Главная / Гуногун / Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон

. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 нишондоди фавти кӯдакони синни то 1 сола 14,7 дар 1000 зиндатаваллуд (соли гузашта 16,3)-ро ташкил дод. Нишондоди фавти кӯдакони синни то 5 сола бошад, ба 18,0  (соли гузашта 20,5) дар 1000 зиндатаваллуд баробар гардид.

Хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва солимгардонии кӯдакони маъюб яке аз масъалаҳои мубрами соҳа мебошад.

medicinaБа 1 январи соли 2018 шумораи кӯдакони маъюб 25560 нафар ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 27043 нафар кӯдакони маъюб таҳти назорати диспансерӣ мебошанд.  Дар ин давра   2158 нафар кӯдакон аз муоинаи тиббию иҷтимоии мутахассисон гузаронида шуда,  934  нафар кӯдакони маъюб бо барномаҳои тавонбахшӣ фаро гирифта шуданд.

Дар доираи танзими фаъолияти хусусии тиббӣ, айни ҳол 661 адад муассисаҳои хусусии тиббӣ (356 адад шахсони ҳуқуқӣ бо 57 филиал ва 305 адад шахсони воқеӣ) фаъолият мекунанд.Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1586 нафар табибон, 1492 нафар кормандони миёнаи тиб ва 855 нафар кормандони ёрирасон, ҷамъ 3933 нафар кормандон кор ва фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 24 нафар мутахассисони бурунмарзӣ ба фаъолиятҳои гуногуни тиббӣ машғул мебошанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …