Главная / Илм / ПАЙДОИШИ СИСТЕМАИ САЙЁРАҲО

ПАЙДОИШИ СИСТЕМАИ САЙЁРАҲО

Олимон тахмин мекунанд, ки абрнокӣ марҳилаи ташаккули галактика ё системаи ситораҳои азим аст. Аз рўи ин назарияҳо, сайёраҳо маҳсули иловагии пайдо шудани ситораҳо мебошанд. Чунин нуқтаи назарро бори аввал И.Кант дар асри ХVIII пешниҳод карда, минбаъд онро Д.Койпер, Д.Алвен ва Р.Камерон бо далелҳо тасдиқ намудаанд.

Ситораҳои нав дар дохили ғуборнокӣ дида мешаванд. Андозаи марзҳое, ки аз газу чанги байни ситораҳо ҷамъ шудаанд, чанд соли рўшноиро ташкил медиҳанд. Абрнокиро дар ҳама ҷои галактика дидан мумкин аст. Тахмин меравад, ки ситораҳо ва системаҳои дигари сайёраҳои ба онҳо алоқаманд дар дохили ҳамин материяи абрҳои азим ҳосил шудаанд.

Бо ёрии спектроскопия ошкор гаштааст, ки моддаҳои байниситорагӣ аз газҳои гидроген, гелий, неон ва заррачаҳои гарду чанге, ки андозаашон якчанд микрон аст, иборат мебошад. Таркиби онҳоро металлҳо ва элементҳои дигар ташкил медиҳанд. Аз сабаби ниҳоят паст будани ҳарорат (10- 20 К), ҳамаи моддаҳо, ба ғайр аз газҳои номбар шуда, дар ҳолати яхбаста дар заррачаҳои гарду чанг қарор доранд.

Элементҳои вазнинтар ва як миқдори гидроген аз ситораҳои пештар пайдошуда ба вуҷуд меоянд. Баъзе аз ин ситораҳо чун ситораи нав таркиш меёбад ва ба муҳити байни ситораҳо гидрогени боқимондаро баргардонида, қаъри онро бо элементҳои вазнинтар ғанӣ мегардонанд.

Миқдори газ дар фазои байни ситораҳо ҳамагӣ 0,1 атоми Н/см 3 мебошад. Дар абрнокӣ миқдори он тақрибан ба 1000 атоми Н/см 3 баробар аст, яъне 10000 маротиба зиёд мебо шад. Дар 1 см 3 ҳаво тахминан 2,7х1019 молекула мавҷуд аст.

Ҳангоме, ки зери таъсири ҷозиба (гравитатсия) дар натиҷаи тадриҷан такшин шудан ва часпидани газу чангҳои байни ситораҳо абри газу чанги азим ба вуҷуд меояд, вай ноустувор мегардад. Дар он мувозинати байни фишор ва қувваи ҷозиба халал меёбад. Қувваи ҷозиба бартарӣ дорад, аз ҳамин сабаб абрҳо фишурда мешаванд. Дар фазаҳои аввали фишурдашавӣ гармие, ки ҳини табдилёбии энергияи ҷозиба ба энергияи нурпошӣ хориҷ мешавад, абрро тарк мекунад, зеро

зичии нисбии модда кам аст. Баробари афзудани зичии модда тағйиротҳои нав ба вуҷуд меоянд. Бо сабаби ҷозиба ва ҳаводиси дигар (флуктуатсия) абри азим ба абрҳои хурдтар ҷудо мешавад, онҳо дар навбати худ порчаҳоеро ҳосил мекунанд, ки аз ҷиҳати масса ва андоза аз системаи офтобӣ чанд маротиба бузургтар мебошанд.

Чунин абрҳои ҷудошударо протоахтарон меноманд. Албатта, баъзе протоахтарон (ситораҳои пурра ташкил наёфта) аз системаи офтобӣ калонтар буда, ситораҳои калон ва гармтар ҳосил мекунанд. Протоахтарони хурдтар бошад, ситораҳои хурдтар ва сардтар ҳосил карда, нисбат ба ситораҳои калон ва гармтар суст инкишоф меёбанд. Бузургии протоахтарон маҳдуд аст, дар сурати аз он зиёд шудан, онҳо боз тақсим мегарданд; ҳадди поёни онҳоро ҳамон массаи ҳадди ақале муайян месозад, ки барои нигоҳ доштани реаксияи ҳастаӣ лозим аст.

Сараввал иқтидор (потенсиал)-и энергияи ҷозиба, ки ба гармӣ табдил меёбад (энергияи нурафшонӣ), дар рафти фишурдашавии ҷозиба хориҷ мешавад. Аммо баробари афзудани зичии модда вай энергияи нурафшониро бештар фурў мебарад ва дар натиҷа ҳарорат баланд мешавад. Нахустпайвастагиҳои сабуке, ки дар заррачаҳои чанг яхбастаанд, бухор мешаванд. Ба Н2, Не ва Nе чунин газҳо, масалан NH3,

СН4 буғи об ва НCN омехта мешаванд. Газҳо энергияи нурафшонии боқимондаро фурў бурда, диссотсиатсия ва дучори ҷудошавии ионҳо (ионизатсия) мегарданд. Ҳангоми пурра ионизатсия шудани молекулаҳо ҳарорат зуд баланд мешавад, (то вақти наздики ба итмом расидани фишурдашавӣ), зеро фишори газ қувваи кашишхўриро баробар мекунад. Ҳамин тавр, фазои тези фишурдашавии ҷозиба  (коллапс) ба итмом мерасад. Дар ҳамин давраи ташаккул протоахтарон ҷавобгўи системаи сайёраҳои мо буда, лаълиеро мемонанд, ки бо ғафсии марказ ва ҳарорати тахминан 1000К баробари мадори Муштарӣ (Юпитер) мебошанд.

Таҳаввули чунин лаълии протоахтарӣ давом карда, дар он дигаргунӣ ба амал меояд ва тадриҷан фишурда мешавад. Худи протоахтар бештар фишор ёфта, бузургтар ва гармтар мешавад, зеро гармӣ акнун фақат аз болои он ихроҷ шуда метавонад. Аз дохили протоахтарон ба рў баромадани ҳарорат тавассути ҷараёни конвексионӣ ба амал меояд.

Фазо аз сатҳи болои протоахтарон то масофае, ки баробари мадори Плутон аст, пур аз абри газу чанг мебошад. Дар рафти чандин маротиба фишурдашавии мураккаб, ки тахминан 10 млн. солро талаб мекунад, замони ҳаракати система бояд маҳфуз монад. Тамоми галактика чарх зада, дар 100 млн. сол як гардиш мекунад. Баробари фишурдашавии абрҳои гарду чанг вақти ҳаракати онҳо тағйир намеёбад; чӣ қадар онҳо зиёдтар фишурда шаванд, ҳамон қадар зудтар чарх мезананд. Бинобар нигоҳ доштани вақти ҳаракат абри чангмонанди фишорхўрдаи курашакл то ба

Эволютсияи газу чанги абрнокӣ ва ҳосил шудани лаълии протоахтарӣ  абри лаълишакл тағйир меёбад. Баробари фишурда шудани моддаҳои боқимондаи протоахтарон ҳарорати он барои оғози реаксияи якшавии атомҳои гидроген кофист. Дар натиҷаи реаксия энергияи зиёд ҷудо шуда, ҳарорат баланд мегардад, то ин ки қувваи ояндаи фишурдаи ҷозиба баробар шавад.

Сайёраҳо дар атрофи лаъличаи протоахтарӣ аз боқимондаи газ ва чанг ташкил ёфтаанд. Якҷояшавии чанги байни ситораҳо зери таъсири кашиш хўрии ҷозибагӣ ба ҳосил шудани ситораҳо ва сайёраҳо оварда мерасонад ва раванд тахминан 10 млн. солро дар бар мегирад (1-4). Ситораҳо дар системаи асосӣ (4) ҳамроҳ шуда, дар тўли тахминан 800 млн. сол дар ҳолати устувор мемонанд ва тадриҷан гидрогенро ҳосил мекунанд. Сипас, ситораҳо системаи асосиро тарк карда, то ба дараҷаи сурхӣ (5 ва 6) васеъ мешаванд ва ситораҳои хурдро дар бадали 100 млн. соли оянда “фурў” мебаранд. Баъди чанд ҳазор сол ба сифати ситораҳои тағйирёбанда набз задан (7), чун ситораи навтарин таркиш ёфта (8) билохира то дараҷаи резаи (паканаи) сафедранг фишурда мешавад (9).

Гарчанд сайёраҳо объектҳои азим ба ҳисоб мераванд, вале массаи умумии онҳо ҳамагӣ 0,135% массаи системаи офтобиро ташкил медиҳанд.

Сайёраи мо, ҳамчунин сайёраҳои дигар, ки дар кадом мавзеи лаъличаи протоахтарон ҳосил нашаванд, дар ду минтақаи асосӣ ҷой мегиранд. Минтақаи дохилӣ дар системаи офтобӣ аз Меркурий то камари астероидҳо паҳн буда, мин-

тақаи хурди сайёраҳои ба Замин монанд мебошанд. Дар ин ҷо, дар давраи суст фишурда шудани протоахтарон ҳарорат ба дараҷае баланд аст, ки металлҳо бухор мешаванд.

Минтақаи сарди беруна дорои буғи Н2О, газҳои Не, Nе ва заррачаҳои пўшидаи Н2О, NН3 ва СН4 аст. Минтақаи беруна нисбат ба минтақаи дохила моддаҳои зиёдтар дорад.

Зеро андозаи он калон аст ва бисёр моддаҳои сабуке, ки аввал дар минтақаи дарун буданд, дар натиҷаи фаъолияти протоахтарон берун тела дода мешаванд.

Яке аз роҳҳои тартиб додани акси таҳаввулоти ситораҳо ва муайян кардани синну соли онҳо таҳлили ҷудогонаи ситораҳо мебошад. Бо ин усул масофаи то ситораро чен карда, тавассути шуъои ба чашм аёни он ранги ҳар як ситораро муайян кардан мумкин аст.

Агар шуъои дидашаванда ва масофа то ситора маълум бошад, пас андозаи мутлақи ситораро ҳисоб кардан душворӣ надорад, чунки шуоъ нисбат ба масофаи он мутаносиби чап мебошад. Бузургии мутлақи ситора суръати хориҷ шудаи энергия аз мавқеи ситора то шахси мушоҳидакунанда мебошад.

Ранги ситора ҳарорати онро муайян мекунад: ранги кабуд ба ситораҳои ниҳоят тафсон, ранги сафед ба ситораҳои гарм, ранги сурх ба ситораҳои нисбатан сард тааллуқ дорад.

Дар расми 2.4 диаграммаи Гертсшпрунг-Рассел, ки аз фанни астрономия ба шумо шинос аст, нишон дода шудааст. Дар расм вобастагӣ байни бузургии мутлақи ситораҳо ва ранги онҳо барои бисёр ситораҳо нишон дода шудааст.

Азбаски ин диаграмма ситораҳои андоза ва синну солашон гуногунро дарбар мегирад, ба ситораҳое, ки таҳаввулоташон дар давраҳои гуногун қарор дорад, мувофиқ мебошад.

Бисёр ситораҳо дар қисми мустақими диаграма ҷой гирифтаанд: ситораҳо дар натиҷаи тадриҷан сўхтани гидрогени дар онҳо буда, фақат тағйирёбии мувозинатро аз сар мегузаронанд. Дар ин қисми диаграмма, ки низоми асосӣ

Ҳосилшавии системаи сайёраҳо ном дорад, ситораҳои массаашон калон ҳарорати баланд тарро соҳибанд. Дар онҳо реаксияи якҷояшавии атомҳои гидроген тез мегузарад ва умрашон кўтоҳ аст.

Ситораҳои массаашон нисбат ба офтоб хурд ҳарорати пасттар доранд. Дар онҳо якҷояшавии атомҳои гидроген суст гузашта, давомоти умрашон зиёд аст. Дар сурати тақрибан 10%-и захираи аввалаи гидрогени худро сарф кардани ягон ситораи системаи асосӣ, ҳаррорати он паст фаромада васеъшавӣ ба амал меояд. Тахмин меравад, ки ситораҳои азим «солхўрдаанд» ва қаблан ба ситораҳои системаи асосӣ тааллуқ доштанд. Дар вақти дақиқ муайн кардани синну соли ситораҳо чунин далелҳоро ба инобат гирифтан лозим аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки синну соли ягон ситораи галактикаи мо аз 1 млрду 100 млн. сол зиёд нест. Баъзе ситораҳои хурд низ ҳамин синну солро доранд.

Умри бисёр ситораҳои бузург аз ин ҳам камтар аст. Ситораи аз ҳама азим дар системаи асосӣ аз 1 млн. сол зиёд истода наметавонад. Офтоб ва дигар ситораҳои андозаашон ба он баробар, қабл аз он, ки ба дараҷаи ситораҳои азими сурх расанд, дар системаи асосӣ 10 млн. сол меистанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Реаксияи синтези ядроӣ чист? Мисол оред.
  2. Мувофиқи фарзияи Кант ва Лаплас системаи ситораҳо аз материяи газу чанг чӣ гуна ташкил меёбанд?
  3. Оё дар таркиби химиявии системаи ситораҳо ягон фарқият ҳаст?

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …