Главная / Гуногун / Оқибатҳои ҷанг

Оқибатҳои ҷанг

Чаро Клавдия Григоревна аз хӯрдани нон даст кашид?

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, тариқи газетаи «Аргументы и Факты» расми занеро бо номи Клавдия Григоревна ба нашр расонида буданд, ки аз соли 1942 инҷониб мазаи нони гандумиро боре ҳам начашидааст. Сабаби начашидани нони гандумӣ дар он будааст, ки дар замони муҳосираи Ленинград, ки 900 рӯз идома дошт, падару модари ӯ аз гуруснагӣ мемуранд ва Клавдияи 7-сола бо бародараш, Гришаи 4-сола ятими кулл мемонанд.

нон ва чангБаъди марги падару модар, бародари 4-солаи ӯ дар рӯи дастони Клавдияи 7-сола аз гуруснагӣ «нон»-гӯён ҷон медиҳад. Пас аз ин фоҷиаи мудҳиш Клавдия низ аҳд мекунад, ки дигар ӯ нонро намечашад ва қасди ягонаи ӯ ҳамчун бародари дӯстрӯякаш Гриша мурдан будааст. Сипас, бо амри сарнавишт Ленинград аз муҳосира озод мешавад ва ба ҷуз аз нони гандумӣ, дигар маҳсулоти ғизоӣ низ пайдо мегардад. Клавдия аз дигар маҳсулоти ғизоӣ иҷборан истеъмол мекунад, ки табиати инсонӣ инро тақозо мекунад, вале замоне ки нони гандумӣ пайдо мегардад, ӯ нонро мебӯсаду дар дидагонаш мемолад, аммо аз муҳаббате, ки нисбати бародари дӯстрӯяки чорсолааш Гриша дошт, то кунун , ки аз он фоҷиаи барои ӯ мудҳиш наздики 50-сол гузашта буд, нонро боре ҳам начашидааст.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ, ки вилояти Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт, ҳама намуди хӯрок амсоли гӯшту себу ҷаву ҷувориву дигару дигар гӯё мерасид, ба ҷуз аз нони гандумӣ. Вале ҷои нони гандумиро ҳеҷ як намуди маҳсулоти зикршуда иваз карда наметавонист. Мардуме, ки захираи гандум надоштанд, маҷбур мешуданд, ки ҷаву ҷуворимаккаву тухми ҷорӯбе, ки барои ҳайвоноти хонагӣ захира кардаанд, орд карда, истеъмол намоянд. Аз истеъмоли ин маводи ғизоии номусоид, мардум ба бемориҳои гуногун гирифтор мешуданд ва талафоти ҷонӣ низ бисёр зиёд буд.

Аз овони хурдиам, ки бо модарам дар майдони пахтазор кор мекардем, модарам ҳар замон мақоли халқиеро такрор ба такрор мегуфтанд, ки писарам «лучӣ ба хонаву гуруснагӣ ба дарҳо» ва ин мақолро дар асл дар солҳои 93-94-ум бо чашми сард дидам. Ёд дорам, ки гулдухтарони тоҷики бокираву шавҳардор аз навоҳии Москаву Восеъ барои эҳтиёҷи худу хонадонашон гадоӣ мекарданд. Азбаски мо дар хона осиёби барқӣ доштем, барои ҳамин ҳам ба хонаи мо барои дарюзагӣ фаҳмидаю дониста зиёдтар меомаданд. Замоне ки модарам ба он талабандаҳо нон медод, падарам бо ашки сӯзон ба он гулдухтарон орд медоду хомӯшона ашк мерехт. Чунки падарам низ дар синни 7-солагӣ аз падар ятим монда, лаззати гуруснагиро чашида буданд. Боре ҳамсоязани ҷавон дар як дасташ кӯдаки хурдсолу дар дасти дигараш сатили нима зиёдтар аз тухми ҷорӯбу авёси нокӯфта, барои орд кардан омада гуфт, кӣ ако, ҳаминро орд карда ба ман диҳед. Ман сатили тухми ҷорӯбу авёсро дар дӯли осиёби баркӣ андохтам. Ҳарчанд мунтазир шудем, он маҳсулоти бесифат орд намешуд. Азбаски ҳамсоязан духтари деҳоти худамон буду нисбати ман ҷавон буд, ман ба ӯ гуфтам, ки Муқаддас, инҳо орд намешаванд.

Муқаддасро гиря гулӯгир намуд ва хоҳиш намуд, кӣ ако, як бало кунед. Ман рафта аз ганҷурхонаамон як косаи пур аз гандум оварда, ба дӯли осиёб рехтам ва тухми ҷорӯбу авёс бо гандум якҷоя шуда, ба мушкилӣ орд шуд. Ҳоло писари калонии Муқаддас корманди милитсия мебошад ва дар ҳар куҷое, ки манро бубинад, нисбати ман лутфу меҳрубонии зиёд мекунад. Маълум аст, ки модар ба фарзандонаш аз он рӯзҳои барояшон сахту душвор нақлу қиссаҳо кардааст.

Ҳар субҳу шом қабл аз барномаи ахбор Сарвари давлат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Ҷаноби Олӣ тариқи оинаи нилгун башорат медиҳанд, ки: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред», ки ин суханони Пешвои мардуми кишварамон саҳл нестанд ва барои ашхоси худшиносу худогоҳ, як ҷаҳон таассурот доранд, чуноне ки Ҳакими Тӯсӣ гуфтааст: Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ. Ва шоири зиндаёд, Лоиқ Шералӣ, ки шахсан шоҳиди он рӯзҳои бесарусомони Ватани азизамон буданд, гуфтааст: То ташна намонем, наҷӯем раҳи об, То гушна намонем, надонем, ки нон чист. Ношукрии мо бар намаки умр зиёд аст, То ҷон набарорем, надонем, ки ҷон чист. Раҳмат ШЕРАЛИЕВ, омӯзгор

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

xohar-girya

Хоҳарам гиря дорад

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, …