Главная / Ҷамъият / Сафари қиёмат

Сафари қиёмат

Сафари киёмат

Бузургон гуфтаанд:

Мӯи сафед аз кафан орад паём,

Пушти хам аз марг расонад салом.

Яъне, чун мӯи инсон сафед шуд, инсонро аз он хабар мекунад, ки акнун ба кафан печонидани ту наздик шуд ва вакте, ки пушти ту хам шуд, туро аз он огоҳ месозад, ки акнун омадани марг ба сӯи ту наздик шуд, тайёр ва омода бош.

Ҳамчуноне ки мегӯянд, марг аз пирӣ ва ҷавонӣ нест, лекин ба ҳар ҳол шахси пир ба марг наздикгар аст.

Акнун падару модари азизу мехрубон, инсон бояд ҳамеша барои сафари қиёмат ҳушёру тайёр бошад, лекин инсони пир бояд, ки тайёрии бисёртар дошта бошад. Чунончӣ сафари дунёро мисол биёрем, агар касе ба ҷое сафар карданӣ бошаду лекин сафараш дертар бошад, дар тайёрии рафтан чандон шитоб намекунад. Агар сафар кардани ӯ маълум шавад, ки имрӯз ё фардо сафар мекунад, албатта, тайёрии рафтанро зудтар мебинад. Либос мешӯяду пул барои роҳкиро омода месозад ва ба аҳли оила мефармояд, ки то омадани ман чунину чунон кунед, хулоса, тайёрии сахтгар мебинад.

Барои шахси пир, сафари қиёмат наздик шудааст, бояд ягон чизро фаромӯш накунад, зеро аз ин сафар баргаштанӣ нест.

Акнун вақти он омадааст, ки аз кору бори дунёи фонӣ даст кашида ба кори дунёи боқӣ бисёртар ҷидду ҷаҳд намоем, ки намедонем оқибати мо ба куҷо анҷом меёбад. Бузургон гуфтаанд: дар ҷавонй  мастӣ, дар пирӣ – сустӣ, пас Худоро кай мепарастӣ?

Бояд, ки ҳарчанд пир ва лоғару заъиф ҳам бошӣ, худопарастиро тарк накарда, баръакс бисёртар худопарастӣ кунӣ ва аз корҳои гузаштаи худ ва аз гуноҳони худ аз ҳазрати Ҳудованд омурзиш хоҳӣ ва ҳама вақт тавба карданро вазифаи худ созӣ. Аз ғайбат ва суханони бефоида худро нигоҳ дорӣ. Балки ҳама вақт ба зикру ёди Худои таъоло машғул бошӣ ва соате аз умри боқимондаро дар ҳавову ҳаваси дунё сарф накунӣ, ки дигар пушаймонӣ фоидае надорад.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …