Главная / Ҷуғрофия / ТАБИАТ ВА АҚОЛИИ МАҲАЛИ ХУД

ТАБИАТ ВА АҚОЛИИ МАҲАЛИ ХУД

Табақаи географӣ ва табиатн маҳали худ. Дар ҷараёни омӯзиши географияи табий шумо фаҳмидед, ки кураи Замин аз қабатҳои литосфера ва биосфераю гидросфера иборат мебошад. Ин қабатҳо бо конуниятҳои хос инкишоф меёбанд. Қатъи назар аз фарқияти байни онҳо, дар байни он қабатҳо як алоқамандии умумӣ мавҷуд аст, ки он дар мубодилаи доимии модда ва энергия зоҳир мегардад (мисол оред). Маҳз ҳамин алоқамандии мутақобила қабатҳои кураи Заминро бо ҳам муттаҳид месозад, ки онро дар география табақаҳои географӣ меноманд.

Он дар тамоми фазои ишғолкардаи худ як хел нест, ба таври амудӣ ва уфуқӣ тағйир меёбад. Ин тағииротҳо ба қувваҳои дохилӣ ва берунии кураи Замин вобаста мебошанд (он қувваҳоро номбар кунед). Дар натиҷаи ба ҳам таъсиррасонии онҳо дар сатҳи Замин комплексҳои гуногуни калонтарин, калон ва хурдтарини каламравию табий ташаккул ёфтаанд, ки аз якдигар бо нисбатан як хел будани табиати худ фарқ мекунанд. Комплексхои табий қаламрави якҷинса нестанд. Онҳо аз қисмҳои таркибии зерин иборатанд: ҷинсҳои кӯҳӣ, ҳаво, об, наботот. ҳайвонот ва хок. Калонтарин комплекси табиӣ табақаи географӣ мебошад. Маҳали худ як қисми  хурдтарини табакаи географӣ аст.

mahali-xud

Бинобар ин барои амиқтар сарфаҳм рафтанн, алоқаи мутоқобилаи байни қабатҳои Замин (литосфсра), атмосфера, биосфера, гидросфера ва табақаи географӣ табиати маҳали худ, комплексҳои табиӣ ва қисмҳои таркибии онро ҳаматарафа омӯхтан зарур аст. Дар маҳал аз сабаби хурд ва маҳдуд будани масоҳат комплексҳои калонтарин, калон ва миёна дар пуррагӣ вонамехӯранд. Одатан комплексхои табиии маҳал як қисми хурди комплексҳои табиии дараҷаи баландтарин буда, дар системаи комплсксҳои табий зинаи поёнро ишғол менамоянд. Одатан онҳо аз водии дарё, қитъаи ҳамворй, суфаҳо ва дарёбод, адир, теппа, доманакӯҳ ва ғайра иборатанд (Муайян намоед, ки маҳали шумо дар худуди кадоме аз ин комплексҳои табий воқеъ гардндааст).

Шумо ҳангоми омӯхтани қабатҳои Замин ба литосфера ва қисми болои он – қишри Замин шинос шудед. Фаҳмидед, ки қишри Замин аз кадом намудҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ташкил ёфтааст. Акнун дониши азбаркардаатонро истифода бурда ба саволҳои зсрин ҷавоб диҳед:

  1. Дар қаламрави маҳали шумо кадом гурӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ вомехӯранд?
  1. Агар ҷинсҳои кӯуии маҳали шумо аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшин иборат бошанд, гӯед, ки оино ба кадом гурӯҳҳо ҷудо мешаванд ва чӣ тавр ҳосил шудаанд?
  2. Агар дар маҳали шумо ғайр аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшин боз ҷинсҳои кӯҳуии магматикӣ (фишондашуда) ва метаморфи тазйиқёфта) паҳн иуда бошанд, фарқият ва пайдоиши онҳоро шарҳ диҳуед.
  3. Агар дар харита шумо кони намак, ангишт, оҳаксанг, маъданҳо (оҳан ё металлҳои ранга ва нодир) ва ғаӣра мавҷуд бошанд, фаҳмонед, ки онҳо дар таркиби кадом гурӯҳи ҷинсҳои кӯҳӣ, чӣ тавр ҳосил шудаанб?

Акнун шумо медонед, ки қишри Замин (дар мисоли маҳали худатон) аз минералу ҷинсҳои кӯҳии зиёд таркиб ёфтааст. Онҳо дар зери таьсири қувваҳои дохилӣ ва берунии Замин ноҳамвориҳои сатҳи Заминро ба вуҷуд овардаанд, ки онро бо номи “шакл ва ё намудҳои асосии релефи сатҳи Замин” омӯхтед. Бигӯед, ки:

  1. Пайдоиши кӯҳҳо. адир ва теппаҳо ба кадом қувваҳо (дохилӣ ё берунӣ) вобаста аст?
  2. Дараҳо, ҳамвориҳо ва суфаи дарёҳою дарёбоди онҳо чӣ тавр пайдо шудаанд?
  3. Қабати ҷинсҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо ва ҳамвориҳо чӣ тавр хобидааид? Сабаби чунин хобидани ан ҷинсҳои кӯҳй дар чист?
  4. Кадом шаклҳои релефи маҳали шумо ба фаъолияти хоҷагии аҳолӣ бештар мусоидат мекуиад?

Ба шумо маълум аст, ки қабати оби Заминро гидросфера меноманд. Бояд амик фаҳмид, ки ҳама чашмаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, обҳои зермзаминй (aгap дар маҳали шумо мавҷуд бошанд), ки дар маҳали шумо вуҷуд доранд, як қисми қабати гидросфераи сатҳи кураи Замин мебошанд. Онро обҳои дохилӣ мегӯем. Онҳоро шумо ҳар рӯз мушоҳида мекунед. Пас бигуед, ки:

  1. Агар обҳои дохилии маҳали шумо қисми қабати гидросфераи Замин (юшад, он.уоро ба оч чӣ пайваст менамояд?
  2. Қабати гидросфери ба ду ҷудо мешавад. Фаҳмонед, ки обҳии дохилии .маҳали ту.мо ба кадо.м қис.ми он дохил мешаяанд?
  3. Пиряхҳо. чаишаҳо, дарёҳо. кӯлҳо, обҳои зеризамикии (агар дар .маҳал бошанд) маҳали шумо чӣ тавр ҳосил шудаанд?
  4. Обҳои дохилии маҳали шуморо ба кадом мақсадҳо истифода мебаранд?
  5. Обҳои дохилин маҳалатонро чӣ тавр муҳофизат мекунаид ва он чй аҳамият дорад?

Баъди қабати гидросфера шумо қабати атмосфераро омӯхтед. Фаҳмидед, ки он қабати аз ҳама болои кураи Замин буда, онро ҳамчун парда аз ҳама тараф иҳота кардааст. Он аз якчанд зерқабатхо иборат аст (Онҳоро номбар кунед). Одатан атмосфераро ҳаво меноманд. Аз ин ҷо ҳавое, ки маҳали шуморо фаро гирифтааст, як қисми атмосфераи болои Замин мебошад ва бо он пайваста ҳаракат мекунад. Тамоми тағйиротҳое, ки дар атмосфера ба амал меоянд, мувофиқи фаслҳои сол ба обу ҳавои маҳали шумо ҳам таъсир мерасонанд. Он дар тағйир ёфтани обу ҳавои маҳал зоҳир мешавад. Он тағйиротҳо даврагӣ ва ғайридаврагӣ мешаванд. Вобаста ба ин фаҳмонед:

  1. Тағйироти даврагии обу ҳаво ба чи вобаста aсm?
  2. Ноустувории шабонарузӣ ва мавсимии ҳарорат: намии ҳаво. абрнокӣ, боришдт, фишори атмосферй, бод ба чӣ вобаста аст?
  3. Тағйироти ғайридаврагӣ дар зери таъсири кадом омиилҳои табиӣ рух медиҳад?
  4. Маҳали шумо дар кадом минтақаҳои иқлимӣ воқеъ гардидааст?
  5. Хусусияти хоси фасли зимиспюн ва тобистони маҳали шуморо кадом омилҳо муайян мекунанд?
  6. Дар маҳали шумо хадом корхонаҳо ҳаворо бешпшр ифлое мекунанд ва барои пешгирии он чӣ кор кардан зарур аст?

Қабати охирини кураи Замннро биосфера ташкил медиҳад. Онро қабати ҳаст ҳам мегӯянд. Ҳудуди онро паҳншавии организмҳо муайян мекунад (Гӯед, ки онҳо  дар атмосфера то чӣ кадар баландӣ ва дар қишри Замин то чй қадар чуқурӣ паҳн гардидаанд). Қисми асосии онҳо дар сатҳи хушкӣ ҳаёт ба cap мебаранд. Наботот ва ҳайвоноте, ки дар маҳали шумо мавҷуданд, қисми ҷудонашавандаи қабати биосфераи кураи Замин мебошанд ва бо набототу ҳайвоноти ноҳияҳои ба маҳали шумо наздик алоқамандй доранд.

  1. Ин алоқамандӣ дар чӣ зоҳир мегардид?
  2. Дар маҳали шумо кадом намудҳои наботот ва ҳайвонот паҳн гардидаанд?
  3. Наботот ва ҳайвоноти ма.ҳали шумо ба кадом латтақаи табиӣ doxici мешаванд?
  4. Набототи маҳалро бо кадом мақсадҳо истифода мебаранд?
  5. Дар мп.ҳачи шумо кадом ҳайвоноти фоидаовар дида мешаванд?
  6. Ҳайвоноти зараррасони маҳам худро номбар кунед.
  7. Дар маҳали шумо барои нест нсииудани наботот аа ҳайвоноти ёбои чй гуна чораҳо андешида шудаанд?
  8. Шулю дар хонаи худ наботот ва ҳайвонот мепарваред ё не?

Ҳамаи қабатҳои Замин бо ҳам робитаи мутақобила доранд.

Ин робита бештардар ҷараёни хокҳосилшавӣ зохир мегардад:

  1. Ба хотир оред, ки дар ҷараёни бодхӯрдашавӣ кадом унсурҳои табиӣ иштирок мекунанд?
  2. Ҷинсҳои кӯҳии органикй чй тавр меилаванд?
  3. Ҷинсҳои майдаи куҳии дар напшуаи бодхӯрдашавӣ ҳоситиуда рег, гилро хок гуфтан мумкин аст ё не? Агар не. барои чӣ?
  4. Биосфера (оргинизмҳо) ба Хокҳосилшавӣ чй тавр таъсир мерасонад?
  5. Чй гуна унсури табииро хок меноманд? Он дар кадом қисми ссипҳи қишри Замин паҳн гардидааст?
  6. Дар маҳахи шумо кадом намудҳои хок паҳн гардидаанд?
  7. Он.ҳо баробарц аз сатҳи баҳр торафт баяанд шудани маҳал чӣ пщвр тағйир меёбанд?
  8. Дар маҳали шумо бештар дар заиинуои кадим намуди хок растанипарварӣ ривоҷ ёфтааст?
  9. Барои пешгирӣ намудани эрозияи хок (аз пюъсири обу бод) дар маҳали шумо чӣ гуна корҳо ба ҷо оварда мешаванд
  10. Ҳосилхезии хок ба чӣ вобаста аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …