Главная / Гуногун / ПУЛИ СИРОТ: Ҳикоя (Китоби электронӣ)

ПУЛИ СИРОТ: Ҳикоя (Китоби электронӣ)

Бачем, косаро тоза кун, – гуфт Абдулло Хол, мўйсафеди қоқинаи ҳафтодсола, риши зардаш ба тартиб қайчизадашуда ва дар чашмони хокистарии андаке ба косахонаашон фурўрафтааш айнак. Шишаҳои айнакаш ғафс буданд. Андозаи он, аз афташ, калон ва ё ягон мурвати гўшакаш суст шуда буд, ки мўйсафед аз ду гўшаки он резин баста, гирди сараш гузаронида буд. –  Савоб мегирӣ, беҳуда нагуфтаанд: Аз он рўзе, ки биҳиштро ато кард, савоби косалесонро ҳудо кард. Гирифтани китоб ба пуррагӣ >>>>

puli-sirot

– Ҳамаша хўрдам-ку, бобоҳон, – гуфт набераи ў, писарбачаи ҳафт-ҳаштсолаи резаандом, ба коса ишора карда.

Мўйсафед каме аз ҳойи худ ғеҳида косаро ба даст гирифту бо ангушти ишоратии андаке каҳ ва дарозаш бафурҳа атолаи даври онро ғун дошта, лесидан гирифт. Писарбача аз бобояш чашм намеканд.

– Ҳама шираи хўрок дар куни коса мемонад, – гуфт мўйсафед насиҳатомез. – Барои ҳамин, ҳеҳ гоҳ хўрокро дар куни коса намон. Ҳам коса тоза мешаваду савоб мегирӣ, ҳам шираи хўрокро мехўрӣ. Чӣ гуфтӣ?

– Фаҳмидам, – гуфт писарбача.

– Боракаллоҳ, ҳони бобо, ку як санҳида бин, – косаро ба наберааш дароз кард мўйсафед.

Писарбача ба бобо тақлидкунон бо ангуштони хурдакакаш ба завқ атолаи косаро тоза карда, мелесид ва аз чӣ бошад, завқ карда механдид. Ногаҳон коса аз дасташ афтиду ба пиёлаи рўи дастархон бархўрда, онро шикаст.

– Эҳ лалук, – модараш, ки ин лаҳза дар даст чойники чой ба хона ворид шуда буд, онро кунҳи дастархон гузошта, ба рўи писар шаппотие зад.

– Ман хостам куни косаро тоза кунам, – гуфт писарбача, чашму лабонаш ба гиря моил шуда.

– Мурдӣ аз гуруснагӣ! Дег пури хўрок, сер нашуда бошӣ, гап зан, меорам. Ҳеҳ гоҳ намондӣ, ки як пиёла чоя бе ғам хўрам.

– Бобоям гуфтанд, ки агар тоза кунӣ, савоб мегирӣ, – гуфт писарбача бо дасти атолаолуда чашмонашро пок карда.

– Ун дасти чиркина ба чашмат назан, – ба банди дасти писарбача зад модар. – Бобои ту як умр савоб, ҳисобу китоб гуфта, айши ҳамаро талх карданд. Барои ҳамин ҳам, падарат мумсик, шабушка кушта, хунаша мелесад. Тарбияи падара гирифтагӣ. Сарфакорӣ ҳам, бо эбаш будагист, – нигоҳашро ба мўйсафед кўчонд келин.

Нигоҳҳо ба ҳам бархўрданд. Мўйсафед номаълум сар ҳунбонида, аз дил гузаронд: «Айбу шарма намедонӣ магар… Аввал як бор гиребони худатро бў каш, ана баъд бинии мисли бинии бибият пучуқро ба гули дигарон дароз кун». Алалхусус ҳониби шавҳар санги таҳқир партофтани келин ба пирамард хуш наомад. «Охир вай шавҳараш, соябони сар, падари фарзандонаш!». Баъд хаёлан писарашро маломат кард, ки лаҳоми ин бетамизро ба ихтиёри худаш мондааст. Магар марди хона ҳам, ҳамин хел суст мешавад!

– Аз субҳи содиқ шуморо кадом ғунда газид, келин, – гуфт мўйсафед, бо оҳанги ранҳиш.

– Э безор шудам аз насиҳатхониҳоии шумо. Рўзам медиҳед ё не?! Як афту башараи ин бачаро бинед. Одоб ёд медиҳам гуфта, дасту рўю остинҳои куртааша аз атола олондед. Шукри Худо замона серию пурӣ, бозарҳо пури нон. Чӣ ин қадар шумою бачатона фисраю ларза гирифтааст? Баъд… дигар бас кунед ҳамин атолахўриатона! Аз рўзе ки шумо омадед, бачаҳом ягон хўроки дуруст нахўрданд. Рўз дар миён «Келинҳон, атола паз». Ба ғайр аз шумо дар ин хона дигарҳо ҳам ҳастанд, дилашон дигар хел хўрок мекашад. Бачатон бойи дакаданг нест, ки  ман ҳар рўз ду дег монам.

Мўйсафед ба ин монологи келин, ки ҳангоми асабиёна аз тан кашидани куртаи писарбачааш ба забон овард, ноилоҳ гўш дода, намедонист чӣ бигўяд.  Аниқтараш чӣ гуфтанашро медонист, чанд рўз боз аз қошу қавоқи мисли ҳавои сарди зимистон гирифтаи келин дарунаш пури гап шуда буд, аммо аз ин кўтоҳандешии келинаш лол монда буд. Ў ҳеҳ фаҳмида наметавонист, ки чаро келини як замон духтари оддии деҳотиаш, дар тўли даҳ-понздаҳ соли  шаҳрнишин шудан мисли бўқаламун тағйир ёфтааст.

– Оташин нашавед, келин, ошатонро гарм нахўред, – гуфт мўйсафед, базўр ғалаёни дилашро фурў нишонда, – баъди ду-се рўз меравам. Баъд чӣ хўроке ки дилатон мехоҳад, тайёр карда, бо бачаҳоятон мехўред. Дигар сояи маро дар ин хона намебинед. Ҳазор гўсфанд кушта, тахти шоҳӣ гузоред ҳам, дигар қадамамро ба ин остона намегузорам. Агар писарам падар дорам гуфта, хабар гирад, ихтиёр дорад, дар акси ҳол ўро низ ба шумо бахшидам. Фақат келинҳон, иҳозат диҳед, пеш аз рафтан ба набераҳоям як воқиаро нақл кунам. Ҳарчанд аз насиҳатхониҳои ман ба ин тифли бегуноҳ безор шуда бошед ҳам, илтимос рад накунед. Ман, худатон дида истодаед, як одами пир, ба қавле офтоби сари кўҳ, кӣ медонад, дигарбора фурсат даст медиҳад ё не? Шумо розӣ?

Келин дар ҳавоб чизе нагуфта, дастархонро ғундошту ҳониби ошхона рафт.

– Пештар биё, бачем, – гуфт мўйсафед, ба писарбачаи аз ин тую мангўиҳои бобою модараш ҳайратзада. – Аҳамият надеҳ, модарат даҳони бекор ҳар гап гуфтан мегирад. Мехоҳӣ, аз овони кўдакиям як саргузашти худро ба ту нақл кунам?

Писарбача бо аломати тасдиқ сар ҳунбонд ва омада сари зонуи бобояш нишаст. Мўйсафед бо навозиш мўи сари ўро бо панҳаҳояш шона зада, оғоз кард:

– Вақте ман дар ҳамин синну соли ту будам, зиндагӣ бисёр сахт буд, қаҳтию қиматӣ буд. Медонӣ барои чӣ?

Писарбача бо аломати инкор сар ҳунбонд.

 – О ту мактабхон-ку, муаллимонатон дар мактаб чӣ дарс медиҳанд?

– Бобоҳон, ман ҳоло хурд, нав синфи якро тамом кардам, – гуфт писарбача. – Аз акаам пурсед, вай ҳама чиза медонад. Карат-карата пурра аз ёд медонад.

– А, рост мегўӣ, ҳони бобо, ман пир, баъзан фаромўш мекунам, – гуфт мўйсафед аз паси сари наберааш бўсида.

– Дина дар набудани шумо очам ҳам, ба дадем гуфт, ки ин мўйсафеди пир ақлашро хўрдаст.

– Баъд дадет чӣ гуфт?

– Даҳонатро пўш, қанчиқ, гуфта пиёларо паронданд, – гуфт писарбача, чӣ хел пиёларо парондани падарашро бо дастонаш нишон дода.

– Шояд очаат дуруст мегўяд, ман ақламро хўрдаам, ки ба хонаи шумо омадам, – гуфт мўйсафед хастаҳолона. Оҳанги гапаш он қадар ҳазину аламнок буд, ки ҳатто кўдак ба риққат омад.

– Не, бобоҳон, шумо одами зўр, бисёр афсона медонед, ба ман маъқул.

– Ҳазорон бор шукр, – изҳори хурсандӣ кард мўйсафед. – Лекин чизе ки ҳозир ман ба ту нақл мекунам, афсона нест, ҳақиқатест, ки бо чашмони худам дидам, дар ҳисму ҳони кўдакиам эҳсос кардам. Он замон ҳанги калон буд бо немисҳо. Ҳама мардон ба ҳанг рафта буданд, танҳо пирону занону кўдакон ва маъюбу маслуқон монда буданд дар ақибгоҳ. Шабу рўз кор мекардем. Мо дар синну соли ту ҳояш ояд гандум дарав мекардем, об мекашидем, банд мебастем. Азбаски хурд будам, зуд монда мешудам, бинобар ин раҳми занҳо омада, кўдакони ширмакашонро наздам мегузоштанд, то нигоҳубин кунам ё барои об мефиристоданд, бандина ҳамъ мекунонданд. Бадии кор дар он буд, ки мо ҳеҳ гоҳ нони серӣ намехўрдем.

– Чаро? – пурсид писарбача.

– Набуд, ҳама чиз барои фронт фиристода мешуд, дар ақибгоҳ қаҳтию қиматӣ буд. Одамон аз гуруснагӣ варам карда, ҳон медоданд. Роҳбарон, шояд барои аз даст надодани дастони корӣ ва аз мурдан наҳот додани мардум, дар ҳойи ҳавлии ҳозираи Охун Раҳмат ду-се дег монда, ҳар рўз атола мепазонданд. Аҳли деҳа косаю табақ дар даст ба ин ҳо меомаданд, барои худу фарзандонашон атола мегирифтанд. Мардум он ҳавлиро атолафронт мегуфтанд. Аниқ намедонам,  ин номро роҳбарон фикр карда буданд ва ё  мардум пеши худ чунин унвон доданд. Шояд барои он чунин ном ниҳоданд, ки он солҳо дар забони хурду калон калимаи фронт буд: одамон ҳамин калима дар хаёлашон хоб мерафтанду бо ҳамин калима дар забон субҳ бедор мешуданд.

Падару модарам барвақт аз дунё гузаштанд. Он вақт ман се-чорсола, бародарам ёздаҳсола ва апаам ҳафт-ҳаштсола буд. Моро момоям тарбия мекарданд. Ин зани биҳиштӣ ба қавле обу оташ, девкор буданд. Гапу корашона аз ҳеҳ мард намемонданд. Моро мисли гурбамодар ба дандон газида, калон карданд, дар он солҳои гушнагию нотинҳӣ ба коми марг надоданд. Ҳар рўз аз атолафронт ҳиссаи моро дар як табақи чўбин меоварданд ва онро болои дастархон гузошта, хўред мегуфтанд. Мо, ки доим гушна будем, он табақи атола бароямон беҳтарин хўроки дунё буд ва дарҳол онро гирд мекардем. Барои он ки зуд тамом нашавад, бо ангушт лесида-лесида мехўрдем ва каме бошад ҳам, шикамамон сер мешуд, ба танамон рамақ медамид. Аммо момоям ягон бор ҳамроҳи мо атола намехўрданд. Доимо дастархон партофта, табақро болои он мегузоштанду худашон ягон дарзро сари даст гирифта, сўзан мезаданд ва аз дур атолахўрии моро назора мекарданд. Ман то ҳол ҳайронам, ки ун кас кай як бурда нон мехўрданд. Ҳарчанд мекўшам чунин манзараро пеши рў оварда наметавонам. Мисли гунҳишк оварда ба нули мо медоштанду халос.

Рўзе момоямро тобашон гурехт ва натавонистанд барои атола раванд. Акаам дар хона набуд, бинобар ин аз ман хоҳиш карданд, ки ҳамон табақи чўбинро гирифта, барои атола равам. Вақте ба атолафронт расидам, одам кам буд. Ду-се зан бо навбат ба косаю табақи одамон атола мекашиданд. Як нафар мард дар сари дег рўйхат дар дасташ ба онҳо амр медод, ки ба кадом оила чанд кафлес атола бояд бидиҳанд. Одамон ду-ду, се-се дар ҳамон наздикиҳо рўи замин давра гирифта, ҳиссаашонро мехўрданд.

Ман ҳам насибаамро гирифта, болои онро бо рўймолчаи гардӣ пўшонидаму бо эҳтиёт қадам зада, ҳониби хонаамон равон шудам. Танҳо аз хаёли он ки баъди чанд дақиқа атола мехўрем, даҳонам раҳораҳ об мекушод. Аммо қадаммониамро наметезонидам, ки мабода пешпо хўраму табақи атола аз дастам афтад. Бо ҳамин гуна ҳиссиёти ширин аз назди масҳид гузашта, ба тарафи рост гаштам ва ҳониби мазор, ки каме дуртар аз ҳавлии мо воқеъ буд, роҳ гирифтам. Вақте ба мазори кўҳна наздик шудам, ногоҳ аз паси он амаки Баҳриддин пайдо шуд. Вай як марди бадқавоқи сиёҳҳурдаи биникалон, дар рўяш доғи кунҳитмонанд дошт. Вақте гап мезад, гоҳ-гоҳ забонаш мегирифт. Аниқ намедонам, шояд барои ҳамин ўро ба ҳанг набурда буданд. Вай ба ҳамон аҳвол дар мактаб муаллимӣ мекард. Хулоса, Баҳриддин-амакро дида, салом додаму аз наздаш мегузаштам, ки вай бо ишораи даст маро боздошт.

– Куҳо меравӣ? – пурсид Баҳриддин-амак.

– Хона, – ҳавоб додам ман.

– Дар та-а-бақат чӣ дорӣ?

– Атола.

– М-моят ку?

– Бемор, дар хона хобанд.

 Амаки Баҳриддин, ба ростӣ баъзан ба амак гуфтани он касиф забонам намегардад, ба ман наздик шуду як ба атроф назар андохт, баъд мисли лошахўр ногаҳон табақро аз дастам чанг зада гирифт ва дикак нишаста, бо як ҳурт кашидан онро ним кард.

– Диҳед… момоҳон… диҳед мегўям! – бо тамоми овоз дод зада, худро сўи ў андохтам ман. Аммо вай бо як даст маро тела дода, атолаи боқмондаро низ дам кашид. Баъд дар ҳамон ҳолат табақро ба дастам дода, таҳдидомез гуфт:

– А-агар ба момоят гўӣ, мекушам! Фаҳ-фаҳмидӣ?! Гўй, ки аз дастам афтид.

Он рўз ман гирёну нолон бо табақи холӣ ба хона омадам. Момоям ҳоли зори маро дида, сахт тарсиданд ва ҳар замон «Чӣ шуд, кӣ зад?» гўён аз ошхона об оварда нўшонданд. Аммо вақте аз асли воқиа хабар ёфтанд, тассалиям доданд, ки ҳеҳ гап не, гиря накунам. Баъд Баҳриддинро «илоҳо кафан набарӣ, дар як хона мурию сад хона бў гирад» гўён дуои бад карда, хонаро кофтанд, аммо чизи хўрдание пайдо нашуд. Он шаб мо, се нафар ятимони гурусна, ҳамон табақи чўбинро лесида-лесида, дар чашмонамон ашку диламон пур аз ғусса ва шикамамон гурусна ба ҳогаҳ даромадем, аммо то субҳ хобамон наёмад.

– Бобоҳон, баъд момоятон ба он мард чӣ гуфтанд? – пурсид писарбача, яқин аз гурусна хобидани онҳо ба риққат омада.

Махсумзод Равшан, Пули Сирот:  Ҳикояҳо, повестҳо, андешаҳо.

Душанбе, 2010, 258  саҳ.

Атолафронт

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …