Главная / Биология / СИНФИ МОҲИҲО

СИНФИ МОҲИҲО

Моҳиҳо нисбат ба дигар ҳайвонҳои пештар ба вуҷудомада ҳайвоноти инкишофёфта буда, пурра дар об зиндагӣ мекунанд ва ғалсамаашон аз аввали ҳаёт то охири умр боқӣ мемонад. Моҳиҳо боли ҷуфт доранд, дар об тез ҳаракат мекунанд ва аз ин сабаб қисми пеши баданашон дарозрӯя шудааст.

Wonderful and beautiful underwater world with corals and tropical fish.
Wonderful and beautiful underwater world with corals and tropical fish.

Майнаи cap дар моҳиҳо аз 5 қисм иборат буда, косаи сарашон тағоякӣ ва устухонӣ мешавад. Рӯйпӯши пӯсти мохиҳо пулакчагй буда, сохт, ҳаҷм ва рангашон монанду фарқнок ҳам мешавад. Сарашон беҳаракат аст, зеро гарданашон мӯҳра надорад. Моҳиҳо як чуфт гӯши дарунӣ ва дили 2-ҳуҷрагй доранд, Моҳихо вобаста ба ҷой ва тарзи ҳаётгузарониашон гуногун мешаванд.

Аз ҳама моҳии калон акулаи наҳангмонанд мебошад, ки то 15 метр дарозӣ дорад. Баъзеашон то 30 метр ҳам мешаванд ва бештар дар уқёнуси Атлантика зиста, баъзан ба ҳудуди баҳри Баренс меоянд. Гарчанде ин наҳанг калонҳачм бошад ҳам, аз сабаби сохти махсус доштани даҳону ғалсама чизҳои калонро хӯрда ё фурӯ бурда наметавонад. Вай танҳо харчанг ва дигар ҳайвонҳои аз вай ҳам хурдро хӯрда, ба он қаноат мекунад. Барои ҳамин ба одам зарар намерасонад. Наҳангҳо гурӯҳ-гурӯҳ (10- 20) зиндагӣ мекунанд. Онҳоро барои он шикор мекунанд, ки гӯшташон хӯрданибоб буда, ҷигарашон 60 фоиз равған дорад. Равғани онро ҳамчун дору мефурӯшанд. Наҳанги аз ҳама хурд «саги баҳрӣ» ном дорад, ки дарозиаш аз 0,5 м то 1 м мешавад ва дар баҳри Каспий вомехӯрад.

Наҳангхое ҳастанд, ки дарранда буда ба одам зарар мерасонад. Мисол, наҳанг-крахадон 10-12 метр дарозӣ дошта, се дандони
тези 5 см дорад. Наҳанги осмониранг 4 м дарозӣ дошта, дарранда мебошад. Дар баҳрҳо ва уқёнусҳо наҳанги шимолӣ (қутбӣ), кғ 5-8 метр ва наҳанги шӯрмоҳимонанди то 4 м дарозӣ дошта ни мавҷуд аст. Ин наҳанге шикор мешаванд. Аз онҳо гӯшт, равған сервитамин ва пӯсти бадошт мегиранд.

Моҳии аз ҳама хурдтарини дунё бичок ном дорад. Вай дар оби дарёю кӯлҳои ҷазирахои Филиппин зиндагӣ мекунад, ки ҳамагӣ 1-1,5 см дарозӣ дорад. Бичок хурдтарин ҳайвони мӯҳрадор буда бисёр сернасл аст. Уро филиппиниҳо ба миқдори зиёд бо тӯрҳо1 махсус медоранд ва дар хӯрокашон истифода мебаранд.

Ҳоло дар кураи замин қариб 20 ҳазор намуди моҳӣ мавҷуд хаст, ки аз се як қисми онҳо мохиҳои баҳрӣ мебошанд. Дар дарё ва кӯлу баҳрҳо қариб 1500 намуди моҳӣ маълум аст. Дар Тоҷикистон бошад қариб 40 намуди моҳӣ маълум мебошад. Ба омӯзиши ҳаматарафаи моҳиҳо ихтиплогия ном шохаи ҷудогонан илми зоология машғул аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …