Баъди ба охир расидани гаструлятсия дар ҷанин узвҳои марказӣ ба монанди, найчаи асаб, хорда, найчарўда пайдо мешаванд. Дар нештаршаклҳо узвҳои марказӣ ба чунин роҳ ташаккул меёбанд (расми 7.4). Эктодермаи тарафи тахтапушт хам гашта, ба новача табдил меёбад. Эктодермаи ҷонибҳои чап ва рост бошад, меафзояд ва болои новачаро мепўшонад. Новача ибтидои силсилаи асаб буда, ба эктодер ма фурў меравад ва паҳлўҳои он бо ҳам пайваст мешаванд.
Ҳамин тавр, найчаи асаб ба вуҷуд меояд. Аз қисми дигари боқимондаи эктодермаи ибтидоӣ пўстпарда пайдо мешавад. Дар ин зина ҷанинро нейрула меноманд. Қисми тахтапуштии энтодерма, ки дар зери асаб ҷойгир аст, аз дигар қисмҳо ҷудо шуда, печутоб мехўрад ва тасмаеро ба вуҷуд меорад, ки онро хорда меноманд.
Аз қисми боқимондаи энтодерма, мезодерма ва эпителяи рўда инкишоф меёбад. Тафриқашавии минбаъдаи ҳуҷайраҳои ҷанин ба пайдо шудани баргакҳои бисёри озод, яъне узву бофтаҳо оварда мерасонад.