Главная / Гуногун / ПУЛИ СИРОТ: Хикоя (Китоби электрони)

ПУЛИ СИРОТ: Хикоя (Китоби электрони)

Бачем, косаро тоза кун, – гуфт Абдулло Хол, муйсафеди кокинаи хафтодсола, риши зардаш ба тартиб кайчизадашуда ва дар чашмони хокистарии андаке ба косахонаашон фурурафтааш айнак. Шишахои айнакаш гафс буданд. Андозаи он, аз афташ, калон ва ё ягон мурвати гушакаш суст шуда буд, ки муйсафед аз ду гушаки он резин баста, гирди сараш гузаронида буд. –  Савоб мегири, бехуда нагуфтаанд: Аз он рузе, ки бихиштро ато кард, савоби косалесонро худо кард. Гирифтани китоб ба пурраги >>>>

puli-sirot

– Хамаша хурдам-ку, бобохон, – гуфт набераи у, писарбачаи хафт-хаштсолаи резаандом, ба коса ишора карда.

Муйсафед каме аз хойи худ гехида косаро ба даст гирифту бо ангушти ишоратии андаке ках ва дарозаш бафурха атолаи даври онро гун дошта, лесидан гирифт. Писарбача аз бобояш чашм намеканд.

– Хама шираи хурок дар куни коса мемонад, – гуфт муйсафед насихатомез. – Барои хамин, хех гох хурокро дар куни коса намон. Хам коса тоза мешаваду савоб мегири, хам шираи хурокро мехури. Чи гуфти?

– Фахмидам, – гуфт писарбача.

– Боракаллох, хони бобо, ку як санхида бин, – косаро ба наберааш дароз кард муйсафед.

Писарбача ба бобо таклидкунон бо ангуштони хурдакакаш ба завк атолаи косаро тоза карда, мелесид ва аз чи бошад, завк карда механдид. Ногахон коса аз дасташ афтиду ба пиёлаи руи дастархон бархурда, онро шикаст.

– Эх лалук, – модараш, ки ин лахза дар даст чойники чой ба хона ворид шуда буд, онро кунхи дастархон гузошта, ба руи писар шаппотие зад.

– Ман хостам куни косаро тоза кунам, – гуфт писарбача, чашму лабонаш ба гиря моил шуда.

– Мурди аз гуруснаги! Дег пури хурок, сер нашуда боши, гап зан, меорам. Хех гох намонди, ки як пиёла чоя бе гам хурам.

– Бобоям гуфтанд, ки агар тоза куни, савоб мегири, – гуфт писарбача бо дасти атолаолуда чашмонашро пок карда.

– Ун дасти чиркина ба чашмат назан, – ба банди дасти писарбача зад модар. – Бобои ту як умр савоб, хисобу китоб гуфта, айши хамаро талх карданд. Барои хамин хам, падарат мумсик, шабушка кушта, хунаша мелесад. Тарбияи падара гирифтаги. Сарфакори хам, бо эбаш будагист, – нигохашро ба муйсафед кучонд келин.

Нигоххо ба хам бархурданд. Муйсафед номаълум сар хунбонида, аз дил гузаронд: «Айбу шарма намедони магар… Аввал як бор гиребони худатро бу каш, ана баъд бинии мисли бинии бибият пучукро ба гули дигарон дароз кун». Алалхусус хониби шавхар санги тахкир партофтани келин ба пирамард хуш наомад. «Охир вай шавхараш, соябони сар, падари фарзандонаш!». Баъд хаёлан писарашро маломат кард, ки лахоми ин бетамизро ба ихтиёри худаш мондааст. Магар марди хона хам, хамин хел суст мешавад!

– Аз субхи содик шуморо кадом гунда газид, келин, – гуфт муйсафед, бо оханги ранхиш.

– Э безор шудам аз насихатхонихоии шумо. Рузам медихед ё не?! Як афту башараи ин бачаро бинед. Одоб ёд медихам гуфта, дасту рую остинхои куртааша аз атола олондед. Шукри Худо замона серию пури, бозархо пури нон. Чи ин кадар шумою бачатона фисраю ларза гирифтааст? Баъд… дигар бас кунед хамин атолахуриатона! Аз рузе ки шумо омадед, бачахом ягон хуроки дуруст нахурданд. Руз дар миён «Келинхон, атола паз». Ба гайр аз шумо дар ин хона дигархо хам хастанд, дилашон дигар хел хурок мекашад. Бачатон бойи дакаданг нест, ки  ман хар руз ду дег монам.

Муйсафед ба ин монологи келин, ки хангоми асабиёна аз тан кашидани куртаи писарбачааш ба забон овард, ноилох гуш дода, намедонист чи бигуяд.  Аниктараш чи гуфтанашро медонист, чанд руз боз аз кошу кавоки мисли хавои сарди зимистон гирифтаи келин дарунаш пури гап шуда буд, аммо аз ин кутохандешии келинаш лол монда буд. У хех фахмида наметавонист, ки чаро келини як замон духтари оддии дехотиаш, дар тули дах-понздах соли  шахрнишин шудан мисли букаламун тагйир ёфтааст.

– Оташин нашавед, келин, ошатонро гарм нахуред, – гуфт муйсафед, базур галаёни дилашро фуру нишонда, – баъди ду-се руз меравам. Баъд чи хуроке ки дилатон мехохад, тайёр карда, бо бачахоятон мехуред. Дигар сояи маро дар ин хона намебинед. Хазор гусфанд кушта, тахти шохи гузоред хам, дигар кадамамро ба ин остона намегузорам. Агар писарам падар дорам гуфта, хабар гирад, ихтиёр дорад, дар акси хол уро низ ба шумо бахшидам. Факат келинхон, ихозат дихед, пеш аз рафтан ба наберахоям як вокиаро накл кунам. Харчанд аз насихатхонихои ман ба ин тифли бегунох безор шуда бошед хам, илтимос рад накунед. Ман, худатон дида истодаед, як одами пир, ба кавле офтоби сари кух, ки медонад, дигарбора фурсат даст медихад ё не? Шумо рози?

Келин дар хавоб чизе нагуфта, дастархонро гундошту хониби ошхона рафт.

– Пештар биё, бачем, – гуфт муйсафед, ба писарбачаи аз ин тую мангуихои бобою модараш хайратзада. – Ахамият надех, модарат дахони бекор хар гап гуфтан мегирад. Мехохи, аз овони кудакиям як саргузашти худро ба ту накл кунам?

Писарбача бо аломати тасдик сар хунбонд ва омада сари зонуи бобояш нишаст. Муйсафед бо навозиш муи сари уро бо панхахояш шона зада, огоз кард:

– Вакте ман дар хамин синну соли ту будам, зиндаги бисёр сахт буд, кахтию кимати буд. Медони барои чи?

Писарбача бо аломати инкор сар хунбонд.

 – О ту мактабхон-ку, муаллимонатон дар мактаб чи дарс медиханд?

– Бобохон, ман холо хурд, нав синфи якро тамом кардам, – гуфт писарбача. – Аз акаам пурсед, вай хама чиза медонад. Карат-карата пурра аз ёд медонад.

– А, рост мегуи, хони бобо, ман пир, баъзан фаромуш мекунам, – гуфт муйсафед аз паси сари наберааш бусида.

– Дина дар набудани шумо очам хам, ба дадем гуфт, ки ин муйсафеди пир аклашро хурдаст.

– Баъд дадет чи гуфт?

– Дахонатро пуш, канчик, гуфта пиёларо паронданд, – гуфт писарбача, чи хел пиёларо парондани падарашро бо дастонаш нишон дода.

– Шояд очаат дуруст мегуяд, ман акламро хурдаам, ки ба хонаи шумо омадам, – гуфт муйсафед хастахолона. Оханги гапаш он кадар хазину аламнок буд, ки хатто кудак ба риккат омад.

– Не, бобохон, шумо одами зур, бисёр афсона медонед, ба ман маъкул.

– Хазорон бор шукр, – изхори хурсанди кард муйсафед. – Лекин чизе ки хозир ман ба ту накл мекунам, афсона нест, хакикатест, ки бо чашмони худам дидам, дар хисму хони кудакиам эхсос кардам. Он замон ханги калон буд бо немисхо. Хама мардон ба ханг рафта буданд, танхо пирону занону кудакон ва маъюбу маслукон монда буданд дар акибгох. Шабу руз кор мекардем. Мо дар синну соли ту хояш ояд гандум дарав мекардем, об мекашидем, банд мебастем. Азбаски хурд будам, зуд монда мешудам, бинобар ин рахми занхо омада, кудакони ширмакашонро наздам мегузоштанд, то нигохубин кунам ё барои об мефиристоданд, бандина хамъ мекунонданд. Бадии кор дар он буд, ки мо хех гох нони сери намехурдем.

– Чаро? – пурсид писарбача.

– Набуд, хама чиз барои фронт фиристода мешуд, дар акибгох кахтию кимати буд. Одамон аз гуруснаги варам карда, хон медоданд. Рохбарон, шояд барои аз даст надодани дастони кори ва аз мурдан нахот додани мардум, дар хойи хавлии хозираи Охун Рахмат ду-се дег монда, хар руз атола мепазонданд. Ахли деха косаю табак дар даст ба ин хо меомаданд, барои худу фарзандонашон атола мегирифтанд. Мардум он хавлиро атолафронт мегуфтанд. Аник намедонам,  ин номро рохбарон фикр карда буданд ва ё  мардум пеши худ чунин унвон доданд. Шояд барои он чунин ном ниходанд, ки он солхо дар забони хурду калон калимаи фронт буд: одамон хамин калима дар хаёлашон хоб мерафтанду бо хамин калима дар забон субх бедор мешуданд.

Падару модарам барвакт аз дунё гузаштанд. Он вакт ман се-чорсола, бародарам ёздахсола ва апаам хафт-хаштсола буд. Моро момоям тарбия мекарданд. Ин зани бихишти ба кавле обу оташ, девкор буданд. Гапу корашона аз хех мард намемонданд. Моро мисли гурбамодар ба дандон газида, калон карданд, дар он солхои гушнагию нотинхи ба коми марг надоданд. Хар руз аз атолафронт хиссаи моро дар як табаки чубин меоварданд ва онро болои дастархон гузошта, хуред мегуфтанд. Мо, ки доим гушна будем, он табаки атола бароямон бехтарин хуроки дунё буд ва дархол онро гирд мекардем. Барои он ки зуд тамом нашавад, бо ангушт лесида-лесида мехурдем ва каме бошад хам, шикамамон сер мешуд, ба танамон рамак медамид. Аммо момоям ягон бор хамрохи мо атола намехурданд. Доимо дастархон партофта, табакро болои он мегузоштанду худашон ягон дарзро сари даст гирифта, сузан мезаданд ва аз дур атолахурии моро назора мекарданд. Ман то хол хайронам, ки ун кас кай як бурда нон мехурданд. Харчанд мекушам чунин манзараро пеши ру оварда наметавонам. Мисли гунхишк оварда ба нули мо медоштанду халос.

Рузе момоямро тобашон гурехт ва натавонистанд барои атола раванд. Акаам дар хона набуд, бинобар ин аз ман хохиш карданд, ки хамон табаки чубинро гирифта, барои атола равам. Вакте ба атолафронт расидам, одам кам буд. Ду-се зан бо навбат ба косаю табаки одамон атола мекашиданд. Як нафар мард дар сари дег руйхат дар дасташ ба онхо амр медод, ки ба кадом оила чанд кафлес атола бояд бидиханд. Одамон ду-ду, се-се дар хамон наздикихо руи замин давра гирифта, хиссаашонро мехурданд.

Ман хам насибаамро гирифта, болои онро бо руймолчаи гарди пушонидаму бо эхтиёт кадам зада, хониби хонаамон равон шудам. Танхо аз хаёли он ки баъди чанд дакика атола мехурем, дахонам рахорах об мекушод. Аммо кадаммониамро наметезонидам, ки мабода пешпо хураму табаки атола аз дастам афтад. Бо хамин гуна хиссиёти ширин аз назди масхид гузашта, ба тарафи рост гаштам ва хониби мазор, ки каме дуртар аз хавлии мо вокеъ буд, рох гирифтам. Вакте ба мазори кухна наздик шудам, ногох аз паси он амаки Бахриддин пайдо шуд. Вай як марди бадкавоки сиёххурдаи биникалон, дар руяш доги кунхитмонанд дошт. Вакте гап мезад, гох-гох забонаш мегирифт. Аник намедонам, шояд барои хамин уро ба ханг набурда буданд. Вай ба хамон ахвол дар мактаб муаллими мекард. Хулоса, Бахриддин-амакро дида, салом додаму аз наздаш мегузаштам, ки вай бо ишораи даст маро боздошт.

– Кухо мерави? – пурсид Бахриддин-амак.

– Хона, – хавоб додам ман.

– Дар та-а-бакат чи дори?

– Атола.

– М-моят ку?

– Бемор, дар хона хобанд.

 Амаки Бахриддин, ба рости баъзан ба амак гуфтани он касиф забонам намегардад, ба ман наздик шуду як ба атроф назар андохт, баъд мисли лошахур ногахон табакро аз дастам чанг зада гирифт ва дикак нишаста, бо як хурт кашидан онро ним кард.

– Дихед… момохон… дихед мегуям! – бо тамоми овоз дод зада, худро суи у андохтам ман. Аммо вай бо як даст маро тела дода, атолаи бокмондаро низ дам кашид. Баъд дар хамон холат табакро ба дастам дода, тахдидомез гуфт:

– А-агар ба момоят гуи, мекушам! Фах-фахмиди?! Гуй, ки аз дастам афтид.

Он руз ман гирёну нолон бо табаки холи ба хона омадам. Момоям холи зори маро дида, сахт тарсиданд ва хар замон «Чи шуд, ки зад?» гуён аз ошхона об оварда нушонданд. Аммо вакте аз асли вокиа хабар ёфтанд, тассалиям доданд, ки хех гап не, гиря накунам. Баъд Бахриддинро «илохо кафан набари, дар як хона мурию сад хона бу гирад» гуён дуои бад карда, хонаро кофтанд, аммо чизи хурдание пайдо нашуд. Он шаб мо, се нафар ятимони гурусна, хамон табаки чубинро лесида-лесида, дар чашмонамон ашку диламон пур аз гусса ва шикамамон гурусна ба хогах даромадем, аммо то субх хобамон наёмад.

– Бобохон, баъд момоятон ба он мард чи гуфтанд? – пурсид писарбача, якин аз гурусна хобидани онхо ба риккат омада.

Махсумзод Равшан, Пули Сирот:  Хикояхо, повестхо, андешахо.

Душанбе, 2010, 258  сах.

Атолафронт

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …