Главная / Гуногун / ПАНҶРӮД

ПАНҶРӮД

Панҷрӯд дар дунёи форсизабонҳо яке аз маъруфтарин деҳаҳост, зеро он зодгоҳи падари шеъри форсии тоҷикӣ Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ аст ва табиист, ки мо – панҷрӯдиҳо аз ин хеле ифтихор мекунем. Аз он сабаб ки ҳикояти ман бе- восита ба ин деҳа ва сокинонаш низ рабт хоҳад дошт, мехоҳам дар бораи ин гӯшаи муқаддаси Ватан каме маълумот бидиҳам.

ПанчрудПанҷрӯд, воқеъ дар дараи Киштӯд, яке аз деҳаҳои шӯрои деҳоти Рӯдакӣ буда, дар замони баччагии ман тақрибан 300 буна ва зиёда аз 2000 сокин дошт. Деҳа дар ду соҳили рӯди кӯҳии Уреч, дар баландии 1500 метр аз сатҳи баҳр, шаст километр ҷанубтар аз маркази ноҳия – шаҳри Панҷекат ҷойгир шудааст. Дар маркази деҳа дар канори рости рӯд, ягона ҳамвории калоне ҳаст, ки дар он мақбараи Устод Рӯдакӣ, китобхонаву чойхона ва мактабу фурӯшгоҳи деҳа ҷойгир шудаанд.

Мақбараи Устод, ки соли 1958 дар остонаи ҷашни 1100-со- лагии шоир бино шудааст, ҷузъи маҷмӯаи бузурге буда, он осорхона, китобхона, чойхона ва боғи сабзу хуррам дорад. Дар- возаи асосии маҷмӯа хеле зебо бино шуда, дар пештоқаш ба ду хат – кириллӣ ва форсӣ «Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Самарқандӣ» навишта шуда буд. Баъд аз бозсозиҳои солҳои охир дидам, ки нисбаи «Самарқандӣ»-ро аз номи Устод дар пештоқи дарвоза ҳазф кардаанд. Шояд ин натиҷаи сиёсатҳои ибнулвақти имрӯза бошад. Вале ноҳияҳои Панҷекату Айнӣ ва Масчо таъри- хан ҳамеша аз ноҳияҳои Самарқанд будаанд, ки дар натиҷаи «табартақсим»-и Шӯравӣ, онҳо тобеъи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)-и Тоҷикистон шудаанду Самарқанд ба Ӯзбакистон расидааст.

Хонаҳои сокинони деҳа дар ёнаҳои ду тарафи дарё, ки ба- тадриҷ боло меравад, то зери кӯҳдоман ҷойгир шудаанд. Пас аз хонаҳои охирин бевосита тали доманакӯҳ сар шуда, боло меравад ва ба кӯҳҳо мепайвандад. Ин доманакӯҳҳои кӯҳпайванд аз се тараф деҳаро мисли девор иҳота кардаанд. Ягона самти бе- девори деҳа самти ғарбӣ буда, роҳи мошингарди деҳа низ аз он сӯст, ки деҳаро ба маркази ноҳия ва дунё мепайвандад. Деҳаро аз самти шимолу шарқӣ кӯҳи Офтобрӯя, аз самти шарқ кӯҳи Ковонаву Шерзод ва аз самти ҷануб кӯҳи Соя иҳота кардаанд.

Калонсолони деҳа ҳикоят мекарданд, ки дар гузашта гузар- ҳои Сойи Нова, Қалъаи Кӯҳна ва Уффор аз қисматҳои маскунии деҳа будаанд. Он замонҳо, аз сабаби он ки таъмини ғизо сахт будааст ва мардуми деҳа аз ҳар ваҷаби замини корам истифода мекардаанд, дар мавзеъҳои Сари Пулаку Пирӯзу Роҳи Боло ва Даҳани Ночу Сучоту Роҳи Таг хонаи истиқоматӣ намесохтаанд, зеро ин заминҳо барои кишт будаанд. Хонаҳояшонро дар ёнаву теппаҳо, ки камтар барои кишоварзӣ ба кор меомад, месохта- анд. Баъдтар, вақте колхоз дар даштҳои Марғедар замин кушод ва ба мардум низ аз он ҷо замин доданд, масъалаи кишти зироат ҳалли худро ёфт ва дар киштзорҳои пешина низ хона сохтаанд. Дар ҳоли ҳозир тамоми ин гузарҳои деҳа маскунӣ гаштаанд. Заминҳои деҳа аз тариқи панҷ ҷӯй, ки сетояш аз болотари деҳа ва дутои дигар аз васати деҳа, аз рӯдхонаи Уреч об мегиранд, обёрӣ мешавад.

Он замон Панҷрӯд яке аз деҳаҳои колхози Рӯдакӣ буд. Кол- хоз истилоҳи русӣ буда, дар забони форсии тоҷикӣ низ исти- фода мешуд, ки маънояш хоҷагидории умумӣ ё ҷамъиятӣ аст. Инчунин ҳамсоядеҳаҳои Артуч, Мадовра, Якахона, Кулолӣ, Зери Ҳисор, Некнот, Шашқат ва Кошона низ ҷузъҳои ин колхоз ва аксари сокинони ин деҳаҳо аъзои ин хоҷагӣ буданд. Колхози Рӯдакӣ муассисаи кишоварзие буд, ки асосан ба тамокукорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғул буд. Ғайр аз ин, колхоз заминҳои лалмӣ дошт, ки дар онҳо ҷаву гандум мекориданд. Мардуми деҳа соле ҳашт-нӯҳ моҳ дар мазрааҳои колхозӣ кор мекарданд ва танҳо се-чор моҳи зимистон нисбатан озод мешуданд. Музде, ки колхоз ба кормандони худ медод, зиёд набошад ҳам, барои рӯзгузаронии сода кифоят мекард.

Сокинони Панҷрӯд дар назди хонаҳояшон замин доштанд, ки қисман аз боғҳои себу нок иборат буда, дар қисми дигари ин заминҳо анвоъи зироати ғизоӣ кишт мекарданд, ки эҳтиё- ҷоташонро таъмин менамуд. Дар моҳҳои зимистон, ки кори колхоз кам мешуд, меваи боғҳои худро ба бозорҳои Марву Чорҷӯй ва Бухорову Тошканд ва гоҳе Ишқободу Олмоото бур- да мефурӯхтанд ва даромад ба даст меоварданд. Ҳамин тавр, ин заминҳои наздиҳавлигӣ, аз як сӯ, хонаводаҳои мардумро бо сабзавот таъмин намояд, аз сӯи дигар, фурӯши меваи он даромаде медод, ки мардум камиҳои дигари рӯзгорашонро аз он ҳисоб буд мекарданд. Ғайр аз ин, ҳамаи сокинон чор- вои хонагӣ доштанд, ки хӯроки он аз заминҳои наздиҳавлигӣ буд ва он дар навбати худ, хоҷагиҳоро бо гӯшту шир таъмин мекард. Ба назари ман, ин заминҳои наздиҳавлигӣ бештар аз музди меҳнати колхозӣ ба мардум даромад медоданд ва бори рӯзгорашонро мекашиданд.

Мардуми деҳа меҳнатдӯст буданд. Ин меҳнатдӯстӣ тавъам бо суннатҳои устувори бобоӣ ва сиёсати ҳукумати давр боис шуда буд, ки мардум бештар дар деҳа пойбанд шуда, камтар аз паи омӯзиш ва илму фан мерафтанд. Илова бар ин, сиёсати «саб- ти ном дар ҷои истиқомат»-и давлати вақт иҷозаи муҳоҷират намедод, дар натиҷа мардум ба истилоҳ дар як мамнӯъгоҳе мезистанд. Тибқи сиёсати сабти ном дар ҷои истиқомат, ё ба истилоҳи он замон роиҷ – «прописка», дар Иттиҳоди шӯравӣ мақомот муҳоҷирати мардумро шадидан назорат мекарданд ва тағйири ҷои истиқомати шаҳрвандон фақат бо иҷозати мақомот имконпазир буд. Хатмкардагони мактаби деҳа ба мактабҳои олӣ дохил шуда, онро хатм кунанд ҳам, аксаран, бо роҳхат ба зодгоҳ фиристода мешуданд. Барои онҳо маскун шудан дар шаҳрҳо ё идома додан ба таҳсил кам муяссар мешуд.

Умуман, ҷомеаи Панҷрӯдро метавонем ҷомеаи суннатӣ ном барем, ки дар он танзими ҳаёт аз рӯйи расму русум ва урфу одат амалӣ мешавад. Одамон дар ин ҷомеа бештар дар ҳалқаи қавму авлод зиндагӣ мекунанд, ки он яке аз омилҳои пойбанд мондан ба ин расму русум мебошад.

Дар чунин ҷомеае инсон пойбанди як қатор урфу одатҳо аст, онҳоро муқаддас мешуморад ва ҳеч гоҳ ба шикастани онҳо даст намезанад. Зимнан, расму русум дар ҷомеа дар замонҳои гуногун зери таъсири шароити зист пайдо мешаванд. Масалан, серфарзандӣ дар Панҷрӯд замоне расм шудааст, ки маргуми- ри кӯдакон ба сабаби шароити бади беҳдошт зиёд будааст. Ҳатто, дар байни мардум мақоле ҳаст, ки мегӯяд: «Як фарзанд фарзанд нест». Ё, падидаи маҳдуд зистани сокинони деҳа ва аз муҳоҷирату омезиш бо мардуми берун худдорӣ кардани онҳо, маҳсули замони турктозӣ ва хатарзо будани дунёи берун будааст.

Дар чунин ҷомеаи суннатгаро ақли салим ҳукмфармоӣ мекунад ва ба фарқ аз тафаккури мантиқӣ, падидаҳоро таҳлил намекунад, ба ботини онҳо наменигарад ва маҷмӯи рафтору кирдори роиҷро бе таҳлилу баррасӣ қабул намуда, иҷрои онро аз ҳамагон талаб мекунад.

Ҳамин тавр, сокинони Панҷрӯд низ дар замони кӯдакии ман ба тағйири шароит нигоҳ накарда, ба урфу расми бобоӣ арҷ гузошта, дар чорчӯби онҳо зиндагӣ мекарданд.

Замони баччагии ман сокинони деҳа ҳама ба ҳамдигар қарин буданд, меҳру муҳаббат доштанд ва доим аз ҳоли ҳам хабар- дор, гӯё дар як оилаи бузурге мезистанд. Аслан, сокинони деҳа тақрибан ҳама бо ҳамдигар робитаи хешу пайвандӣ доранд. Фикр мекунам агар дуруст таҳқиқ шавад, мисли насли инсон, ки аз як момову (Ҳавво) бобо (Одам) ҳастанд, ҷадди ҳамаи сокино- ни Панҷрӯд ҳам рафта, ба сулолаи Устод Рӯдакӣ мепайвандад.

Хонаи мо дар гузари Қалъаи Кӯҳна дар қисмати ғарбии деҳа ҷойгир шудааст. Пас аз он фақат ҳотаи аммаам аст, ки аз болои он ҷӯи Тарноваҳо мегузарад. Баъд аз он ҷӯй, тали Чинг- реза оғоз шуда, боло меравад ва ба Кӯҳи Соя мепайвандад. Баҳорон, баъд аз Наврӯз, вақте ба мо иҷозат медоданд, ки шабҳо дар берун, дар рӯи кат бихобем, садои форами оби ҷӯйборе, ки аз ҷӯи Тарноваҳо ба хонаамон мефуромад, моро алла мегуфту субҳҳо чаҳ-чаҳи булбулоне, ки ҳар баҳор дар шохҳои дарахтони сафедор маъво мегирифтанд, аз хоб бедор мекард. Ҳанӯз ҳам дилам барои он замону макон гум мезанад.

Дар деҳаи мо Наврӯзро пуршукӯҳ ҷашн мегирифтанд. Ҳар сол мо – баччаҳо рӯзи аввали ин идро бесаброна интизор мешу- дем. Дар болои хонаи мо дар шафати тали Чингреза ҳамворие ҳаст, ки онро Хирманҷой меноманд. Як нафар аз сокинон рӯзи аввали Наврӯз ба ин баландӣ баромада, дойра мезад ва мар- думро аз омадани Наврӯз хабар мекард. Баъд аз он дар даво- ми як ҳафта ҳар рӯз духтарон бо сарулибоси нави наврӯзӣ ба Хирманҷой меомаданд ва дойразаниву сурудхонӣ мекарданд. Баччаҳо гурӯҳ-гурӯҳ мувофиқи синну сол ҷамъ шуда, чиликбозӣ мекарданд. Ба мо дар Наврӯз ҳатман либоси нав мехариданд ва як ҳафта, ки ҳамаи ҷавонони деҳа дар ин ҷой базму бозиҳои наврӯзӣ мекарданд, аҳли деҳа барои баччаҳо дастархон мефи- ристоданд. Ҷашни Наврӯз то як ҳафта бо ҷӯшу хурӯши хос идома меёфт, вале асари фараҳе, ки он ба дилҳо меовард, дуру дароз боқӣ мемонд.

Дар яке аз рӯзҳои Наврӯз дар масҷиди деҳа «Ҷуфти гов» ном маъракае баргузор мешуд, ки дар он мӯйсафедони деҳа ба деҳқонон барои кишти нав фотиҳа медоданд ва мавсими киштукори онсола оғоз мешуд. Дар кори кишоварзӣ деҳа ба ду гурӯҳ тақсим буд ва ин гурӯҳҳоро саркорон роҳбарӣ мекарданд. Ҳамин саркорону деҳқонон дар ин рӯз дар масҷид ҷамъ шуда, тарзи кору бори кишоварзии имсоларо машварат мекарданд. Тоза кардани ҷӯйҳо, шудгор кардани заминҳо, ба кадом зиро- ат ихтисос додани ин ё он қитъа, тақсими кор байни аъзо ва ғайра дар ҳамин маърака баррасӣ ва ҳал карда мешуд. Баъд аз ин ҳама яке аз пирон хеста, порае аз Қуръонро қироат карда, барои Бобои Деҳқон аз худованд обу ҳавои мусоид ва ҳосили фаровон таманно мекард ва ҳама даст ба рӯй кашида, аз паси кор мешуданд.

Хонатаконӣ яке аз расмҳои наврӯзӣ буд. Модарони деҳ, ки соҳибхона буданд, бо ёрии духтарон, пеш аз иди Наврӯз тамоми бисоти хонаро берун мебароварданд, фаршу палос ва либосҳоро аз чангу гард метаконданд, дегу косаро тоза мешустанд ва гӯё ғаму кулфати соли рафтаро аз хона берун мекарданд ва бо рӯҳи тоза, зиндагӣ дар соли навро шурӯъ мекарданд.

Баччагии ман дар ана ҳамин «Деҳаи тиллоӣ» гузаштааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …