Главная / Маданият ва санъат / Принсипҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Фаъолияти шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– роҳ надодан ба танзиму назорати такроршавандаи фаъолияти шаҳрсозӣ бо шаклу усулҳои гуногун;

– амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ;

– масъулияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолии ҳудуди дахлдор, барои таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо объектҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии таъиноти истироҳатӣ ва солимгардонии на камтар аз сатҳи меъёру қоидаҳои муқарраршудаи шаҳрсозӣ оид ба хизматрасонии аҳолӣ барои ҳамин намуди маҳалли аҳолинишин, инчунин объектҳои ҳудудҳои ободонӣ;

– таъмини рушди устувори ҳудудҳо дар асоси банақшагирии ҳудуд ва минтақабандии шаҳрсозӣ;

– эҳтироми ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ;

– таъмин намудани шароит барои маъюбон ҷиҳати дастрасии бемонеа ба объектҳои таъиноти иҷтимоӣ ва таъиноти дигар;

– амалӣ намудани сохтмон дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудӣ ва иморатсозӣ;

– таъмини шароит барои иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо дар фаъолияти шаҳрсозӣ бо роҳи баррасӣ ва қабули қарорҳо дар соҳаи мазкур;

– амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи талаботи амнияти ҳудудҳо, муҳандисию техникӣ, мудофиаи гражданӣ, таъмини огоҳонӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, андешидани тадбирҳо ҷиҳати муқовимат ба амалҳои террористӣ;

– амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, амнияти санитарию эпидемиологӣ ва экологӣ бо назардошти омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва омилҳои дигар;

– амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо риояи талаботи нигоҳ доштани объектҳои мероси фарҳангӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

– ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ;

– дар ҳаҷми пурра ҷуброн намудани зараре, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти шаҳрсозӣ расонида шудааст;

– идора намудани хатарҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷумла бо назардошти дараҷаи хавфнокии объект барои ҳаёт ва саломатии инсон;

– анҷом додани намудҳои алоҳидаи расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ аз рӯи принсипи равзанаи ягона;

– ҳангоми дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод нагардидани ҷавоби мусбӣ ва ё манфӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҳамчун ҷавоби мусбӣ қабул намудани ин амал.

  1. Тартиби анҷом додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо назардошти истифодаи принсипҳои «идора намудани хатарҳо», «равзанаи ягона» ва «розигӣ бе зикр кардан», аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

kitob

ТАЪРИХИ ОМЎЗИШИ ҲАЁТ

  Дар бораи пайдоиши ҳаёт ва мавқеи одам дар байни организмҳои зинда фарзияҳои зиёд вуҷуд …