Главная / Гуногун / ШУКУФТАНИ ШУКУФАҲОИ БОҒИСТОНИ ҲУКУМАТ

ШУКУФТАНИ ШУКУФАҲОИ БОҒИСТОНИ ҲУКУМАТ

ШУКУФТАНИ ШУКУФАҲОИ БОҒИСТОНИ ҲУКУМАТ ВА ИЁЛАТ, КИ МУТАЗАММИИИ МЕВАҲОИ НАСАФАТ ВА АДОЛАТ АСТ

Ф о и д а
Ҳукумат дар вуҷуди салотин зуҳури насафат ва адолат аст, на зуҳур ба сифати азамату ҷалолат.
Нушервон 4 бо он, ки аз дин бегона буд, дар адлу ростӣ ягона. Лоҷарам, сарвари коинот5, алайҳи афзал-ус-салавот6, тафохуркунон 7 мегуфт: «Вулидту фӣ замани-с-султони-л-одил» 8.

zamok-marienburg-gannover-2731

М а с н а в ӣ

Паямбар, ки дар аҳди Нўшервон
Ба рух гашт чашму чароғи ҷаҳон,
Ҳаме гуфт: «Аэ зулм аз он содаам,
Ки дар аҳди Нўшервон зодаам».
Чӣ хуш гуфт он носеҳи некхоҳ
Ба гўши дили он ситамкора шоҳ,
Ки аз зулмати зулм андеша кун,
Пайи озмун адлро пеша кун!
Агар адлат аз зулм н-ояд фареҳ9,
Дигарбора по дар раҳи зулм неҳ!

Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам тааллуқ ба габрону муғон 10 дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро бо раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд.
Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд 11, алайҳи-с-салом, ваҳй 12 кард, ки қавми хешро бигўй, ки подшоҳони Аҷамро13 бад нагўянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд.

Қ и т ъ а
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст!

Ҳ и к м ат

Қарини подшоҳ ҳакими фикратпеша бояд, на надими ҳазландеша, зеро ки аз он ба дараҷоти камол барояд ва аз ин ба даракоти14 нуқсон гирояд.

Қ и т ъ а
Ҳар нукта, к-ояд аз лаби донанда, гавҳарест,
Хуш он кӣ сохт ганҷи гуҳар дурҷи синаро,
Донодил аз ҷавоҳири ҳикмат хазинаест,
Аз хештан мадор ҷудо ин хазинаро.

Бомдоде мўбади мўбадон 15 бо Қубод 16 ҳамъинон мерафт, Маркаби вай ба дафъи фузалот 17 қавоими 18 худро аз дум то сум биёлуд. Ташвири 19 тамом ба вай роҳ ёфт. Дар он асно Қубод вайро аз одоби ҳамрикобии мулук ва ҳамъинонии салотин суол кард.
Гуфт:
— Яке он аст, ки дар шабе, ки бомдоди он бо подшоҳ саворӣ хоҳад кард, маркаби худро чандон алаф надиҳад, ки бомдодон мўҷиби ташвири рокиб 20 гардад.
Қубод истеҳсони вай карду гуфт:
— Бад-ин ҳусни қиёсат 22 ва сидқи фиросат, ки расидаӣ, ба он чӣ расидаӣ.

Қ и т ъ а

Нохирадманд, ки бар қоидаи табъ равад,
Ҳама одоби вай афтад зи раҳи сидқу савоб.
Лек бихрад, ки ба дастури хирад кор кунад,
Шавад аз ҳусни қиёсат адабомўзи давоб 23.

Ҳ и к м а т

Муқаррабони салотин чун гурўҳеанд, ки ба кўҳи баланд боло мераванд, аммо оқибат ба залозили 24 қаҳр ва навозили25 даҳр аз он кўҳ ба зер хоҳанд афтод. Шак нест, ки афтодани баландтари он сахттар хоҳад буд, ба зер омадани фурўтар- саҳлтар.

М а с н а в ӣ

Бувад айвони қурби шоҳ воло,
Ба ин айвон марав бисёр боло,
Ки тарсам, чун аз он айвон дарафтӣ,
Зи ҳар афтодае маҳкамтар афтӣ.

Ҳ и к м а т

Мебояд, ки подшоҳонро мунҳиёни26 росткирдоре бар кор бошанд, ки аҳволи раоё ва гумоштагон барояшонро бар вай расонанд, Гўянд, Ардашер 27 подшоҳе огоҳ буд ва чун надимон бомдод биёмадандӣ, бигуфтӣ, ки фалон кас чӣ хўрдааст ва бо фалон зан ё каниз чӣ сўҳбат доштааст ва ҳар чӣ карда будӣ, бигуфтӣ, то мардумон гумон бурдандӣ, ки магар аз осмон ба вай фариштае ояд ва огоҳӣ диҳад ва Маҳмуди Сабуктагин 28 низ ин қабил будааст.

Қ и т ъ а
Чу шоҳро набувад огаҳӣ зи ҳоли сипоҳ,
Куҷо сипоҳ зи қаҳри вай эҳтироз кунанд?

Ба қасди зулм ҳазорон баҳона пеш оранд,
Ба чанги фисқ ҳазорон тарона соз кунанд.

Ҳ и к о я т

Аристотолис29 гўяд: «Беҳтарини подшоҳон он аст, ба каргас монад, гирдогирди ў мурдор, на он, ки ба мурдор монад, гирдогирди ў каргас, яъне мебояд, ки вай аз ҳоли ҳаволии худ огоҳ бошаду ҳаволии 30 вай ғофил, на вай аз ҳоли ҳаволии худ ғофил бошаду ҳаволии вай аз ҳоли вай огоҳ».

Қ и т ъ а
Подшоҳ бояд, ки бошад ҳамчун каргас бохабар,
З-он чӣ афтодаст гирдогирди ў мурдорҳо,
Не чу мурдоре, ки гирдаш саф кашида каргасон,
Тез карда баҳри нафъи худ бар ў минқорҳо.

Ҳ и к о я т

Нўшервон рўзи Наврўз ё Меҳрҷон 31 маҷлисе медошт. Дид, яке аз ҳозирон, ки бо вай нисбати хешӣ дошт, ҷоми заррин дар бағал ниҳод. Тағофул кард32 ва ҳеҷ нагуфт. Чун маҷлис баршикаст, шаробдор гуфт:
— Ҳеҷ кас берун наравад, то таҷассус33 кунем, ки як ҷоми заррин дармебояд. Нўшервон гуфт:
— Бигзор, он кас, ки гирифт, боз нахоҳад дод ва он кас, ки гирифт боздид, наммомӣ34 нахоҳад кард.
Баъд аз чанд рўз он шахс даромад: ҷомаҳои нав пўшида ва мўзаи нав дар по карда. Нўшервон ишорат ба ҷомаҳои вай кард, ки инҳо аз он аст? Вай доман аз мўза бардошт, ки ин низ аз он аст.
Нўшервон бихандид ва донист, ки онро ба зарурати эҳтиёҷ карда буд. Пас, фармуд, то ҳазор мисқол зар ба вай диҳанд.

Қ и т ъ а
Аз гуноҳи ту чу огоҳ шавад шоҳи карим,
Мўътариф 35 бош ба он в-аз карамаш узр бихоҳ.
Макун инкори гунаҳ, з-он ки гуноҳи дигар аст,
Балки бисёре аз он ҳам батар инкори гуноҳ.

Ҳ и к о я т

МаъмунЗб ғуломе дошт, ки тартиби оби таҳорат ба ўҳдаи вай буд. Дар ҳар чанд рўз офтоба ё сатиле гум мешуд. Як рўз Маъмун бо вай гуфт:
— Кош, он офтобаву сатил, ки аз мо мебарӣ, ҳам ба мо фурўшӣ.
Гуфт:
— Ҳамчунон кунам. Ин сатили ҳозирро бихар.
Фармуд, ки ба чанд мефурўшӣ?
Гуфт:
— Ба ду динор.
Фармуд, то ба вай ду динор доданд. Пас гуфг;
— Ин сатид аз ту дар амон шуд?
Гуфт:
— Оре!

Қ и т ъ а
Сим37 бар зархарида38 танг магир,
То бад-он нафси ў биёромад.
Тан ба итлофи39 мол аз ў дардеҳ.
То ба итлофи ҷон наянҷомад.

Ҳ и к о я т

Миёни Муовияву40 Уқайл ибни Абутолиб41 дўстии тамом буду мусоҳабати бардавом. Рўзе дар роҳи муҳаббаташон хоре афтод ва бар чеҳраи муваддаташон42 ғуборе нишаст. Уқайл аз Муовия бибурид ва аз омадшуди маҷлиси ў пой даркашид. Муовия узрхоҳон ба вай навишт, ки Ай матлаби аълои бани Абдулмуталлиб 43 ва Ай мақсади ақсои оли Қусо44 ва Ай оҳуи нофакушои Абдманоф45 ва Ай манбаи макорими 46 бани Ҳошим47, оят ба нубувват дар шумост ва иззи рисолат дар хонадони шумо! Куҷо шуд он ҳама бузургворию ҳилму бародарӣ? Боз ой, ки аз рафта пушаймонаму аз гузашта парешон.

Р у б о ӣ
То кай ҳадафи новаки кин хоҳам буд,
В-аз дурии ту бедилу дин хоҳам буд?
Бар рўи замин пеши туам рў ба замин,
Дар зери замин низ чунин хоҳам буд.

Уқайл ба ў навишт, ки… чун карим аз дўсте биранҷад, бояд ки кунҷи муфорақат48 гираду ба кўйи муҳоҷарат гирояд, на он ки ба бадӣ миён бандаду ба бадгўйӣ забон кушояд.

М а с н а в ӣ
Чун шавад бо ту ёр ҷангандеш,
Ҷуз ҷудойӣ магир бо ў беш.
Ҷид макун дар хусумати бисёр,
Андаке рўйи оштӣ бигзор.

Боз Муовия иътизори49 муовадат50 ва илтимоси сулҳ кард ва сад ҳазор дирам бадали сулҳ фиристод ва бунёди аҳд ниҳод.

Қ и т ъ а
Узрхоҳӣ бикуну афвталаб шав, чу фитад,
Рахна дар қоидаи ёрии ёрони қадим.
В- ар наёяд ба ҳам он рахна ба гуфтори забон,
Дар иморатгарияш кўш ба хишти зару сим.

Ҳ и к о я т

Ҳаҷҷоҷ51 дар шикоргоҳе аз лашкариён ҷудо афтоду ба тале баромад, дид, ки аъробие52 нишаста, аз хирқаи худ ҷунбандагон мечинад ва шутурон гирди ў мечаранд. Чун шутурон Ҳаҷҷоҷро бидиданд, бирамиданд. Аъробӣ сар боло кард хашмноку гуфт:
— Кист, ки аз ин биёбон ба ҷомаҳои дурахшон баромад, ки лаънати Худой бар вай бод!
Ҳаҷҷоҷ ҳеҷ нагуфт ва пеш омад, ки:
— Ассалому алайка, ё аъробӣ. : Гуфт:
— Ло алайкассалом ва ло раҳматуллоҳ ва ло баракотуҳ53.
Аз вай об талабид. Гуфт :
— Фурўд ой ва ба зиллату хорӣ об бихўр, ки валлоҳ 54, ман рафиқу навкари касе нестам.
Ҳаҷҷоҷ фурўд омаду об бихўрд ва пас гуфт:
— Ай аъробӣ, беҳтарини мардумон кист?
Гуфт :
— Расули Худой, салла-л-лоҳу алайҳи ва саллам, бар рағми 55 ту!
Боз гуфт:
— Чӣ мегўйӣ дар ҳаққи Алӣ ибни Абутолиб? 56
Гуфт :
— Аз караму бузургворӣ номи вай дар даҳан намегунҷад.
Пас гуфт:
— Чӣ мегўйӣ дар ҳаққи Абдулмалик ибни Марвон?57
Ҳеҷ нагуфт.
Гуфт:
— Ҷавоби ман бигўй, Ай аъробӣ.
Гуфт:
— Бад мардест.
Пурсид, ки:
— Чаро?
— Хатое аз вай дар вуҷуд омадааст, ки аз машриқ то мағриб аз он пур баромада.
Пурсид, ки:
— Он кадом аст?
Гуфт:
— Он, ки фосиқи фоҷир58 Ҳаҷҷоҷро бар мусулмонон гумоштааст.
Ҳаҷҷоҷ қеҷ нагуфт.
Ногоҳ мурғе бипариду овоз кард. Аъроби рўй ба Ҳаҷҷоҷ карду гуфт:
— Ту чӣ касӣ, Ай мард?
Гуфт:
— Ин чӣ савол аст, ки мекунӣ?
Гуфт:
— Ин мурғ маро хабар дод, ки лашкаре мерасад, ки сардори эшон туйӣ.
Дар ин сухан буд, ки лашкариёни вай расиданду бар вай салом гуфтанд. Аъробӣ чун онро бидид, ранги ў мутағаййир гашт. Ҳаҷҷоҷ фармуд, то вайро ҳамроҳ бибаранд. Чун рўзи дигар бомдод карду моида 59 биниҳод ва мардумон ҷамъ омаданд, аъробиро овоз доданд. Чун даромад, гуфт:
— Ассалому алайка, аюҳа-л-амир ва раҳматуллоҳи баракотуҳ.
Ҳаҷҷоҷ гуфт:
— Ман чунон намегўям, ки ту гуфтӣ: Ва алайка-с-салом!
Пас гуфт:
— Таом мехўрӣ?
Гуфт:
— Таоми туст, агар иҷозат диқӣ, мехўрам.
Гуфт:
— Иҷозат додам.
Аъробӣ пеш нишаст ва даст дароз карду гуфт:
— Бисмиллоҳ, иншоаллоҳ 60, ки он чӣ баъд аз таом ояд, хайр бошад.
Ҳаҷҷоҷ бихандиду гуфт:
— Ҳеҷ медонед, ки дирўз аз ин бар ман чӣ гузашта?
Аъробӣ гуфт:
— Аслаҳуллоҳу-л-амир 61, сирре, ки дирўз миёни ману ту гузаштааст, имрўз дар ифшои он макўш.
Баъд аз он Ҳаҷҷоҷ гуфт:
— Ай аъробӣ, яке аз ду кор ихтиёр кун: ё пеши ман бош, ки туро аз хосон гардонам ё туро пеши Абдулмалики Марвон фиристам ва он чӣ ўро гуфгайӣ, ахбор кунам, то ҳар чӣ хоҳад, он кунад.
Аъробӣ гуфт:
— Сурати дигар ҳам метавонад буд.
Пурсид, ки:
— Он кадом аст?
Гуфт:
— Он, ки маро бигузорӣ, ки саломат ба билоди худ бозравам ва дигар на ту маро бинӣ ва на ман туро.
Ҳаҷҷоҷ бихандид, фармуд, то вайро даҳҳазор дирам доданду ба диёраш фиристоданд.

Қ и т ъ а

Мард бояд, ки ба лутфи сухану ҳусни хитоб
Табъи арбоби ситамро зи ситам боз орад.
Ҳар лаиме, ки зи эҳсону карам рам кардаст,
Ба фусуни сухан ўро ба карам боз орад.

Ҳ и к о я т

Яздиҷурд62 писари худ Баҳромро63 дар мавзеъе дид аз ҳарами худ, ки муносиб набуд вайро. Фармуд, ки берун раву ҳоҷибро 64 сӣ тозиёна бизану аз дари пардасаро65 дур кун ва касе дигарро ном бурд, ки вайро ба ҷойи ў бинишон.
Баҳром ба мўҷиби фармудаи падар амал кард. Аммо ҳанўз сездаҳсола беш набуд, надонист, ки сабаби ғазаби вай бар ҳоҷиб чӣ буд. Баъд аз он рўзе ба дари пардасаро омаду хост, ки дарояд. Ҳоҷиби дувум даст бар синаи вай заду нагузошт, ки дарояд ва гуфт:
— Агар баъд аз ин туро дар ин мавзеъ бинам, сӣ тозиёнаат бизанам аз ҷиҳати хиёнате, ки бо ҳоҷиби пешин кардӣ ва сии дигар аз барои хиёнате, ки мехоҳӣ, бо ман кунӣ.
Ин хабар ба Яздиҷурд расид, ҳоҷиби дуюмро бихонду таҳсин кард ва эҳсон фармуду хилъат пўшонид.

Қ и т ъ а
Ҳифзи шаҳ бояд чунон к-аз остони ў убур
Дар замири бандаву озод натвонад гузашт.
Дар ҳарими ҳурмати иззаш, ки ситри66 давлат аст,
Боз натвонад париду бод натвонад гузашт.

Ҳ и к о я т

Вазири Ҳурмузи писари Шопур67, ба вай нома навишт, ки бозаргонони дарё бори ҷавоҳир бисёр овардаанд ва онро ба сад ҳазор динор барои подшоҳ харидаем. Шунидаам, ки подшоҳ онро намехоҳад. Агар рост аст, фулон бозаргон ба сад ҳазор динор суд мехарад» .
Ҳурмуз дар ҷавоб навишт, ки ҳазор динору сад ҳазор динор чандон пеши мо қадре надорад. Ва чун мо бозаргонӣ кунем, подшоҳӣ кӣ кунад ва бозаргонон чӣ кунанд?

Қ и т ъ а

На таври мансаби шоҳов бувад, ки байъу шаро68
Ба қасди касби маоши худ ихтиёр кунанд.
Чу шоҳ пеша кунад кори тоҷирони ҷаҳон,
Ту худ бигў, ки дигар тоҷирон чӣ кор кунанд?!

Амир-ал-мўъминин Умар 69, разия-л-лоҳу анҳу, дар вақти хилофати худ дар Мадина деворе гил мекард. Яҳудие пеши вай тазаллум кард70, ки ҳокими Басра матое аз ман ба сад ҳазор дирам харидаасту дар адои самани71он тааллул мекунад72. Фармуд, ки коғазпорае дорӣ? Гуфт: Не. Сафоле бардошту бар он ҷо навишит, ки шикояткунандагон аз ту беҳисобанду шукргузорандагон—ноёб. Аз мўҷиботи шикоят бипарҳез ё аз маснади ҳукумат бархез. Ва дар охир навишт, ки «катабаҳу73 Умар бин ал-Хаттоб». На бар он мўҳр заду на туғрое кард 74. Аммо чандон савлати адолату ҳайбати сиёсати вай дар хотирҳо нишаста буд, ки чун яҳудӣ он сафолро ба ҳокими Басра дод, вай савор буд, аз асп фурўд омаду замин бибўсид, ваҷҳи 75 яҳудиро тамом адо кард ва вай савор истода буд.

Қ и т ъ а
Чу набвад шоҳро иззу сиёсат,
Кашад аз дасти густохон залилӣ73.
Чу резад шерро дандону нохун,
Хўрад аз рўбаҳони ланг силӣ.74

Ҳ и к о я т
Ҷавонеро ба дуздӣ гирифтанд. Халифа ҳукм кард, ки дасташ бибуранд, то аз моли мусулмонон кўтоҳ шавад. Ҷавон бинолиду гуфт:
— Ай халифа!

Б а й т
Маро ба дасти чапу рост чув Худо орост,
Раво мадор, ки монад чапам ҷудо аз рост.

Халифа фармуд, ки дасташ бибуред, ки ин ҳаддест ҳудуди Худои таоло, мусоҳала 78 дар он аз мусулмонӣ нест. Модараш ҳамроҳ буд. Бархост, ки Ай халифа, ин фарзанди ман аст. Ба дастёрии вай рўз ба шаб меовараму аз дастранҷи ў рўзӣ мехўрам.

Қ и т ъ а
Фарзанд бувад чу ҷон, бибахшой
Бар ҷони мани ситамрасида!
Серриштаи рўзиям кафи ўст,
Мапсанд, ки он шавад бурида!

Халифа гуфт: .
— Дасташ бибуред, ки ман ин гуноҳ аз вай дарнамегузаронаму гуноҳгории тарки ин ҳад бар худ раво намедорам!
Модараш гуфт:
— Ай халифа, инро ҳам дигаре аз он гуноҳон шумору аз он маосӣ79 ангор80, ки ҳамвора аз он истиғфор 81 мекунӣ ва омурзиш мехоҳӣ.
Халифаро ин сухан хуш омад. Гуфт:
—— Бигузоредаш!

Қ и т ъ а
Ай хуш он доно, ки пеши шоқ дам
Гоҳи қаҳр аз нуктаи хуш мезанад.
Нуктае чун об меорад латиф,
Шоҳро обе бар оташ мезанад.

Ҳ и к о я т

Гуноҳгореро пеши халифа оварданд. Халифа ба уқубате», ки мустаҳиққи 82 он шуда буд, фармон дод.
Гуфт:
— Ай, амира-л-мўъминин 83, интиқом бар гуноҳ адл асту таҷовуз аз он фазл. Ва пояйи ҳиммати амир-ал-мўъминин аз он олитар аст, ки аз он чӣ баландтар аст, таҷовуз намояд ва ба он чӣ фурўтар аст, фурўд ояд.
Халифаро сухани у хуш омад. Гуноҳи вайро афв фармуд; қитъа:

Афв аз гуноҳ фазл бувад, интиқом — адл,
З-он то ба ин зи чархи барин то замин раҳ аст.
Кай фазлро гузораду орад ба адл рўй
Доно, ки аз тафовути ин ҳар ду огаҳ аст?

Ҳ и к о я т

Кўдаке аз бани Ҳошим бо яке аз арбоби макорим беадабӣ кард. Шикоят ба аммаш бурданд84. Хост, то вайро адаб кунад.
Гуфт:
— Ай ам, ман кардам, он чӣ кардам ва ақли ман бо ман набуд. Ту бикун, он чӣ мекунӣ ва ақли ту бо туст.

Қ и т ъ а
Гар сафеҳе85 ба ҳукми нафсу ҳаво
На ба вафқи86 хирад кунад коре.
Бар ту нафсу ҳаво чу ғолиб нест,
Ҷуз ба роҳи хирад марав боре.

Ҳ и к о я т

Занеро аз ҷамоате, ки бар Ҳаҷҷоҷ хурўҷ карда буданд, пеши вай оварданд. Ҳаҷҷоҷ бо вай сухан мегуфту вай сар дар пеш андохта буду назар бар замин дўхта: на ҷавоби вай медоду на назар ба вай мекард. Яке аз ҳозирон бо вай гуфт:
— Амир сухан мегўяду ту аз вай эъроз мекунӣ.
Гуфт:
— Ман аз Худои таоло шарм медорам, ба марде назар кунам, ки Худои таоло ба вай назар намекунад!

Қ и т ъ а
Рўи золим мабин, ки бар рўят
Он зи дўзах дарест бикшода.
Сўйи ў то кушода шуд зи Худой
Назари раҳмате наяфтода.

Ҳ и к о я т

Искандарро гуфтанд:
— Ба чӣ сабаб ёфтӣ, он чӣ ёфтӣ аз давлати салтанату вусъати мамлакат ба асғари син87 ва ҳадосати 88 аҳд?
Гуфт:
— Ба истимолати89 душманон, то аз ғоилаи90 душманӣ зимом тофтанд ва аз таоҳуди91 дўстон, то дар қоидаи дўстӣ истеҳком ёфтанд.

Б а й т
Бояда-т мулки Сикандар, чун вай аз ҳусни сияр92
Душманонро дўст гардон, дўстонро дўсттар.

Ҳ и к о я т

Рўзе Искандар бо сарҳангони93 хеш барнишаста буд. Яке аз эшон гуфт:
— Худованд субҳонаҳу туро мулки бузург додааст, занони бисёр кун, то фарзандони ту бисёр гарданд ва ёдгори ту андар ҷаҳон бимонад.
Ҷавоб дод, ки ёдгори мард на фарзанди ўст, балки суннатҳои94 хуб ва сиратҳои некўст, некў набувад, ки он кас кӣ бар мардони ҷаҳон ғалаба кардааст, занон бар вай ғалаба кунанд.

Қ и т ъ а
Чу нест пеши падар ин қадар яқин, ки писар
Зи хели бехирадон аст ё хирадмандон.
Бас аст сирати некў ҳакимро фарзанд,
Бабуни зан чӣ шавад бар умеди фарзандон?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

бинои Хукумати нохияи Фирдавси 2022 сол

Ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ дар ш. Душанбе

Бинои маъмурии ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон аз як бинои 3-ошёна иборат аст, ки солҳои 70-уми …