Салом додан

Салом додан

Расули акрам (с) фармудаанд, ки Ассалом номе аст, аз номхои Худои таъоло, пас парешон кунед салом доданро дар  байни худхо.

Хар мусулмоне ба якдигар салом дихад ва чавоби салом , гуяд, фариштагон бар он бандаи муъмин хафтод мартаба салавот фиристонанд. Агар мусулмон хамдигарро дида салом надихад ва чавоби салом нагуяд, фариштагон бар онхо хафтод  мартаба лаънат фиристонанд.

Хар вакте, ки ба хонаи худ дароед, бар зану фарзандони худ салом дихед. Агар дар хона касе набошад, гуед, ки “Ассалому алайно ва ало ибодиллохи-с-солихин”. Он гох фариштагон чавоби саломи шуморо мегуянд.

Гуянд, ки мусулмононро ба салом шинохта мешавад. Агар  мусулмон ба мусулмоне салом надихад, гуё аз мусулмонь бащрае набурдааст.

Бояд, ки ыавоби саломро дар щол диханд ва агар чавоби саломро дар хол надиханд, гунахгор гарданд. Ва агар шахсе аз чои дигар салом фиристонад ё дар хат салом фиристонад чавоби у низ вочиб аст.

Пайгамбар (с) фармудаанд: хар касе, ки пеш аз салом додан сухан гуяд ба сухани у гуш наандозед.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки дар вакти салом кардани ду бародари мусулмон шайтон алайхи лаъна гиря мекунад ва мегуяд: вовайло, ки ин ду муъмин бо хамдигар салом доданд ва хануз онхо аз хамдигар чудо нашуда Аллох таъоло онхоро магфират кунад.

Маънии салом он аст, ки ман мусулмонам ва аз ман ба ту зараре намерасад. Чавоби салом низ хамин маъниро дорад.

Салом додан бар хама мусулмонон вочиб аст, хох уро бишноси ё на, магар бар занони бегона, ки бар онхо салом кардан нашояд ва агар онхо салом диханд, чавоб фарз нашавад.

Савол: – Хикмат чист, ки салом гуфтан суннат аст ва чавоби салом фарз.

Чавоб: Аллох таъоло дар шаби меъроч бекому забон бар Расули худ салом гуфт, пас салом суннати Илохи бошад ва чавоби салом фарз омад, бино бар он, ки чавоби Худованд бар банда фарз бошад.

Коидаи салом он аст, ки мебояд калонсол бар хурдсол салом дихад ва шахри бар дехи ва уштурсавор бар аспсавор  ва аспсавор бар харсавор ва харсавор бар пиёда ва истода бар  нишаста ва падар бар фарзанд (писар) ва модар бар духтар. Хамчунин хар кас ба кудрат ва кимат зиёда бошад, у ибтидо ба салом кунад, зеро ки Расули акрам (с) фармудаанд, ки ман ин адабро аз Парвардигор омухтам.

Савол: Чун салом суннат аст ва чавоби у фарз барои чи савоби саломкунанда бисёртар аст ва хол он ки савоби фарз зиёдат мебошад.

Чавоб: Саломкунанда ибтидокунанда аст ба хайр, барои хамин савоби вай бисёртар аст. Аммо савоби салом ва чавоби салом он аст, ки чун ду мусулмон бар якдигар салом кунанд, сад рахмат миёни онхо нозил шавад. Навад рахмат онро бошад, ки аввал салом карда буд ва дах рахмат он касеро бошад, ки чавоби саломро гардонида бошад.

Дар хадис омада аст, ки чун ду мусулмон бо якдигар салом ва ахволпурси кунанд ва як бор бар ман салавот фиристанд, аз гунох пок шаванд, хамчунон ки нав аз модар таваллуд шуда бошанд.

Илохо, ба хурмати хотами Наби (с) тавфики салом доданро ба хамаи муъмин ва муъминот, бар хурду бузург насиб ва рузи гардони ва хеч бандаи муъминро аз савоби салом махрум магардони, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …