Главная / Гуногун / Шеър дар хакки Худованд

Шеър дар хакки Худованд

Рафтанд хубони чахон бо нола аз дасти ачал,
Барнову пиру нотавон бо нола аз дасти ачал.
Рафтанд аз боги чахон Искандару шоханшахон,
Чамшеду Доро ногахон, бо нола аз дасти ачал.
Ку Юсуфи гулперахан, Яъкуб дар байтулхазан,
Оду Самуду анчуман, бо нола аз дасти ачал.
Ин олами боги фано бо Мустафо шуд бевафо,
Ин дам чи меояд зи мо, бо нола аз дасти ачал.
Бубакру Умар шуд кучо, Усмон, Алии Муртазо,
Нурони чашми Мустафо, бо нола аз дасти ачал.
Ин аргувонат заъфарон, чашмони мастат хунфишон,
Боги хаёти тан хазон, бо нола аз дасти ачал.
Сад чораат бечора шуд, мардум хама овора шуд,
Дил дар дарунат пора шуд, бо нола аз дасти ачал.
Сад пола бар афлок шуд, хоке ба суйи хок шуд,
Дилхо хама гамнок шуд, бо нола аз дасти ачал.
Як лахза бар худ нола кун, домони дил пуржола кун,
Рухсорахоро лола кун, бо нола аз дасти ачал.
Чун мавчи дил тугён бизан, дар хуни дил чавлон бизан,
Сар бар дари Рахмон бизан, бо нола аз дасти ачал.
Эй дил, сухан кутох кун, Наккошро огох кун,
Ру чониби Аллох кун, бо нола аз дасти ачал.

* * *

Ё Раб, ту моро з-ин чахон бо гавхари имон бари,
Бар суйи гулзори чинон бо гавхари имон бари.
Тоат надорам, эй Ахад, дармондаам дар кори бад,
Гар аз ту алтофе расад, бо гавхари имон бари.
Нуре надорад манзилам, ёди ту мехохад дилам,
Афсурдаву чо дар гилам, бо гавхари имон бари.
Он дам, ки назъи чон шавад, дар касди мо шайтон шавад,
Пирузи аз Рахмон шавад, бо гавхари имон бари.
Ман толиби дидори ту, афтодаву бемори ту,
Бар чаннату анхори ту, бо гавхари имон бари.
Ё Раб, ба хакки Мустафо, в-он офтоби «ва-з-зухо»,
Дех синаи моро сафо, бо гавхари имон бари.
Бар хакки ёрони Расул, он сохиби рохи вусул,
Сози дуои ман кабул, бо гавхари имон бари.
Ё Раб, каромат фош кун, рахме ту бар Наккош кун,
Чанноти худ маъво-ш кун, бо гавхари имон бари.

* * *

Ё Раб, аз лутфи амимат, ки гунах бахши маро,
Хакки Рахмону Рахимат, ки гунах бахши маро.
Гаштаам саргашта чун сайде ба доми зиндаги,
Хакки асмои Азимат, ки гунах бахши маро.
Ташнаам, аз согари рахмат маро сероб кун,
Хакки он Зоти кадимат, ки гунах бахши маро.
Вакти назъи чон, ки ояд чони нофармон ба лаб,
Хакки Тавроги Калимат, ки гунах бахши маро.
Гохи мурдан з-ин чахон бегавхари имон мабар,
Хакки он номи Каримат, ки гунах бахши маро.
Дар даруни гури тангам мунисам лутфи Ту бас,
Хакки бахшишхову бимат, ки гунах бахши маро.
Рузи махшар кун шафеи ман Расули инсу чон,
Бар Сироталмустакимат, ки гунах бахши маро.
Рузии Наккош кун хам чаннату дидори Хеш,
Хакки Олову наъимат, ки гунах бахши маро.

Ва саллаллоху таоло ало сайидино Мухаммадив-ва ало олихи ва асхобихи ачмаина ва саллама таслиман доиман абадан касиран касиро ва-л-хамду лиллохи Рабби-л-оламин.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …