Главная / Ҷамъият / Рӯзаи аввал – бори якум

Рӯзаи аввал – бори якум

Бурак бо ҳамроҳии падараш хеле хаста шуданд. Онҳо халтаҳои пур аз хӯрданиҳо, ки аз бозор барои ифтор харида буданд, ба хона меоварданд. Ниҳоят, онҳо халтаҳоро дар ошпазхона гузоштанд, падар аз хастагй ба курой нишаст. Бурак бошад, аз беқувватй ба рӯи диван афтид. Онҳо аз субҳгоҳ барои харид рафта буданд ва фақат баъд аз нисфирузй баргаштанд. Дар бозор ҳар чизеро, ки дил ҳавас кунад, ёфт мешуд. Чанд навъи асал, зайтунҳои гуногун, панирҳои болаззат, ҳасибҳои дудпаз фурӯхта мешуд. Аз ҳама бисёр Бурак шавқманди шакалод буд, бо ин сабаб у барои ифтор якчанд навъи шакалод харид.

ruza_ramadan

Модари Бурак омодагии худро барои моҳи Рамазон чанд рӯз пеш огоз намуд. Тамоми хонаро то ҶИЛО додан шуст, ҳар Гуна шириниҳо пухт, шарбатҳои болаззат омода кард. Ҳамаи чиз барои истиқболи Рамазоне, ки фардо сар мешуд, омода буд.

Буракдаҳсола буд. У мехост фардо рузаи аввалини худро гирад. То ин замон у фақат рӯзаҳои озмоишй мегирифт. Ин машқ барои кӯдакони хурдсол буд. Рузаи у аз субҳгоҳ то нисфирузй давом медод, нисфирузи у хурок мехурд ва бегоҳиро интизор мешуд.

Лекин, акнун Бурак ،калон шудааст ва монанди бузургон рӯзаи комил хоҳад гирифт.

Падар гуфт:

Писарам, имруз аввалин рузи намози таровеҳ аст. Агар хоҳӣ, метавонй ҳамроҳи ман ба масҷид равй, лекин ту бояд то бегоҳӣ ҳамаи дарсҳоятро тайёр кунй.

Хуб шудаст падар, ман ҳоло онҳоро тайёр мекунам, -ҷавоб дод Бурак.

Баъд аз хӯроки шом Бурак бо ҳамроҳии падараш ба масҷид рафтанд. Модар аз сандуқ тоқии зардӯзиеро, ки хос барои у монда буд, бароварда дод. Тоқиро пушида у худро тамоман марди калон ЭҲСОС кард. Пеш аз намоз ОНҲО мавъиза гуш карданд. Баъд аз азон намоз сар шуд. Ба тӯлонӣ будани намоз Бурак аҳамият надода, намози таровиҳро бо завқ адо намуд. Байни фосилаҳои намози таровиҳ ҷамъомадагони масҷид бо як овоз дуо ва салавот мехонданд. Вақте Бурак бо падараш ба хона баргаштанд, алакай вақти хоби у гузашта буд. Ҳангоме Бурак хобкунй мерафт, у ба модараш таъкид намуд:

Модарҷон, албатта маро ҳангоми саҳархӯракбедор кунед. Агар бедор нашавам, ба руям об пошед.

Модар Буракро мутмаин кард:

-Бам махӯр писарам, ман туро бедор мекунам.

Ҳамоно сари Бурак ба болишт расид, Уро хоб бурд. Қариби субҳгоҳ у навозиши меҳрубони дастҳои модарашро бар рухсорааш ЭҲСОС намуда, овози Уро шунид:

-Бедор шав, марди калон, вақти суҳур мегузарад.

Бураки хоболуд дар дастшухона рӯяшро бо оби хунук шусту хоб тамоман аз бадани у дур шуд. у назди дастархоне, ки модараш омода сохта буд, нишаст. Модар барои саҳарии аввалини у самбусаҳои дӯстдоштаашро пухта буд.

Бурак модарашро ба огуш гирифта ба у ташаккур гуфт:

Раҳмат модарҷон, чунон болаззат, ки ман танҳо метавонам, ҳамаи самбӯсаҳои дар рӯи табақбударо хурам.

Барои, он ки рӯзона Бурак гурусна намонад, у хеле хуб газо хурд. Падар ОГОҲ кард:

Нушидани обро фаромӯш накунй, вақти азони намози бомдод қариб шудааст. Ту медонй, ки имруз то бегоҳ хӯрдан ва нӯшидан мумкин нест.

Бурак як қадаҳи дигар пур аз об нушид. Дандонҳояшро шуста, нияти рузаро карда, ба Қуръон хондани падараш гӯш меандохт. Баъд аз адои намози бомдод у дубора ба бистари худ хобид.

Ҳангоме у аз хоб бедор шуд, хушкии даҳонашро ЭҲСОС кард, у ба сӯи ошпазхона барои обнушй рафт. Андаке об ба лабонаш расиду ба ёдаш омад, ки у рузадор аст. Бурак ба соат НИГОҲ кард. Соат тақрибан даҳи субҳ буд. Бурак фикр кард: чй Гуна у то ифтор сабр мекарда бошад? Ҳатто дар аввал у хост аз рузагирй даст кашад. Лекин гуё, у овози дарунии худро шунид, ки ба у мегуфт: «Эй, ту аллакай, ҷавони калон шудй, ба иродаи худ бояд устувор бошй». Инҷо Бурак тасмим гирифт, ҳарчанд, ки ба у душвор ҳам бошад, у аз нияти худ бар намегардад.

Барои он, ки дарозии рӯзро ЭҲСОС накунад, у бояд то вақти ифтор бо ягон кор машгул шавад. Дар аввал у каме бо бозичаҳояш бозй кард. Лекин лабҳои хушкшудааш тасфон буданд ва НИГОҲИ Уро зарфи пур аз об, ки дар болои миз буд, ҷалб мекард. Қариби нисфирӯзй ба ташнагии у гуруснагй низ илова шуд. Вақте рӯз ба поён мерасид, Бурак назди модараш, ки дар ошпазхона таъом мепухт, даромада нишаст. Модар ба Буроки оромнишаста, гуфт:

-Чй шуд писарам? Фикр мекунам, ки рӯза бар ту хело душвор будааст.

-Медонед модар, ман ҳатто ба гурбачаямон, ки обро аз табақчааш шалап- шалап менӯшад, ҳасад мебарам. Ман ҲОЛО он косаи шӯлаи марҷумакро, ки барои хӯрданаш маро зора мекардед, бо ИШТИҲОИ том мехурдам.

Модар ба у гуфт:

-Фарзанди азизам! Дидй, як рузи рӯза ба ту чй қадар ибрат омузонд. Акнун ту аз ҲОЛИ он фақирони гурусна, ки як луқма хӯрок ҳам надоранд, то бихуранд, бохабар шудй. Қадру қимати пораи нонро ва қатраи обро фаҳмидй. Ту бубин, чй қадар Парвардигорамон ба МО меҳрубон аст, ки дастархони моро пур аз нӯшу неъмат гардонидааст. Биё ба ман кумак кун, то омадани падарат аз кор, дастархонро ороста намоем.

Бурак табақҳои хӯрокро чунон бо эҳтиёт мебурд, гуё онҳо пур аз ҷавоҳирот бошанд, бо вуҷуди ин ки у то имрӯз ба таом аҳамият намедод.

Ҳангоме вақти ифтор қариб омад ҳамаи оила дар гирди дастархон ҷамъ омада, интизори азони шом буданд.

ramazon_moh

Рамазон

Падар табассумкунон гуфт:

Офарин Бурак! Ту аввалин рузи рузаатро бо муваффақият гузарондй. Марҳамат, инро аз ман бигир, – падар ба у пули масрафи ҷайбӣ, барои як ҳафта дод. Ҳоло рӯза ба анҷом нарасида буд, Пекин Бурак алакай ПОДОШИ онро мегирифт.

Таомҳои гуногуни болаззат дар назди у буд, аммо ҳарчанд, ки у гӯрусна буд, ба сӯи ОНҲО даст дароз намекард. у дируз кадом вақте, ки мехост мехӯрд, аммо имруз бошад, вақтеро, ки Худованди бузург дар он таом хӯрданро иҷозат дода аст, интизор буд.

Бо фарорасии вақти ифтор чарогҳои даргирони минораҳо ва азон далолат кард. Бурак, аз якумин рузи рузадориаш хело хушҳол буд. Чунки у ваъдаи дар назди Худованд додаашро вафо кард ва дар ин таҷрибаи сангин комёб шуд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …