Главная / Илм / ПАСАНДОЗҲОИ МУҲЛАТНОК

ПАСАНДОЗҲОИ МУҲЛАТНОК

ПАСАНДОЗҲОИ МУҲЛАТНОК

Хусусиятҳо: Ин навъи пасандозҳо хусусияти муҳлатнокӣ дошта, аз рӯи бақияи маблағ дар ҳисоби пасандозӣ фоизи муайяни солона ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолате, ки Пасандозгузор мехоњад пеш аз муҳлати амали шартнома маблағҳои дар ҳисоби пасандози мавҷудбударо гирад, дар ин ҳолат маблағи пасандоз баргардонида мешавад, аммо фоизҳои он аз рӯзи қабули пасандоз аз рӯи меъёри муайяншуда барои пасандози «Бемуҳлат» ҳисобӣ карда шуда баъд аз тарҳи он маблағе, ки Пасандозгузор истифода бурдааст, баргардонида мешавад. Ҳисобӣ намудани фоиз ҳангоми мавҷуд будани маблағ дар суратҳисоби пасандозӣ дар ҳаҷми на камтар аз 100 воҳиди асъори ҳисоб амалӣ карда мешавад.

pasandozТавсия мешавад: Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

  • Пасандози «Муҳлатнок»

  Дар ҳолате, ки Пасандозгузор мехоҳад воситаҳои пулии худро ба муҳлати муайяне зиёда аз 3 моҳ дар Бонк нигоҳ дошта, аз рӯй пасандози худ фоизҳои нисбатан баланд гирад, ба ӯ пасандози «Муҳлатнок» пешниҳод карда мешавад. Ба ин навъи пасандоз маблағҳои пулӣ як маротиба ворид карда шуда, як маротиба гирифта мешаванд.

Шартҳои асосии пасандози «Муҳлатнок» 

Маблағи аввалия На камтар аз 100 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 1000)
Асъори пасандоз Сомонӣ, доллари ИМА, рубли ФР, евро
Муҳлати пасандоз Аз 3 то 24 моҳ
Андозаи фоиз Мувофиқи андозаи мукарраргардида дар санаи барасмият даровардани шартномаи пасандозӣ
Воридоти иловагӣ Пешбинӣ нашудааст
Давраи ҳисоби фоизҳо Ҳармоҳа
Давра ва тартиби  пардохти фоизҳо  Ҳармоҳа

§  ба таври нақдӣ

Шартҳои махсус Барои амалиётҳои зерин ҳаққи хизмати хазинавӣ ситонида намешавад:

·        ҳангоми пардохти фоиз тибқи шартнома;

·        ҳангоми гирифтани маблағ аз суратҳисоби пасандозӣ (танҳо барои он қисмате, ки қаблан нақдӣ ворид карда шуда буд);

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …