Главная / Чамъият / Сафари киёмат

Сафари киёмат

Сафари киёмат

Бузургон гуфтаанд:

Муи сафед аз кафан орад паём,

Пушти хам аз марг расонад салом.

Яъне, чун муи инсон сафед шуд, инсонро аз он хабар мекунад, ки акнун ба кафан печонидани ту наздик шуд ва вакте, ки пушти ту хам шуд, туро аз он огох месозад, ки акнун омадани марг ба суи ту наздик шуд, тайёр ва омода бош.

Хамчуноне ки мегуянд, марг аз пири ва чавони нест, лекин ба хар хол шахси пир ба марг наздикгар аст.

Акнун падару модари азизу мехрубон, инсон бояд хамеша барои сафари киёмат хушёру тайёр бошад, лекин инсони пир бояд, ки тайёрии бисёртар дошта бошад. Чунончи сафари дунёро мисол биёрем, агар касе ба чое сафар кардани бошаду лекин сафараш дертар бошад, дар тайёрии рафтан чандон шитоб намекунад. Агар сафар кардани у маълум шавад, ки имруз ё фардо сафар мекунад, албатта, тайёрии рафтанро зудтар мебинад. Либос мешуяду пул барои рохкиро омода месозад ва ба ахли оила мефармояд, ки то омадани ман чунину чунон кунед, хулоса, тайёрии сахтгар мебинад.

Барои шахси пир, сафари киёмат наздик шудааст, бояд ягон чизро фаромуш накунад, зеро аз ин сафар баргаштани нест.

Акнун вакти он омадааст, ки аз кору бори дунёи фони даст кашида ба кори дунёи боки бисёртар чидду чахд намоем, ки намедонем окибати мо ба кучо анчом меёбад. Бузургон гуфтаанд: дар чавонй  масти, дар пири – сусти, пас Худоро кай мепарасти?

Бояд, ки харчанд пир ва логару заъиф хам боши, худопарастиро тарк накарда, баръакс бисёртар худопарасти куни ва аз корхои гузаштаи худ ва аз гунохони худ аз хазрати Худованд омурзиш хохи ва хама вакт тавба карданро вазифаи худ сози. Аз гайбат ва суханони бефоида худро нигох дори. Балки хама вакт ба зикру ёди Худои таъоло машгул боши ва соате аз умри бокимондаро дар хавову хаваси дунё сарф накуни, ки дигар пушаймони фоидае надорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …