Главная / Гуногун / ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТХОИ ПАХТА

ТАРЗИ КОРИ ШИРКАТХОИ ПАХТА

Вакте мо бо колхозхо дар маблаггузории руёндани пахта хамкори сар кардем, раисони хочагихо ба мо пешни- ходхои ачибу гарибе мекарданд. Маблаггузори тибки накшаи аз кабл мувофикашуда анчом мешуд, вале раисон хамеша ку- шиш мекарданд, ки аз накша бештар маблаг бигиранд.

Хатто пешниход мекарданд, ки расман ба хочаги маблаги иловаги навишта, нимашро бидихем ва нимашро ба худамон бигирем. Вакте мо ба ин дархостхои хилофи карордод чавоби рад до- дем, раисони баъзе колхозхо эътироз карданд, мегуфтанд, ки ширкатхои дигар ба колхозхои хампаймонашон маблагхои аз накша бештар медиханд ва хакки худашонро мегиранд. Чун ин талабхо такрор шуд, ман паи тахкик рафтам.

Маълум шуд, ки пеш аз мо ин хочагихо бо ширкатхои дигар бо хамин сабк кор мекардаанд. Маблаггузори тарзе тархрези шуда буд, ки дар холи аз хар хектар 2 тон пахта чидан, ба хочаги хамаги панч – дах дарсад суд меовард. Додани маблаги иловагии дар накша пешбининашуда, хатари барнагаштани карзро боло мебурд.

tijorat-paxta

Мо бо яке аз ширкатхои фючерси додугирифт доштем ва аз ин сабаб бо масъулони ширкат вохурдан лозим меомад. Боре ман бо масъули таъминоти ин ширкат ба анборашон рафтам. Додугирифти ин масъул бо кормандони хочагихо, ки ман шохидаш будам, барои ман бисёр чизхоро ошкор кард. У беистихола аз кормандони масъули таъминоти колхозхо ришва мегирифт ва ба накшаи таъминот нигох накарда, ба онхо бори иловаги медод. Ман ин масъаларо бо раиси он ширкат машва- рат кардам ва дидам, ки у ин равишро кабул дорад ва худаш хам аз он истифода мекунад.

Ин кор як хамокати махз буд, у худаш аз ширкати худаш медуздид. Вакте ман эрод гирифтам, ки дар холи маблаггузории беш аз накша хатари барнагаштани карз боло меравад, дидам, ки у дар баргардондани карз чан- дон масъулият эхсос намекунад, дар байни раисони ширкат ва хочагихо зехнияте роич буд, ки давлат ин маблагхоро мебахшад. Баъдан дидам, ки хамин равиш дар аксари ширкатхои фючерси истифода мешуд. Аз сабаби хамин тарзи кор, аллакай хочагихо маблагхои зиёд карздор шуда буданд ва раисон аз руи маколи «об ки аз сар гузашт, чи як вачаб, чи сад», амал карда, даромади имрузаашонро авлотар медонистанд.

Ман бо раисони ширкатхои фючерси ошнои ва муносиба- ти хуб доштам, вале аз хак наметавон гузашт, мутаассифона, бояд зикр кунам, ки онхо дар ин мархалаи хассос барои обо- донии сохаи кишоварзи масъулиятшиносона амал накарданд. Максадашон гирифтани вомхои бештар аз хоричиён буд, зеро кисми ин маблагхоро ба хар роху васила, аз чумла бо ёрии ра- исони колхозхо азхуд мекарданд. Аз сабаби набудани назорат, молхои заруриро, аз кабили нурихои минерали ва маводи сухт ба хочагихо бо нархи дучанд медоданд.

Кафолати аз суи Бонки милли додашударо суистифода мекарданд, дар баргардондани карз масъулият эхсос намекарданд. Раисони ширкатхо аксаран, шахсони тасодуфи буданд ва тасодуфан вориди низоми бузурги маблаггузори шуда, дар сар бештар хавои шухрату савлат ва сарватгундории шахси доштанд. Ман ин чо ду хикоят меорам, ки шахсият ва сатхи фарханги сарони ширкатхои махаллиро ба хонанда рушан мекунад.

Шахрхои Аврупо барои рохат зистани одам сохта шудаанд. Тамоми хадамоти лозима, аз кабили наклиёту бехдошт ва порку ресторану фурушгоххо дар ин шахрхо барои зиндагии харчи рохаттари шахрвандон ба таври шоён ташкил карда шудаанд. Аврупоиён бо дарки масъулият бештар аз наклиёти чамъияти, ки кораш хеле муназзам ба рох монда шудааст, истифода ме- кунанд, зеро наклиёти чамъияти бештар барки буда, мухити зистро олуда намекунад. Аз дучарха низ фаровон истифода мекунанд, ки аз як су, барои саломатии худашон муфид бошад, аз суи дигар, хаворо олуда намекунад ва ба тозагии мухити зист мусоид аст.

Боре, сарони ширкатхои пахтафуруши махалли ба шахри Винтертури Свисс барои музокирот ба офиси ширкати Рейнхарт рафтанд. Молики ширкат чаноби Пол Рейнхарт бо дучарха ба кор омад.

Бардошти сарони ширкатхо чолиб буд, ба у лакаби «мурда» доданд. Мегуфтанд, хеле сахт аст ин Пол, бо ин хама дорои дилаш намешавад, як мошин харад барои худаш. Хол он ки у садхо миллион дорои дошта бошад хам, шахси фурутан буд, зиндагии сода дошт ва хар сол миллионхо доллар кумакхои хайрия мекард. Ба андешаи навкисагон, агар касе пулдор шавад, бояд бо такаббур ва пурчило зиндаги кунад.

Боре баъд аз хамоиши точирони пахта, ки дар Инглистон вокеъ шуда буд, дар шахри Ландан сайругашт ва тамошо мекар- дем. Рохбалади мо Оксана аз ширкати «Данавант» буд. Калисои Вестминстерро тамошо карда, берун баромадем. Ин як бинои кадимии бохашамат аст, ки деворхояш бо тахтасангхои бузурги хокиранг пушида шудаанд. Сангхои девор аз сабаби иклими рутубатнок пардае аз харири магор дошт. Бинохои атрофаш низ хамин тавр бо саликаи хоси инглиси таррохи ва кошинкори шудаанд. Мурод, яке аз сарони ширкатхои содироти пахта, ки низ хамрохи мо буд, аз Оксана пурсид:

  • Ин инглисхо хеле сахтанд, чаро ин деворхоро, аккалан, ранг намекунанд?

Чашмони Оксана аз косахонааш берун заданд:

  • Мурод! – бо хайрату тааччуб гуфта тавонист у.

Ман дидам, ки Оксана харф намеёбад, ки таассуроташро баён кунад, латифаи он вактхо маъруфро накл кардам, ки са- раввал каме тавзех мехохад.

Солхои навад, вакте ки сохибкории хусуси ичозат шуд, дар Русия аз хисоби шахсони авбош ва музофоти гуруххои чиноии зиёд пайдо шуданд, ки бо авбошиву зури ва роххои дигари гайриконуни сарват чамъ мекарданд. Халки рус ба онхо «руси нав» ном гузошта буд. Одатан «русхои нав» одамони бемада- ният ва говзур буданд, ки сарвати зиёд ба даст оварда бошанд хам, донишу ахлоки хуб надоштанд. Халки рус дар бораи онхо латифахои зиёд месохт.

Рузе «руси нав»-е бо писари хурдсолаш аз хиёбони Арбати Маскав, ки наккошон дар хиёбон нишаста, тасвири одамонро мекашанд, мегузашт. Писарак вакте наккошро дид, ки бодиккат тасвир мекашад, аз падараш пурсид:

  • У чи кор мекунад?

«Руси нав» чавоб дод:

  • Барои дурбини суратгири харидан пул надорад, мачбур бо дастонаш тасвир мекашад.

Оксана бо ризоят сар чунбонд. Мурод, ки аз чинси «руси нав» буд, хамчунон бо шавк дар бораи бинохои шишаги ва чилодори Дубай накл мекард. Уро мешавад «точики нав» ун- вон кард.

Хамин буд сатхи фархангу чахонбинии раисони аксари ширкатхои фючерси. Мутаассифона, дар натичаи харчу марчи дар кишвар иттифок афтода, дар аксари сохахо шахсони та- содуфи ба рохбари расида буданд.

Рости, он солхо дар силсилаи маблаггузории пахта дузди аз тах то боло сурат мегирифт, вале раисони ширкатхои махалли накши харобкори бештаре доштанд. Дар холи масъулияти бештар эхсос кардани онхо ин соха метавонист судовар шавад ва накши «локомотив»-ро дар иктисоди кишвар ичро кунад.

Ман, ки риояи инсофу халолхуриро дар тичорат сармаш- ки кори худ карор дода будам, бо ин тарзи тафаккур ва маб- лаггузори комилан мухолиф будам ва аз ин сабаб бо раисони колхозхое, ки максади ободкори доштанд, сухбат карда, онхоро бовар кунондам, ки окибати ин кор хуб нест. Аз хамкори бо колхозхое, ки ба низоми фасод одат карда буданд, даст каши- дам. Ва дар маблаггузори сарфачуиро ба рох мондам. Бо кам- тарин хазина хосилро меруёндем, ки ин тарзи кор дар нихоят ба хочагихо даромади бештаре медод. Дар давоми се-чор сол хочагихо тавонистанд, ки карзхои моро баргардонанд ва худ- кифо шаванд. Масалан, вакте мо бо хочагии 50-солагии СССР аз нохияи Кубодиён карордод бастем, аъзояш аз Афгонистон баргашта буданд ва хочаги дар холи бад карор дошт. Порки тракторхо ва анборхояш комилан горат шуда буданд. Дар даво- ми се-чор сол ин хочаги ба пурраги баркарор ва худкифо шуд.

Рахим ном зодаи дехаи Гуйтани дараи Киштудро солхои 60, баъд аз хатми донишгох барои муаллими, бо роххат ба нохияи Бохтари вилояти Кургонтеппа фиристода будаанд. У хамон чо хонаву дар карда, оиладор шуда будааст. Вакти чанги шахрванди у гуреза шуда, ба зодгохаш баргашт. Писа- ри у Зокирчон ронандаи мошини боркаш ва дусти бародари калониям Абдунаим, дар ширкати мо ронандаги мекард. Рузе Зокирчон тагобачааш Абдулмуминро аз нохияи Фархор ба назди ман овард. Абдулмумин мехост дар ширкати мо хамчун нигахбон ба кор дарояд.

Дар сухбат бо у ман донистам, ки у фарди богайрат ва кобил аст. Он замон карори хукумат дар бораи ба хочагихои дехкони таксим кардани колхозхо баромада буд. Ман ба у мохияти ин карорро фахмонда, хохиш кардам, ки рафта замин гирад ва хочагии дехкони ташкил намояд. У хочагии дехконии «Сомониён» ташкил карда, аз сифр огоз кард. Ман хочагии уро бо маблаг таъмин карда, ба у роххои сарфакори дар руёндани пахтаро нишон медодам. У худаш, ки кобил буд, чузъиёти пахтакориро хеле зуд ва ба таври хасана ёд гирифт. Хамин тавр, хочагии дехконии Сомониёни нохияи Фархор низ вакте бо мо карордод баст, аз сифр шуруъ кард ва дар давоми муддати мазкур сохиби киштзори обод ва фермаи гову аспу рамахои гусфанд шуд.

Хамин тавр хочагихои нохияхои Ёвон, Кубодиён, Фархор, Рудаки ва гайра, ки бо мо кор мекарданд, хама худкифо шу- данд дар холе, ки кариб тамоми хочагихои дигари чумхури ба карз гутиданд ва дар нихоят давлат аз сабаби карзи хоричиро кафолат додан, мачбур шуд пардохти ним миллиард долларро ба душ гирад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …