Главная / Гуногун / ШАРТИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

ШАРТИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Замоне дар як шаҳр касалии вабо ниҳоят авҷ мегирад. Подшоҳи он шаҳр аз Абўалӣ ибни Сино хоҳиш мекунад, ки ба муқобили ин касалӣ чорае андешад. Абўалӣ ибни Сино хоҳиши подшоҳро рад карда мегўяд, ки барои нест кардани вабо тамоми масҷидҳои шаҳрро оташ задан ва дар байни мардум дуохонию муллогиро барҳам додан лозим аст.

Аз ин Суханон  подшоҳ ба хашм меояд ва мефармояд, ки сари Абўалӣ ибни Синоро зуд аз танаш ҷудо кунанд. Баъд Абўалӣ ибни Сино ба подшоҳ муроҷиат карда мегўяд:

– Эй подшоҳи олам, ман як шарт дорам. Шартам ҳамин, ки фалон рўз офтоб мегирад ва он чанд муддат давом мекунад. Агар ҳамин гапи ман дурўғ барояд, он гоҳ метавонед шумо маро сар буред.

Подшоҳ шартро қабул карда, рўзи офтобгириро интизор мешавад. Ниҳоят он рўз мерасад. Абўалӣ ибни Сино шишаҳоро сиёҳ карда, ба подшоҳу надимони ў медиҳад. Онҳо мебинанд, ки дар ҳақиқат нисфи офтоб гирифтааст. Баъд аз ин подшоҳ ва надимонаш ба донишмандии Абўалӣ ибни Сино қоил мешаванд.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …