Главная / Гуногун / Оташпарастӣ дар замони сосониён авҷ гирифт?

Оташпарастӣ дар замони сосониён авҷ гирифт?

Оташпарастӣ дар замони сосониён авҷ гирифт, ки асосгузораш Зардўшт буд. Магар оташу нур ҳарду як чиз нестанд? Оташ набошад нур пайдо намегардад, пас ҳарду – оташу нур яксон нестанд?

На, ҳаргиз! Оташпарастии Зардўштро бо нурпарастии Ориён махлут сохтан мутлақо нодуруст аст. Нур (ур) ба Ил-оллоҳ вобастагӣ дорад, оташ ба мабдаъ (сабаб) вобастагӣ дорад. Агар аз лиҳози фалсафа маънидод кардани шавем, пас мабдаъ – бе унсур вуҷуд надорад. Унсур бошад ба ақидаи материализм ва аз он ба сўи атеизм (даҳрия) мебарад. Ин буд, ки Афлотун ба назарияи судур (эманатсия) мўътақид буд. Дертар аҳли тасаввуф (суфизм) ба нури Парвардигор ва аз ин ҷиҳат ба эътирофи «Ан-ал-ҳақ» гузоштанд.

Ориён то дини Зардушт фақат Худоро парастиш мекарданд, ки бо нури Худ на фақат оламро мунаввар месозад, балки онро ба ҳаракат медарорад ва сабабгори офариниши набототу сабзавот, парранда, хазандаву чаранда ва махлуқоти дигари олам мегардад.

Дар замони Дорои 1 ва сипас аз тарафи Хишоёршоҳ дар ҷодаи худошиносӣ табаддулоти ҷидди гузаронида шуд. Ҳахоманишҳо Аҳуро Маздоро аз деву аждар ҷудо карда, салобат ва бузургии ўро ба мадди аввал гузоштанд, ки ин ба Худои монотеистӣ – ба дини Ислом роҳ кушод. Зардушт аз бисёр ҷиҳатҳо таълимоти бардуруғи хешро ба таълимоти Маздоясно монанд карда, «дин»-и худро офарид, ки ин сабаби мухолифати байни тўрониёну Зардушт шуд. Ў маҷбур шуд «дин»-и худро дар байни дигар қавмҳои тўронӣ паҳн кунад. «Чунон, ки олимон исбот намудаанд, – мегўд М. С. Иванов, – Маздояснои Ҳахоманишҳо бо дини Зардушт яксон набудааст».

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

tramp

Трамп пас аз президентӣ чӣ кор хоҳад кард?

Доналд Трамп, президенти 45-уми Иёлоти Муттаҳида, ба охири мӯҳлати ваколаташ наздик мешавад. Пас аз бохт …