Главная / Илм / ТАЪРИХИ ДУНЁИ КАДИМ китоби дарсй барон синфи 5

ТАЪРИХИ ДУНЁИ КАДИМ китоби дарсй барон синфи 5

Шумо дер боз интизори омухтани фанни таърих будед. Инак, он руз хам фаро расид. Ин фанро акнун аз хамин соли тахсил cap карда, то хатми мактаб мунтазам меомузед.

Шумо аллакай оид ба таърих дониш доред. Онро хангоми тахсил дар мактаби ибтидои ва аз хондани китобхои гуногун, мачаллаю рузномахо, шунидани радио, тамошои телевизион ва кино, накли волидон ва калонсолони дигар хосил кардаед. Вале ин дониши шумо аз таърих хануз кам буда, талаботи Шуморо пурра конеъ карда наметавонад. Омузиши пай дар пайи фанни таърих ин камбудиро ислох хохад кард.

tarix-5

Калимаи “таърих” маънии “хаёти гузаштаи инсон” ва “вокеаю ходисахои гузашта”-ро дорад. Таърих илмест, ки мачмуи вокеаю ходисахои замони гузаштаро меомузад, илмест, ки дар бораи чомеаи инсонй аз замонхои кадимтарин то рузхои мо бахс мекунад. Он, аз чумла, сохти давлати ва усули давлатдори, фаъолияти хочаги, тичорат ва маданияти халку давлатхои кадим, макон ва замони руй додани ходисаю вокеахои гузаштаро инъикос менамояд.

Дар мактабхои тахсилоти хамагони ва миёнаи Чумхурии Точикистон ду шохаи таърих таълим дода мешавад – таърихи умуми ва таърихи халки точик. Таърихи умуми таърихи замонхои гузашта ва муосири чахон ва таърихи халки точик бошад, таърихи замонхои гузашта ва муосири халкхои Точикистонро дар бар гирифтааст.

Китоберо, ки дар даст доред, таърихи умуми – дунёи кадим номдошта, таърихи чахонро аз замонхои хеле дур аз мо – аз асри санг ва Мисри кадиму Бобул cap карда, то Хиндустону Чин, Юнону Бохтар, Порт, Селевкиёну Кушони Бузург ва Риму Америкаи кадимро дар бар мегирад. Омузиши таърихи ин давлатхо дар пеши назари Шумо сахифахои пур аз ходисаю вокеахои ачоибу гароиб ва мухимми таърихиро чилвагар месозад.

Оё Шумо медонед, ки таърихи аз замонхои мо садхо ва хатто хазорхо сол пештар чи гуна ва ба воситаи чихо то ба имруз омада расидааст? Китоби дарсии таърихи умуми – дунёи кадим дар ин бора ба Шумо маълумот медихад.

Агар касе чизеро чое ба муддати якчанд руз ба холи худ гузорад, пас мебинад, ки дар ин муддат болои онро кабати тунуки чангу губор пушондааст. Шумо худатон ин далелро бо осони санчида, бовари хосил хохед кард, ки он вокеан дуруст будааст. Дар тули замонхои дуру дароз кабати гафси хок, ки аз хамон кабатхои чангу губор иборат аст, ашёхо, олоти мехнат, касру бинохои истикомати, хайкалхо, тангахо, дастхату кати бахоро пушонида, дар болои онхо хатто алафу дарахтон сабзида, шахру дехахо бунёд гардидаанд. Аз хамин сабаб, осори зиндагии одамони кадим асосан дар зери замин мондааст.

Як кисми ками таърихи дунёи кадим то ба мо тавассути сарчашмахои хатти омада расидааст. Лекин имконияти васеътару пурратар омухтани онхо вучуд дорад. Бо ин максад, олимон дар харобахои бинохо, касрхо, макбарахо, шахрхои замони кадим хафриёт, яъне кофтукоб мегузаронанд.

Олимонро, ки ёдгорихои таърихии гузаштаи дур, аз он чумла, дунёи кадимро меомузанд, “бостоншинос” (“археолог”) ва худи ин шохаи илми таърихро “бостоншиноси” (“археология”) меноманд. Ин кабил олимон, махсусан, барои таърихи дунёи кадим маводи басо мухим пайдо мекунанд.

Ашёхо ва ёдгорихои пайдокардаи таърихи кадим баъд аз омузиши хаматарафаи олимони бостоншинос барои намоиш дар осорхонахои таърих чой дода мешаванд, то ки мардум аз он чумла, наели наврас, ба таърихи гузаштаи халки худ ва халкхои дигари чахон шинос шаванд, онро хуб омузанд ва гиромй доранд. Охир, шахсе, ки таърихи замони гузаштаро намедонад, харгиз одами бомаърифату бофарханг буда наметавонад ва ба кадри халку ватани худ намерасад. Аз ин ру, донистани таърих барои хар як шахрвавди хурду калони кишвар зарур ва мухим аст.

Барои осонтар шудани омузиши таърихи дунёи кадим китоби дарсии мазкур ба бобхо, мавзуъхо ва мавзуъчахои алохида таксим карда шудаааст. Аксу суратхои китоб мазмуни маводи таълимиро барои Шумо боз хам пурратару равшантар мегардонанд.

Дар охири хар як мавзуъ барои санчиши мустакилона ва сайкал додани дониши Шумо саволу супоришхо пешниход карда шудаанд. Шумо метавонед аз онхо самаранок истифода баред.

Дар охир ба Шумо, хонандагони арчманд, дар омузиши таърихи дунёи кадим барор ва илхом мехохам.

МУНДАРИЧА

Мукаддима…………………………………………………………………………………. 3

БОБИ I. АСРИ САНГ

  • 1-2. Хаёти одамони кадимтарин………………………………………….. 5
  • 3. Машгулияти одамонн ибтидои………………………………………… 13
  • 4. Бархамхурии чамоати ибтидои………………………………………… 16

БОБИ II. СОЛШУМОРИ ДЛР ТАЪРИХ

  • 5-6. Солшуморихо ва таквимхо…………………………………………….. 19

БОБИ III. МИСРИ КАДИМ

  • 7. Табиат ва ахолии Мисри кадим……………………………………….. 24
  • 8. Ба вучуд омадани давлат дар Мисри кадим …………………… 28
  • 9. Шохигарии кадим дар Миср…………………………………………….. 32
  • 10. Шохигарии миёнаи Миср ……………………………………………….. 37
  • 11-12. Шохигарии нави Миср………………………………………………… 41
  • 13. Мисри кадим…………………………………………………………………….. 48
  • 14-15. Хат, маориф ва илми Мисри кадим ………………………….. 51
  • 16. Эътикодхои динии мисри кадим…………………………………… 56
  • 17. Адабиёти Мисри кадим…………………………………………………… 60
  • 18. Саньати Мисри кадим……………………………………………………… 63

БОБИ IV. ОСИЁИ ГАРБИ ДАР ЗАМОНИ КАДИМ

  • 19. Байнаннахранни Чануби………………………………………………….. 67
  • 20. Давлатхои Сумер ва Аккад………………………………………………. 71
  • 21. Давлатхои Бобул ва Ошур……………………………………………….. 74
  • 22. Маданияти Бобул ва Ошур……………………………………………… 78
  • 23. Давлати Хеттхо………………………………………………………………….. 84
  • 24. Давлати Урарту ……………………………………………………………….. 88
  • 25. Давлатхои Сурия. Финикия ва Фаластин………………………. 91

ЬОЫ1 V. ДЛВЛА Г\ОП ФОРСИЗЛБОНИ КЛДИМ

  • 26 Дашкин Элом……………………………………………………………………. 97
  • 27. Давлати Модхо…………………………………………………. 100
  • 28. Давлати Хахоманнишин……………………………………………….. 103
  • 29-30. Дашкии Бохтар. (Хоразм)………………………………………… 107

ЬОЫI VI. ХИНДУСТОНИ КУТИМ

  • 31. Хиидуетони тамони Хараппа……………………………………….. 114
  • 32. Хиндуориён……………………………………………………………………. 117
  • 33. Даши» ХОН Хиндустон …………………………………………………… 121
  • 34. Маданняти Хиндустон…………………………………………………… 124

БОБИ VII. ЧИНИ КЛДНМ

  • 35. Ташкилёбии давлати Чини кадим………………………………. 127
  • 36. Чин дар замони хукумронии Син………………………………….. 131
  • 37. Чин дар давран империяи Хон ……………………………………. 135
  • 38. Мадаинятн Чини кадим………………………………………………… 139

БОБИ VII. ЮНОНИ КАДИМ

  • 39. Давлатхои аввалини Юнони кадим ……………………………. 145
  • 40-41. Достонхои Хомер………………………………………………………. 151
  • 42. Давлати Афина………………………………………………………………. 156
  • 43. Давлати Спарта …………………………………………………………….. 161
  • 44. Шахр-давлати Юнон …………………………………………………….. 166
  • 45-46. Чангхои Юнону Форс……………………………………………….. 169
  • 47. Демократяи Афина……………………………………………………….. 174
  • 48. Хат, мактаб ва дини Юнони кадим………………………………… .177
  • 49. Илми Юнони кадим………………………………………………………. 181
  • 50. Адабиёт. Театр ва Бозихои Олимпии Юнони кадим……… 184
  • 51.Саньати Юнони кадим…………………………………………………… 188

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …