ин сабаб бо масъулони ширкат вохӯрдан лозим меомад. Боре ман бо масъули таъминоти ин ширкат ба анборашон рафтам. Додугирифти ин масъул бо кормандони хоҷагиҳо, ки ман шоҳидаш будам, барои ман бисёр чизҳоро ошкор кард. Ӯ беистиҳола аз кормандони масъули таъминоти колхозҳо ришва мегирифт ва ба нақшаи таъминот нигоҳ накарда, ба онҳо бори иловагӣ медод. Ман ин масъаларо бо раиси он ширкат машва- рат кардам ва дидам, ки ӯ ин равишро қабул дорад ва худаш ҳам аз он истифода мекунад.

Ин кор як ҳамоқати маҳз буд, ӯ худаш аз ширкати худаш медуздид. Вақте ман эрод гирифтам, ки дар ҳоли маблағгузории беш аз нақша хатари барнагаштани қарз боло меравад, дидам, ки ӯ дар баргардондани қарз чан- дон масъулият эҳсос намекунад, дар байни раисони ширкат ва хоҷагиҳо зеҳнияте роиҷ буд, ки давлат ин маблағҳоро мебахшад. Баъдан дидам, ки ҳамин равиш дар аксари ширкатҳои фючерсӣ истифода мешуд. Аз сабаби ҳамин тарзи кор, аллакай хоҷагиҳо маблағҳои зиёд қарздор шуда буданд ва раисон аз рӯи мақоли «об ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб, чӣ сад», амал карда, даромади имрӯзаашонро авлотар медонистанд.

Ман бо раисони ширкатҳои фючерсӣ ошноӣ ва муносиба- ти хуб доштам, вале аз ҳақ наметавон гузашт, мутаассифона, бояд зикр кунам, ки онҳо дар ин марҳалаи ҳассос барои обо- донии соҳаи кишоварзӣ масъулиятшиносона амал накарданд. Мақсадашон гирифтани вомҳои бештар аз хориҷиён буд, зеро қисми ин маблағҳоро ба ҳар роҳу васила, аз ҷумла бо ёрии ра- исони колхозҳо азхуд мекарданд. Аз сабаби набудани назорат, молҳои заруриро, аз қабили нуриҳои минералӣ ва маводи сӯхт ба хоҷагиҳо бо нархи дучанд медоданд.

Кафолати аз сӯи Бонки миллӣ додашударо сӯистифода мекарданд, дар баргардондани қарз масъулият эҳсос намекарданд. Раисони ширкатҳо аксаран, шахсони тасодуфӣ буданд ва тасодуфан вориди низоми бузурги маблағгузорӣ шуда, дар сар бештар ҳавои шуҳрату савлат ва сарватғундории шахсӣ доштанд. Ман ин ҷо ду ҳикоят меорам, ки шахсият ва сатҳи фарҳанги сарони ширкатҳои маҳаллиро ба хонанда рӯшан мекунад.

Шаҳрҳои Аврупо барои роҳат зистани одам сохта шудаанд. Тамоми хадамоти лозима, аз қабили нақлиёту беҳдошт ва порку ресторану фурӯшгоҳҳо дар ин шаҳрҳо барои зиндагии ҳарчи роҳаттари шаҳрвандон ба таври шоён ташкил карда шудаанд. Аврупоиён бо дарки масъулият бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ, ки кораш хеле муназзам ба роҳ монда шудааст, истифода ме- кунанд, зеро нақлиёти ҷамъиятӣ бештар барқӣ буда, муҳити зистро олуда намекунад. Аз дучарха низ фаровон истифода мекунанд, ки аз як сӯ, барои саломатии худашон муфид бошад, аз сӯи дигар, ҳаворо олуда намекунад ва ба тозагии муҳити зист мусоид аст.

Боре, сарони ширкатҳои пахтафурӯши маҳаллӣ ба шаҳри Винтертури Свисс барои музокирот ба офиси ширкати Рейнҳарт рафтанд. Молики ширкат ҷаноби Пол Рейнҳарт бо дучарха ба кор омад.

Бардошти сарони ширкатҳо ҷолиб буд, ба ӯ лақаби «мурда» доданд. Мегуфтанд, хеле сахт аст ин Пол, бо ин ҳама дороӣ дилаш намешавад, як мошин харад барои худаш. Ҳол он ки ӯ садҳо миллион дороӣ дошта бошад ҳам, шахси фурӯтан буд, зиндагии сода дошт ва ҳар сол миллионҳо доллар кумакҳои хайрия мекард. Ба андешаи навкисагон, агар касе пулдор шавад, бояд бо такаббур ва пурҷило зиндагӣ кунад.

Боре баъд аз ҳамоиши тоҷирони пахта, ки дар Инглистон воқеъ шуда буд, дар шаҳри Ландан сайругашт ва тамошо мекар- дем. Роҳбалади мо Оксана аз ширкати «Данавант» буд. Калисои Вестминстерро тамошо карда, берун баромадем. Ин як бинои қадимии боҳашамат аст, ки деворҳояш бо тахтасангҳои бузурги хокиранг пӯшида шудаанд. Сангҳои девор аз сабаби иқлими рутубатнок пардае аз ҳарири мағор дошт. Биноҳои атрофаш низ ҳамин тавр бо салиқаи хоси инглисӣ тарроҳӣ ва кошинкорӣ шудаанд. Мурод, яке аз сарони ширкатҳои содироти пахта, ки низ ҳамроҳи мо буд, аз Оксана пурсид:

  • Ин инглисҳо хеле сахтанд, чаро ин деворҳоро, аққалан, ранг намекунанд?

Чашмони Оксана аз косахонааш берун заданд:

  • Мурод! – бо ҳайрату тааҷҷуб гуфта тавонист ӯ.

Ман дидам, ки Оксана ҳарф намеёбад, ки таассуроташро баён кунад, латифаи он вақтҳо маъруфро нақл кардам, ки са- раввал каме тавзеҳ мехоҳад.

Солҳои навад, вақте ки соҳибкории хусусӣ иҷозат шуд, дар Русия аз ҳисоби шахсони авбош ва музофотӣ гурӯҳҳои ҷиноии зиёд пайдо шуданд, ки бо авбошиву зӯрӣ ва роҳҳои дигари ғайриқонунӣ сарват ҷамъ мекарданд. Халқи рус ба онҳо «руси нав» ном гузошта буд. Одатан «русҳои нав» одамони бемада- ният ва говзӯр буданд, ки сарвати зиёд ба даст оварда бошанд ҳам, донишу ахлоқи хуб надоштанд. Халқи рус дар бораи онҳо латифаҳои зиёд месохт.

Рӯзе «руси нав»-е бо писари хурдсолаш аз хиёбони Арбати Маскав, ки наққошон дар хиёбон нишаста, тасвири одамонро мекашанд, мегузашт. Писарак вақте наққошро дид, ки бодиққат тасвир мекашад, аз падараш пурсид:

  • Ӯ чӣ кор мекунад?

«Руси нав» ҷавоб дод:

  • Барои дурбини суратгирӣ харидан пул надорад, маҷбур бо дастонаш тасвир мекашад.

Оксана бо ризоят сар ҷунбонд. Мурод, ки аз ҷинси «руси нав» буд, ҳамчунон бо шавқ дар бораи биноҳои шишагӣ ва ҷилодори Дубай нақл мекард. Ӯро мешавад «тоҷики нав» ун- вон кард.

Ҳамин буд сатҳи фарҳангу ҷаҳонбинии раисони аксари ширкатҳои фючерсӣ. Мутаассифона, дар натиҷаи ҳарҷу марҷи дар кишвар иттифоқ афтода, дар аксари соҳаҳо шахсони та- содуфӣ ба роҳбарӣ расида буданд.

Ростӣ, он солҳо дар силсилаи маблағгузории пахта дуздӣ аз таҳ то боло сурат мегирифт, вале раисони ширкатҳои маҳаллӣ нақши харобкори бештаре доштанд. Дар ҳоли масъулияти бештар эҳсос кардани онҳо ин соҳа метавонист судовар шавад ва нақши «локомотив»-ро дар иқтисоди кишвар иҷро кунад.

Ман, ки риояи инсофу ҳалолхӯриро дар тиҷорат сармаш- қи кори худ қарор дода будам, бо ин тарзи тафаккур ва маб- лағгузорӣ комилан мухолиф будам ва аз ин сабаб бо раисони колхозҳое, ки мақсади ободкорӣ доштанд, суҳбат карда, онҳоро бовар кунондам, ки оқибати ин кор хуб нест. Аз ҳамкорӣ бо колхозҳое, ки ба низоми фасод одат карда буданд, даст каши- дам. Ва дар маблағгузорӣ сарфаҷӯиро ба роҳ мондам. Бо кам- тарин ҳазина ҳосилро мерӯёндем, ки ин тарзи кор дар ниҳоят ба хоҷагиҳо даромади бештаре медод. Дар давоми се-чор сол хоҷагиҳо тавонистанд, ки қарзҳои моро баргардонанд ва худ- кифо шаванд. Масалан, вақте мо бо хоҷагии 50-солагии СССР аз ноҳияи Қубодиён қарордод бастем, аъзояш аз Афғонистон баргашта буданд ва хоҷагӣ дар ҳоли бад қарор дошт. Порки тракторҳо ва анборҳояш комилан ғорат шуда буданд. Дар даво- ми се-чор сол ин хоҷагӣ ба пуррагӣ барқарор ва худкифо шуд.

Раҳим ном зодаи деҳаи Ғӯйтани дараи Киштӯдро солҳои 60, баъд аз хатми донишгоҳ барои муаллимӣ, бо роҳхат ба ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа фиристода будаанд. Ӯ ҳамон ҷо хонаву дар карда, оиладор шуда будааст. Вақти ҷанги шаҳрвандӣ ӯ гуреза шуда, ба зодгоҳаш баргашт. Писа- ри ӯ Зокирҷон ронандаи мошини боркаш ва дӯсти бародари калониям Абдунаим, дар ширкати мо ронандагӣ мекард. Рӯзе Зокирҷон тағобачааш Абдулмӯминро аз ноҳияи Фархор ба назди ман овард. Абдулмӯмин мехост дар ширкати мо ҳамчун нигаҳбон ба кор дарояд.

Дар суҳбат бо ӯ ман донистам, ки ӯ фарди боғайрат ва қобил аст. Он замон қарори ҳукумат дар бораи ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кардани колхозҳо баромада буд. Ман ба ӯ моҳияти ин қарорро фаҳмонда, хоҳиш кардам, ки рафта замин гирад ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил намояд. Ӯ хоҷагии деҳқонии «Сомониён» ташкил карда, аз сифр оғоз кард. Ман хоҷагии ӯро бо маблағ таъмин карда, ба ӯ роҳҳои сарфакорӣ дар рӯёндани пахтаро нишон медодам. Ӯ худаш, ки қобил буд, ҷузъиёти пахтакориро хеле зуд ва ба таври ҳасана ёд гирифт. Ҳамин тавр, хоҷагии деҳқонии Сомониёни ноҳияи Фархор низ вақте бо мо қарордод баст, аз сифр шурӯъ кард ва дар давоми муддати мазкур соҳиби киштзори обод ва фермаи гову аспу рамаҳои гӯсфанд шуд.

Ҳамин тавр хоҷагиҳои ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Фархор, Рӯдакӣ ва ғайра, ки бо мо кор мекарданд, ҳама худкифо шу- данд дар ҳоле, ки қариб тамоми хоҷагиҳои дигари ҷумҳурӣ ба қарз ғӯтиданд ва дар ниҳоят давлат аз сабаби қарзи хориҷиро кафолат додан, маҷбур шуд пардохти ним миллиард долларро ба дӯш гирад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

korea

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро …