Главная / Илм / ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ китоби дарсй барон синфи 5

ТАЪРИХИ ДУНЁИ ҚАДИМ китоби дарсй барон синфи 5

Шумо дер боз интизори омӯхтани фанни таърих будед. Инак, он рӯз ҳам фаро расид. Ин фанро акнун аз ҳамин соли таҳсил cap карда, то хатми мактаб мунтазам меомӯзед.

Шумо аллакай оид ба таърих дониш доред. Онро ҳангоми таҳсил дар мактаби ибтидоӣ ва аз хондани китобҳои гуногун, маҷаллаю рӯзномаҳо, шунидани радио, тамошои телевизион ва кино, накли волидон ва калонсолони дигар ҳосил кардаед. Вале ин дониши шумо аз таърих ҳанӯз кам буда, талаботи Шуморо пурра қонеъ карда наметавонад. Омӯзиши пай дар пайи фанни таърих ин камбудиро ислоҳ хоҳад кард.

tarix-5

Калимаи “таърих” маънии “ҳаёти гузаштаи инсон” ва “воқеаю ҳодисаҳои гузашта”-ро дорад. Таърих илмест, ки маҷмӯи воқеаю ҳодисаҳои замони гузаштаро меомӯзад, илмест, ки дар бораи ҷомеаи инсонй аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо баҳс мекунад. Он, аз ҷумла, сохти давлатӣ ва усули давлатдорӣ, фаъолияти хоҷагӣ, тиҷорат ва маданияти халқу давлатҳои қадим, макон ва замони рӯй додани ҳодисаю воқеаҳои гузаштаро инъикос менамояд.

Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шохаи таърих таълим дода мешавад – таърихи умумӣ ва таърихи халқи тоҷик. Таърихи умумӣ таърихи замонҳои гузашта ва муосири ҷаҳон ва таърихи халқи тоҷик бошад, таърихи замонҳои гузашта ва муосири халқҳои Тоҷикистонро дар бар гирифтааст.

Китоберо, ки дар даст доред, таърихи умумӣ – дунёи қадим номдошта, таърихи ҷаҳонро аз замонҳои хеле дур аз мо – аз асри санг ва Мисри қадиму Бобул cap карда, то Ҳиндустону Чин, Юнону Бохтар, Порт, Селевкиёну Кушони Бузург ва Риму Америкаи қадимро дар бар мегирад. Омӯзиши таърихи ин давлатҳо дар пеши назари Шумо саҳифаҳои пур аз ходисаю воқеаҳои аҷоибу ғароиб ва муҳимми таърихиро ҷилвагар месозад.

Оё Шумо медонед, ки таърихи аз замонҳои мо садҳо ва ҳатто ҳазорҳо сол пештар чӣ гуна ва ба воситаи чиҳо то ба имрӯз омада расидааст? Китоби дарсии таърихи умумӣ – дунёи қадим дар ин бора ба Шумо маълумот медиҳад.

Агар касе чизеро ҷое ба муддати якчанд рӯз ба ҳоли худ гузорад, пас мебинад, ки дар ин муддат болои онро қабати тунуки чангу ғубор пӯшондааст. Шумо худатон ин далелро бо осонӣ санҷида, боварӣ ҳосил хоҳед кард, ки он воқеан дуруст будааст. Дар тӯли замонҳои дуру дароз қабати ғафси хок, ки аз ҳамон қабатҳои чангу ғубор иборат аст, ашёҳо, олоти меҳнат, қасру биноҳои истиқоматӣ, ҳайкалҳо, тангаҳо, дастхату кати баҳоро пӯшонида, дар болои онҳо ҳатто алафу дарахтон сабзида, шаҳру деҳаҳо бунёд гардидаанд. Аз ҳамин сабаб, осори зиндагии одамони қадим асосан дар зери замин мондааст.

Як қисми ками таърихи дунёи қадим то ба мо тавассути сарчашмаҳои хаттӣ омада расидааст. Лекин имконияти васеътару пурратар омӯхтани онҳо вуҷуд дорад. Бо ин мақсад, олимон дар харобаҳои биноҳо, қасрҳо, мақбараҳо, шаҳрҳои замони қадим ҳафриёт, яъне кофтукоб мегузаронанд.

Олимонро, ки ёдгориҳои таърихии гузаштаи дур, аз он чумла, дунёи қадимро меомӯзанд, “бостоншинос” (“археолог”) ва худи ин шохаи илми таърихро “бостоншиносӣ” (“археология”) меноманд. Ин қабил олимон, махсусан, барои таърихи дунёи қадим маводи басо муҳим пайдо мекунанд.

Ашёҳо ва ёдгориҳои пайдокардаи таърихи қадим баъд аз омӯзиши ҳаматарафаи олимони бостоншинос барои намоиш дар осорхонаҳои таърих ҷой дода мешаванд, то ки мардум аз он ҷумла, наели наврас, ба таърихи гузаштаи халқи худ ва халқҳои дигари ҷаҳон шинос шаванд, онро хуб омӯзанд ва гиромй доранд. Охир, шахсе, ки таърихи замони гузаштаро намедонад, ҳаргиз одами бомаърифату бофарҳанг буда наметавонад ва ба қадри халқу ватани худ намерасад. Аз ин рӯ, донистани таърих барои ҳар як шаҳрвавди хурду калони кишвар зарур ва муҳим аст.

Барои осонтар шудани омӯзиши таърихи дунёи кадим китоби дарсии мазкур ба бобҳо, мавзӯъҳо ва мавзӯъчаҳои алоҳида тақсим карда шудаааст. Аксу суратҳои китоб мазмуни маводи таълимиро барои Шумо боз ҳам пурратару равшантар мегардонанд.

Дар охири ҳар як мавзӯъ барои санҷиши мустақилона ва сайқал додани дониши Шумо саволу супоришҳо пешниҳод карда шудаанд. Шумо метавонед аз онҳо самаранок истифода баред.

Дар охир ба Шумо, хонандагони арҷманд, дар омӯзиши таърихи дунёи қадим барор ва илҳом мехоҳам.

МУНДАРИҶА

Муқаддима…………………………………………………………………………………. 3

БОБИ I. АСРИ САНГ

  • 1-2. Ҳаёти одамони қадимтарин………………………………………….. 5
  • 3. Машғулияти одамонн ибтидоӣ………………………………………… 13
  • 4. Барҳамхӯрии ҷамоати ибтидоӣ………………………………………… 16

БОБИ II. СОЛШУМОРӢ ДЛР ТАЪРИХ

  • 5-6. Солшумориҳо ва тақвимҳо…………………………………………….. 19

БОБИ III. МИСРИ ҚАДИМ

  • 7. Табиат ва аҳолии Мисри қадим……………………………………….. 24
  • 8. Ба вуҷуд омадани давлат дар Мисри қадим …………………… 28
  • 9. Шоҳигарии қадим дар Миср…………………………………………….. 32
  • 10. Шоҳигарии миёнаи Миср ……………………………………………….. 37
  • 11-12. Шоҳигарии нави Миср………………………………………………… 41
  • 13. Мисри қадим…………………………………………………………………….. 48
  • 14-15. Хат, маориф ва илми Мисри қадим ………………………….. 51
  • 16. Эътиқодҳои динии мисри қадим…………………………………… 56
  • 17. Адабиёти Мисри қадим…………………………………………………… 60
  • 18. Саньати Мисри қадим……………………………………………………… 63

БОБИ IV. ОСИЁИ ҒАРБӢ ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ

  • 19. Байнаннаҳранни Ҷанубӣ………………………………………………….. 67
  • 20. Давлатҳои Сумер ва Аккад………………………………………………. 71
  • 21. Давлатхои Бобул ва Ошур……………………………………………….. 74
  • 22. Маданияти Бобул ва Ошур……………………………………………… 78
  • 23. Давлати Хеттҳо………………………………………………………………….. 84
  • 24. Давлати Урарту ……………………………………………………………….. 88
  • 25. Давлатхои Сурия. Финикия ва Фаластин………………………. 91

ЬОЫ1 V. ДЛВЛА Г\ОП ФОРСИЗЛБОНИ ҚЛДИМ

  • 26 Дашкин Элом……………………………………………………………………. 97
  • 27. Давлати Модҳо…………………………………………………. 100
  • 28. Давлати Ҳахоманнишин……………………………………………….. 103
  • 29-30. Дашкии Бохтар. (Хоразм)………………………………………… 107

ЬОЫI VI. ХИНДУСТОНИ КУТИМ

  • 31. Хиидуетони тамони Хараппа……………………………………….. 114
  • 32. Хиндуориён……………………………………………………………………. 117
  • 33. Даши» ХОН Ҳиндустон …………………………………………………… 121
  • 34. Маданняти Ҳиндустон…………………………………………………… 124

БОБИ VII. ЧИНИ ҚЛДНМ

  • 35. Ташкилёбии давлати Чини қадим………………………………. 127
  • 36. Чин дар замони ҳукумронии Син………………………………….. 131
  • 37. Чин дар давран империяи Хон ……………………………………. 135
  • 38. Мадаинятн Чини қадим………………………………………………… 139

БОБИ VII. ЮНОНИ ҚАДИМ

  • 39. Давлатҳои аввалини Юнони қадим ……………………………. 145
  • 40-41. Достонҳои Хомер………………………………………………………. 151
  • 42. Давлати Афина………………………………………………………………. 156
  • 43. Давлати Спарта …………………………………………………………….. 161
  • 44. Шаҳр-давлати Юнон …………………………………………………….. 166
  • 45-46. Ҷангҳои Юнону Форс……………………………………………….. 169
  • 47. Демократяи Афина……………………………………………………….. 174
  • 48. Хат, мактаб ва дини Юнони қадим………………………………… .177
  • 49. Илми Юнони қадим………………………………………………………. 181
  • 50. Адабиёт. Театр ва Бозиҳои Олимпии Юнони қадим……… 184
  • 51.Саньати Юнони қадим…………………………………………………… 188

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Расми.4. Подай одамоп идтидои рангами шикор.

ТАШЛККУЛИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ.

Одамони ибтидоӣ мунтазам инкишоф ва ташаккул меёфтанд. Ин раванд хеле дуру дароз – садҳо ҳазор …