Главная / Гуногун / Шеър дар ҳаққи Худованд

Шеър дар ҳаққи Худованд

Рафтанд хубони ҷаҳон бо нола аз дасти аҷал,
Барнову пиру нотавон бо нола аз дасти аҷал.
Рафтанд аз боғи ҷаҳон Искандару шоҳаншаҳон,
Ҷамшеду Доро ногаҳон, бо нола аз дасти аҷал.
Ку Юсуфи гулпераҳан, Яъкуб дар байтулхазан,
Оду Самуду анҷуман, бо нола аз дасти аҷал.
Ин олами боғи фано бо Мустафо шуд бевафо,
Ин дам чӣ меояд зи мо, бо нола аз дасти аҷал.
Бубакру Умар шуд куҷо, Усмон, Алии Муртазо,
Нурони чашми Мустафо, бо нола аз дасти аҷал.
Ин арғувонат заъфарон, чашмони мастат хунфишон,
Боғи ҳаёти тан хазон, бо нола аз дасти аҷал.
Сад чораат бечора шуд, мардум ҳама овора шуд,
Дил дар дарунат пора шуд, бо нола аз дасти аҷал.
Сад пола бар афлок шуд, хоке ба сӯйи хок шуд,
Дилҳо ҳама ғамнок шуд, бо нола аз дасти аҷал.
Як лаҳза бар худ нола кун, домони дил пуржола кун,
Рухсораҳоро лола кун, бо нола аз дасти аҷал.
Чун мавҷи дил туғён бизан, дар хуни дил ҷавлон бизан,
Сар бар дари Раҳмон бизан, бо нола аз дасти аҷал.
Эй дил, сухан кӯтоҳ кун, Наққошро огоҳ кун,
Рӯ ҷониби Аллоҳ кун, бо нола аз дасти аҷал.

* * *

Ё Раб, ту моро з-ин ҷаҳон бо гавҳари имон барӣ,
Бар сӯйи гулзори чинон бо гавҳари имон барӣ.
Тоат надорам, эй Аҳад, дармондаам дар кори бад,
Гар аз ту алтофе расад, бо гавҳари имон барӣ.
Нуре надорад манзилам, ёди ту мехоҳад дилам,
Афсурдаву ҷо дар гилам, бо гавҳари имон барӣ.
Он дам, ки назъи ҷон шавад, дар касди мо шайтон шавад,
Пирӯзӣ аз Раҳмон шавад, бо гавҳари имон барӣ.
Ман толиби дидори ту, афтодаву бемори ту,
Бар ҷаннату анҳори ту, бо гавҳари имон барӣ.
Ё Раб, ба ҳаққи Мустафо, в-он офтоби «ва-з-зуҳо»,
Деҳ синаи моро сафо, бо гавҳари имон барӣ.
Бар ҳаққи ёрони Расул, он соҳиби роҳи вусул,
Созӣ дуои ман қабул, бо гавҳари имон барӣ.
Ё Раб, каромат фош кун, раҳме ту бар Наққош кун,
Ҷанноти худ маъво-ш кун, бо гавҳари имон барӣ.

* * *

Ё Раб, аз лутфи амимат, ки гунаҳ бахшӣ маро,
Ҳаққи Раҳмону Раҳимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Гаштаам саргашта чун сайде ба доми зиндагӣ,
Ҳаққи асмои Азимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Ташнаам, аз соғари раҳмат маро сероб кун,
Ҳаққи он Зоти қадимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Вақти назъи ҷон, ки ояд ҷони нофармон ба лаб,
Ҳаққи Тавроги Калимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Гоҳи мурдан з-ин ҷаҳон бегавҳари имон мабар,
Ҳаққи он номи Каримат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Дар даруни гӯри тангам мунисам лутфи Ту бас,
Ҳаққи бахшишҳову бимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Рӯзи маҳшар кун шафеи ман Расули инсу ҷон,
Бар Сироталмустақимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.
Рӯзии Наққош кун ҳам ҷаннату дидори Хеш,
Ҳаққи Олову наъимат, ки гунаҳ бахшӣ маро.

Ва саллаллоҳу таоло ало сайидино Муҳаммадив-ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаина ва саллама таслиман доиман абадан касиран касиро ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л-оламин.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …