Главная / Техника / Барои чӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд суғурта шаванд?

Барои чӣ ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд суғурта шаванд?

 Иқтибос аз кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Моддаи 124. Суғуртаи ҳатмии масъулияти молики ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм 

Суғурта карда ни масъулияти соҳиби ҳавопаймо дар назди шахсони сеюм барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломати ё молу мулки ашхоси сеюм ҳангоми истифодабарии ҳавопаймо расонида шудааст, ҳатми мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

samolet_1Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиациони дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта барои ҳар килограмми вазни ҳадди аксари парвозии ҳавопаймо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Ҳангоми иҷрои парвоз ва корҳои авиационии байналмилали дар фазои ҳавои давлатҳои хориҷи андозаи ҳадди ақали маблағи суғурта мутобиқи қонунҳои давлати дахлдори хориҷи муқаррар карда мешавад.

Моддаи 125. Суғуртаи ҳатмии ҳаёт ва саломатии аъзои Ҳайати ҳавопаймо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

Суғурта кардани ҳаёт ва саломатии аъзои Ҳайати ҳавопаймо ҳангоми аз тарафи онҳо иҷро карда шудани вазифаҳои хизмати ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблағи суғурта барои ҳар узви Ҳайати ҳавопаймо ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 126. Суғуртаи ҳатмии масъулияти интиқолдиҳанда дар назди мусофири ҳавопаймо

ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст, ки масъулиятро барои зарари ба ҳаёт ва саломатии мусофири ҳавопаймо расонидашуда, ҳамчунин барои зараре, ки ба бағоҷ ва ашёҳое ҳамроҳи мусофирбуда расонида шудааст, суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Маблағи суғурта барои ҳар як мусофири ҳавопаймо, ки дар шартномаи суғуртаи ҳаёт ва саломатии мусофир пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рўзи фурўши чипта муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи бағоҷ пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар килограмм вазни бағоҷ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Маблағи суғуртае, ки дар шартномаи суғуртаи ашёҳое ҳамроҳи мусофирбуда пешбини шудааст, ба андозаи на камтар аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425).

Ҳангоми иҷрои парвози байналмилали ҳавопаймо суғурта кардани масъулияти Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди мусофирони ҳавопаймо, аз ҷумла масъулият барои гумшави, камомад ё осеб дидааи (вайрон шудани) бағоҷ, ҳамчунин ашёҳое, ки ҳамроҳи мусофирон мебошанд ҳатми мебошад. Андозаи маблағи суғурта набояд аз андозаи дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ё қонунҳои давлати дахлдори хориҷи пешбинишуда камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 127. Суғуртаи ҳатмии масъулияти Ҳамлу нақлдиҳанда дар назди соҳиби бор ё борфиристанда

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 775)

ҳамлу нақлдиҳанда вазифадор аст масъулиятро дар назди соҳиби бор ё борфиристанда барои гумшави, камомад ё осеб дидани (вайрон шудани) бор ба маблағи суғуртае, ки андозаи он бояд на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи додани борнома барои ҳар килограмм вазни бор бошад, суғурта кунад (Қонуни ҶТ аз 06.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775).

Моддаи 128. Суғуртаи ҳатмии масъулияти истифодабаранда ҳангоми корҳои авиациони

Истифодабаранда вазифадор аст масъулияти худро барои зараре, ки бинобар иҷрои корҳои авиациони аз тарафи ў расонида шуданаш мумкин аст, суғурта кунад.

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …