Рабби ту кист? Аллох,
Туро кӣ халқ кард? Аллох,
Бандаи кистӣ? Бандаи Аллох, (Худо).
Мо аз куҷо омадаем ва ба ба куҷо бозмегардем? Мо аз они Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Вай аст.
Барои чӣ коре моро офаридаанд? Барои тоату ибодат кардани Аллоҳ.
Тоату ибодати Аллоҳ чӣ маъно дорад? Маънояш чунин аст: Аллохро парастидан, роҳи пайамбарро, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, пайравӣ кардан, дар тӯли ҳаёти заминӣ андар Ислом – дини ягонаи Аллоҳ будан.
Замони «Қолу, бало» чӣ маъно дорад? Пеш аз офари- дани Замин Аллоҳ Таъоло рӯҳи ҳамаи одамон (-и гузашта, имруза ва оянда)-ро офарид, онҳоро дар назди Худ ҷамъ кард ва аз онҳо пурсид:
– Аласту би Раббикум? (Оё Парвардиори шумо нес- там?)
Аз кадом вақт ту мусулмони? Алҳамду ли-л-Лоҳ (сито– иш Худойро) аз замони «Қолу, бало».
– «Оре, Ту Парвардиори мо ҳастӣ!» – гуфтанд рӯҳхо – «Ва мо Туро ибодат мекунем ва аз Ту ёрӣ металабем». Ин аст замони «Колу, бало».
Чӣ гуна аст сифати Аллоҳ? Аллох, Ягона аст.
Дини ту чист? Дини ман Ислом аст.
Китоби ту кадом аст? Куръони Карим.
Қиблаи ту кадом аст? Каъбаи Муаззама.
Ту аз зуррияти кистӣ? Одам-пайғамбар, алайҳи-с-салом.