Главная / Илм / ПАЙДОИШИ СИСТЕМАИ САЙЁРАХО

ПАЙДОИШИ СИСТЕМАИ САЙЁРАХО

Олимон тахмин мекунанд, ки абрноки мархилаи ташаккули галактика ё системаи ситорахои азим аст. Аз руи ин назарияхо, сайёрахо махсули иловагии пайдо шудани ситорахо мебошанд. Чунин нуктаи назарро бори аввал И.Кант дар асри ХVIII пешниход карда, минбаъд онро Д.Койпер, Д.Алвен ва Р.Камерон бо далелхо тасдик намудаанд.

Ситорахои нав дар дохили губорноки дида мешаванд. Андозаи марзхое, ки аз газу чанги байни ситорахо чамъ шудаанд, чанд соли рушноиро ташкил медиханд. Абрнокиро дар хама чои галактика дидан мумкин аст. Тахмин меравад, ки ситорахо ва системахои дигари сайёрахои ба онхо алокаманд дар дохили хамин материяи абрхои азим хосил шудаанд.

Бо ёрии спектроскопия ошкор гаштааст, ки моддахои байниситораги аз газхои гидроген, гелий, неон ва заррачахои гарду чанге, ки андозаашон якчанд микрон аст, иборат мебошад. Таркиби онхоро металлхо ва элементхои дигар ташкил медиханд. Аз сабаби нихоят паст будани харорат (10- 20 К), хамаи моддахо, ба гайр аз газхои номбар шуда, дар холати яхбаста дар заррачахои гарду чанг карор доранд.

Элементхои вазнинтар ва як микдори гидроген аз ситорахои пештар пайдошуда ба вучуд меоянд. Баъзе аз ин ситорахо чун ситораи нав таркиш меёбад ва ба мухити байни ситорахо гидрогени бокимондаро баргардонида, каъри онро бо элементхои вазнинтар гани мегардонанд.

Микдори газ дар фазои байни ситорахо хамаги 0,1 атоми Н/см 3 мебошад. Дар абрноки микдори он такрибан ба 1000 атоми Н/см 3 баробар аст, яъне 10000 маротиба зиёд мебо шад. Дар 1 см 3 хаво тахминан 2,7х1019 молекула мавчуд аст.

Хангоме, ки зери таъсири чозиба (гравитатсия) дар натичаи тадричан такшин шудан ва часпидани газу чангхои байни ситорахо абри газу чанги азим ба вучуд меояд, вай ноустувор мегардад. Дар он мувозинати байни фишор ва кувваи чозиба халал меёбад. Кувваи чозиба бартари дорад, аз хамин сабаб абрхо фишурда мешаванд. Дар фазахои аввали фишурдашави гармие, ки хини табдилёбии энергияи чозиба ба энергияи нурпоши хорич мешавад, абрро тарк мекунад, зеро

зичии нисбии модда кам аст. Баробари афзудани зичии модда тагйиротхои нав ба вучуд меоянд. Бо сабаби чозиба ва хаводиси дигар (флуктуатсия) абри азим ба абрхои хурдтар чудо мешавад, онхо дар навбати худ порчахоеро хосил мекунанд, ки аз чихати масса ва андоза аз системаи офтоби чанд маротиба бузургтар мебошанд.

Чунин абрхои чудошударо протоахтарон меноманд. Албатта, баъзе протоахтарон (ситорахои пурра ташкил наёфта) аз системаи офтоби калонтар буда, ситорахои калон ва гармтар хосил мекунанд. Протоахтарони хурдтар бошад, ситорахои хурдтар ва сардтар хосил карда, нисбат ба ситорахои калон ва гармтар суст инкишоф меёбанд. Бузургии протоахтарон махдуд аст, дар сурати аз он зиёд шудан, онхо боз таксим мегарданд; хадди поёни онхоро хамон массаи хадди акале муайян месозад, ки барои нигох доштани реаксияи хастаи лозим аст.

Сараввал иктидор (потенсиал)-и энергияи чозиба, ки ба гарми табдил меёбад (энергияи нурафшони), дар рафти фишурдашавии чозиба хорич мешавад. Аммо баробари афзудани зичии модда вай энергияи нурафшониро бештар фуру мебарад ва дар натича харорат баланд мешавад. Нахустпайвастагихои сабуке, ки дар заррачахои чанг яхбастаанд, бухор мешаванд. Ба Н2, Не ва Nе чунин газхо, масалан NH3,

СН4 буги об ва НCN омехта мешаванд. Газхо энергияи нурафшонии бокимондаро фуру бурда, диссотсиатсия ва дучори чудошавии ионхо (ионизатсия) мегарданд. Хангоми пурра ионизатсия шудани молекулахо харорат зуд баланд мешавад, (то вакти наздики ба итмом расидани фишурдашави), зеро фишори газ кувваи кашишхуриро баробар мекунад. Хамин тавр, фазои тези фишурдашавии чозиба  (коллапс) ба итмом мерасад. Дар хамин давраи ташаккул протоахтарон чавобгуи системаи сайёрахои мо буда, лаълиеро мемонанд, ки бо гафсии марказ ва харорати тахминан 1000К баробари мадори Муштари (Юпитер) мебошанд.

Тахаввули чунин лаълии протоахтари давом карда, дар он дигаргуни ба амал меояд ва тадричан фишурда мешавад. Худи протоахтар бештар фишор ёфта, бузургтар ва гармтар мешавад, зеро гарми акнун факат аз болои он ихроч шуда метавонад. Аз дохили протоахтарон ба ру баромадани харорат тавассути чараёни конвексиони ба амал меояд.

Фазо аз сатхи болои протоахтарон то масофае, ки баробари мадори Плутон аст, пур аз абри газу чанг мебошад. Дар рафти чандин маротиба фишурдашавии мураккаб, ки тахминан 10 млн. солро талаб мекунад, замони харакати система бояд махфуз монад. Тамоми галактика чарх зада, дар 100 млн. сол як гардиш мекунад. Баробари фишурдашавии абрхои гарду чанг вакти харакати онхо тагйир намеёбад; чи кадар онхо зиёдтар фишурда шаванд, хамон кадар зудтар чарх мезананд. Бинобар нигох доштани вакти харакат абри чангмонанди фишорхурдаи курашакл то ба

Эволютсияи газу чанги абрноки ва хосил шудани лаълии протоахтари  абри лаълишакл тагйир меёбад. Баробари фишурда шудани моддахои бокимондаи протоахтарон харорати он барои огози реаксияи якшавии атомхои гидроген кофист. Дар натичаи реаксия энергияи зиёд чудо шуда, харорат баланд мегардад, то ин ки кувваи ояндаи фишурдаи чозиба баробар шавад.

Сайёрахо дар атрофи лаъличаи протоахтари аз бокимондаи газ ва чанг ташкил ёфтаанд. Якчояшавии чанги байни ситорахо зери таъсири кашиш хурии чозибаги ба хосил шудани ситорахо ва сайёрахо оварда мерасонад ва раванд тахминан 10 млн. солро дар бар мегирад (1-4). Ситорахо дар системаи асоси (4) хамрох шуда, дар тули тахминан 800 млн. сол дар холати устувор мемонанд ва тадричан гидрогенро хосил мекунанд. Сипас, ситорахо системаи асосиро тарк карда, то ба дарачаи сурхи (5 ва 6) васеъ мешаванд ва ситорахои хурдро дар бадали 100 млн. соли оянда “фуру” мебаранд. Баъди чанд хазор сол ба сифати ситорахои тагйирёбанда набз задан (7), чун ситораи навтарин таркиш ёфта (8) билохира то дарачаи резаи (паканаи) сафедранг фишурда мешавад (9).

Гарчанд сайёрахо объектхои азим ба хисоб мераванд, вале массаи умумии онхо хамаги 0,135% массаи системаи офтобиро ташкил медиханд.

Сайёраи мо, хамчунин сайёрахои дигар, ки дар кадом мавзеи лаъличаи протоахтарон хосил нашаванд, дар ду минтакаи асоси чой мегиранд. Минтакаи дохили дар системаи офтоби аз Меркурий то камари астероидхо пахн буда, мин-

такаи хурди сайёрахои ба Замин монанд мебошанд. Дар ин чо, дар давраи суст фишурда шудани протоахтарон харорат ба дарачае баланд аст, ки металлхо бухор мешаванд.

Минтакаи сарди беруна дорои буги Н2О, газхои Не, Nе ва заррачахои пушидаи Н2О, NН3 ва СН4 аст. Минтакаи беруна нисбат ба минтакаи дохила моддахои зиёдтар дорад.

Зеро андозаи он калон аст ва бисёр моддахои сабуке, ки аввал дар минтакаи дарун буданд, дар натичаи фаъолияти протоахтарон берун тела дода мешаванд.

Яке аз роххои тартиб додани акси тахаввулоти ситорахо ва муайян кардани синну соли онхо тахлили чудогонаи ситорахо мебошад. Бо ин усул масофаи то ситораро чен карда, тавассути шуъои ба чашм аёни он ранги хар як ситораро муайян кардан мумкин аст.

Агар шуъои дидашаванда ва масофа то ситора маълум бошад, пас андозаи мутлаки ситораро хисоб кардан душвори надорад, чунки шуоъ нисбат ба масофаи он мутаносиби чап мебошад. Бузургии мутлаки ситора суръати хорич шудаи энергия аз мавкеи ситора то шахси мушохидакунанда мебошад.

Ранги ситора харорати онро муайян мекунад: ранги кабуд ба ситорахои нихоят тафсон, ранги сафед ба ситорахои гарм, ранги сурх ба ситорахои нисбатан сард тааллук дорад.

Дар расми 2.4 диаграммаи Гертсшпрунг-Рассел, ки аз фанни астрономия ба шумо шинос аст, нишон дода шудааст. Дар расм вобастаги байни бузургии мутлаки ситорахо ва ранги онхо барои бисёр ситорахо нишон дода шудааст.

Азбаски ин диаграмма ситорахои андоза ва синну солашон гуногунро дарбар мегирад, ба ситорахое, ки тахаввулоташон дар даврахои гуногун карор дорад, мувофик мебошад.

Бисёр ситорахо дар кисми мустакими диаграма чой гирифтаанд: ситорахо дар натичаи тадричан сухтани гидрогени дар онхо буда, факат тагйирёбии мувозинатро аз сар мегузаронанд. Дар ин кисми диаграмма, ки низоми асоси

Хосилшавии системаи сайёрахо ном дорад, ситорахои массаашон калон харорати баланд тарро сохибанд. Дар онхо реаксияи якчояшавии атомхои гидроген тез мегузарад ва умрашон кутох аст.

Ситорахои массаашон нисбат ба офтоб хурд харорати пасттар доранд. Дар онхо якчояшавии атомхои гидроген суст гузашта, давомоти умрашон зиёд аст. Дар сурати такрибан 10%-и захираи аввалаи гидрогени худро сарф кардани ягон ситораи системаи асоси, харрорати он паст фаромада васеъшави ба амал меояд. Тахмин меравад, ки ситорахои азим «солхурдаанд» ва каблан ба ситорахои системаи асоси тааллук доштанд. Дар вакти дакик муайн кардани синну соли ситорахо чунин далелхоро ба инобат гирифтан лозим аст. Тадкикотхо нишон медиханд, ки синну соли ягон ситораи галактикаи мо аз 1 млрду 100 млн. сол зиёд нест. Баъзе ситорахои хурд низ хамин синну солро доранд.

Умри бисёр ситорахои бузург аз ин хам камтар аст. Ситораи аз хама азим дар системаи асоси аз 1 млн. сол зиёд истода наметавонад. Офтоб ва дигар ситорахои андозаашон ба он баробар, кабл аз он, ки ба дарачаи ситорахои азими сурх расанд, дар системаи асоси 10 млн. сол меистанд.

Саволхо барои санчиш:

  1. Реаксияи синтези ядрои чист? Мисол оред.
  2. Мувофики фарзияи Кант ва Лаплас системаи ситорахо аз материяи газу чанг чи гуна ташкил меёбанд?
  3. Оё дар таркиби химиявии системаи ситорахо ягон фаркият хаст?

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …