Главная / Биология / Қатори ширхӯрони хартумдор

Қатори ширхӯрони хартумдор

Қатори ширхӯрони хартумдор. Дар айни замон ду намуди хартумдорон боқӣ мондааст, ки намояндаи калонтарини ширхӯрҳои хушкигард ба шумор мераванд. Ба ин қатор фили африкоӣ ва фили осиёӣ дохил мешаванд. Фили африкоӣ аз фили осиёй калонтар буда, қадаш 3.5 м ва вазнаш аз 5 т зиёд аст. Филҳо дар ҷангалзорхои тропикӣ (фили африкоӣ дар Африкаи Марғазй ва фили осиёӣ дар Ҳиндустон ва ҷазираҳои Сейлон. Суматра) зиндагӣ мекунанд.

fil

Панҷ ангушти пойҳои ғафси сутунмонанди филро суми тунуки  пӯшидааст. Вай чолоконаю бесадо ҳаракат мекунад. Хартуми фил сермушаки боқувват аст. Дар нӯги хартум сӯрохии бинӣ хаст. Гардани фил кӯтоҳи беҳаракат буда, ду ашки пеш то 2 м дароз шуда, вазни як дандони ашки он то 80 кг. мешавад. Дар филҳои осиёӣ танҳо наринааш дандони ашк дорад. Одамон аз дандони ашки фил бисёр чизҳои зебо месозанд.

Ба ғайр аз дандони ашк дар ҷоги боло ва поён яктой курсиҳои калон ҳам дорад, ки бо он фил ҳаррӯз даҳҳо кг хӯроки хушкро мсхояд. Баьд аз 10-15 сол ба ҷойи дандонҳои кӯҳнаю хӯрдашуда данлонҳои нав мебарояд. Ҳамин гуна ивазшавии дандон дар як фил то 6 маротиба ба вуҷуд меояд. Фил ба ҳисоби миёна 70-80 сол умр мебинад. Фили мода дар 3-4 сол як маротнба бача мезояд.

Мамонт ширхӯри хартумдори қадим буда, дар Аврупо ва Америкаи Шимолӣ зиндагӣ мекард, ки холо ҳайвонн мункаризшуда мебошад ва танҳо хусусан онро дар музеи зоологии Санкт-Петербург дидан мумкин аст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …