Салом додан

Салом додан

Расули акрам (с) фармудаанд, ки Ассалом номе аст, аз номҳои Худои таъоло, пас парешон кунед салом доданро дар  байни худҳо.

Ҳар мусулмоне ба якдигар салом диҳад ва ҷавоби салом , гуяд, фариштагон бар он бандаи мӯъмин ҳафтод мартаба салавот фиристонанд. Агар мусулмон ҳамдигарро дида салом надиҳад ва ҷавоби салом нагӯяд, фариштагон бар онҳо ҳафтод  мартаба лаънат фиристонанд.

Ҳар вақте, ки ба хонаи худ дароед, бар зану фарзандони худ салом диҳед. Агар дар хона касе набошад, гӯед, ки “Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳи-с-солиҳин”. Он гоҳ фариштагон ҷавоби саломи шуморо мегӯянд.

Гӯянд, ки мусулмононро ба салом шинохта мешавад. Агар  мусулмон ба мусулмоне салом надиҳад, гӯё аз мусулмонь бащрае набурдааст.

Бояд, ки ыавоби саломро дар щол диҳанд ва агар ҷавоби саломро дар ҳол надиҳанд, гунаҳгор гарданд. Ва агар шахсе аз ҷои дигар салом фиристонад ё дар хат салом фиристонад ҷавоби ӯ низ воҷиб аст.

Пайғамбар (с) фармудаанд: ҳар касе, ки пеш аз салом додан сухан гӯяд ба сухани ӯ гӯш наандозед.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки дар вақти салом кардани ду бародари мусулмон шайтон алайҳи лаъна гиря мекунад ва мегӯяд: вовайло, ки ин ду мӯъмин бо ҳамдигар салом доданд ва ҳанӯз онҳо аз ҳамдигар ҷудо нашуда Аллоҳ таъоло онҳоро мағфират кунад.

Маънии салом он аст, ки ман мусулмонам ва аз ман ба ту зараре намерасад. Ҷавоби салом низ ҳамин маъниро дорад.

Салом додан бар ҳама мусулмонон воҷиб аст, хоҳ ӯро бишносӣ ё на, магар бар занони бегона, ки бар онҳо салом кардан нашояд ва агар онҳо салом диҳанд, ҷавоб фарз нашавад.

Савол: – Ҳикмат чист, ки салом гуфтан суннат аст ва ҷавоби салом фарз.

Ҷавоб: Аллоҳ таъоло дар шаби меъроҷ бекому забон бар Расули худ салом гуфт, пас салом суннати Илоҳӣ бошад ва ҷавоби салом фарз омад, бино бар он, ки чавоби Худованд бар банда фарз бошад.

Қоидаи салом он аст, ки мебояд калонсол бар хурдсол салом диҳад ва шаҳрӣ бар деҳӣ ва уштурсавор бар аспсавор  ва аспсавор бар харсавор ва харсавор бар пиёда ва истода бар  нишаста ва падар бар фарзанд (писар) ва модар бар духтар. Ҳамчунин ҳар кас ба қудрат ва қимат зиёда бошад, ӯ ибтидо ба салом кунад, зеро ки Расули акрам (с) фармудаанд, ки ман ин адабро аз Парвардигор омӯхтам.

Савол: Чун салом суннат аст ва ҷавоби ӯ фарз барои чӣ савоби саломкунанда бисёртар аст ва ҳол он ки савоби фарз зиёдат мебошад.

Ҷавоб: Саломкунанда ибтидокунанда аст ба хайр, барои ҳамин савоби вай бисёртар аст. Аммо савоби салом ва ҷавоби салом он аст, ки чун ду мусулмон бар якдигар салом кунанд, сад раҳмат миёни онҳо нозил шавад. Навад раҳмат онро бошад, ки аввал салом карда буд ва даҳ раҳмат он касеро бошад, ки ҷавоби саломро гардонида бошад.

Дар ҳадис омада аст, ки чун ду мусулмон бо якдигар салом ва аҳволпурсӣ кунанд ва як бор бар ман салавот фиристанд, аз гуноҳ пок шаванд, ҳамчунон ки нав аз модар таваллуд шуда бошанд.

Илоҳо, ба ҳурмати ҳотами Набӣ (с) тавфиқи салом доданро ба ҳамаи мӯъмин ва мӯъминот, бар хурду бузург насиб ва рӯзӣ гардонӣ ва хеҷ бандаи мӯъминро аз савоби салом маҳрум магардонӣ, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрҳои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII давраҳои бисёр муҳими таърихи адабиёти тоҷик мебошад. Дар аҳди …