Главная / Гуногун / ОИНАИ АДАБИЁТ (Мақола)

ОИНАИ АДАБИЁТ (Мақола)

Инак, як соли нашрияи Миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» ба хазинаи таърих ворид гардид. Хушбахтона ҳама дувоздаҳ шумораи маҷалла сари вақт ба хонандагон расонида шуд, ки боиси ифтихор ва сарбаландист. Зеро ҳатто дар замони тинҷу осудаи Шўравӣ чунин комёбӣ даст надода буд. Аз ин рў кормандони маҷалларо бо ин дастоварди хеле хуб табрик менамоям. Қобили зикр аст, ки дар ҳама дувоздаҳ шумора беҳтарин ва хонотарин осори илмиву адабии ватанӣ ва тозатарин шоҳкориҳои фарҳанги ҷаҳон барои мутолиа ва қазоват пешкаши хонандагон қарор дода шуд.

abubakr-maryamМисраҳои Саидҷон Ҳакимзода ба ёд меояд: «Гулпарастонро кунад ҳар гул ба бўи хеш маст, Кас наёбад дар миёни гулситон такрори ман».

Бале, дар фазои фарҳангии кишвар маҷаллаи «Садои Шарқ» ягона аст. Мо аз минбари он ба бешу кам ва нўшу неши зиндагӣ менигарем. Ва ин ҳамаро ки набзи зиндагист ламсу дарк мекунем. Ва оҳиста-оҳиста суханро дўст медорем. Дўст доштани сухан лаззати зиндагист. Ва устод Лоиқ Шералӣ чӣ хуб гуфта:

        Кори мо нест фақат сохтани хомаи гил,

        Кори мо ин, ки дар он хома муҳаббат бошад.

Мегўянд, ки соли хуб аз баҳораш аён аст. Барори кори «Садои Шарқ» аз шумораи нахустин ҳувайдо буд. Он бо сармақолаи «Кори ҷаҳон рў ба хубист» оғоз ёфта, бо сўҳбати пурмўҳтавои Абдулҳамид Самад «Андешаҳо перомуни сангу тарозуи наср» ва китоби сеюми романи «Дар орзуи падар»-и Кароматулло Мирзо идома ёфтааст.

Муҳтавои асарҳои чопшуда гувоҳи он аст, ки адибони тоҷик нисбати масъалаҳои доғи рўз бетараф набуда, ҳамқадам бо замон будаанд.

Асри бисту як асри пешрафти илму техника аст. Аз ин рў ақиб мондан ҷоиз нест. Ва ғояҳои миллии мо тақозо мекунад, ки дар ҳамаи марҳилаҳо иқтисод ва дараҷаи зисту зиндагии аҳолиамонро боло бибарем.

Албатта, ин ҳама муҳим аст. Аммо иқтисоди тавоноро шахсони бофарҳанг поягузорӣ мекунанд.

Бидуни шакку шубҳа, бе муболиға «Садои Шарқ» дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додаст. Дар дувоздаҳ шумора зиёда аз бист очерку мақолаҳои публисистӣ ба табъ расидааст. Арзишмандтарин мавод рисолаи файласуф, муаррих, доктори фалсафа Акбари Турсон «Доди таърих ва бедодии таърихнигорон» мебошад, ки дар ҷавоб ба бадхоҳону душманони миллати мо навишта шудааст. Очеркҳои Раҷаб Мардон «Ҳусни замин», Ҷамолиддин Тошматов «Дар қатраи об – акси офтоб», Давлати Даврон «Рўзе аз он рўзҳо» ва мақолаҳои публисистии Холназар Муҳаббатов «Мавҷи об», Мўҳтарам Ҳотам «Истиқлолият ва раванди таърихии ташаккули арзишҳои миллӣ», Карим Давлат «Дарвозаи тиллоии Шарқ», Назри Яздонӣ «Таҷаллии чароғи уммат» пурмазмун ва хонданианд.

Ба ман қайдҳои сафари адиби Белорус Алес Карлюкевич «Тоҷикистон дар шинохти ман», ки дар шумораи даҳум ба табъ расидааст хеле писанд омад. Зеро кишвари азизи худро аз нигоҳи як меҳмони хориҷӣ дидан хеле муҳим ва муфид аст.

Шоёни зикр аст, ки кормандони маҷалла кори хайр ва савоби бисёреро ба анҷом расониданд.

Аввалан рисолаи орифи бузург, имомзода, профессор Ҳазрати Иноятхон бо номи «Тарбият» пешкаши хонандагон гардониданд. Ин рисола асарест, ки хондану баҳра бурдан аз он барои ҳар кас шарт аст.

Сониян дар шумораи ҳафтум мақолаи шоир ва рўзноманигори маъруф Ғоиб Сафарзода «Пул додану дарди сар харидан»-ро ба табъ расонданд. Ин мақола ҳанўз соли 1968 дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») ба нашр расида, перомуни эҳтиром ва пок нигоҳ доштани забони модарӣ, эътибор додани номгузорӣ ба кўчаву хиёбон ва корхонаву муассисаҳо баҳс мекунад.

Дар ҳамин шумораи маҷалла рисолаҳои пурмўҳтавои «Фиқҳи Акбар» ва «Васият»-и Имом Абўҳанифа (р. ҳ)-ро тақдими алоқамандон ва дўстдорони фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва пайравони ин марди бузург намуданд.

Тарҷумаҳои Олжас Сулаймонов «Ба мардум дурўғ нагуфтам» хеле хонданибоб мебошад.

Тарҷума ва ба чоп расонидани «Андарзи бузургон» ва «Турфаҳо» падидаи нав буда, маҷалларо хеле зеб дода, ширадор кардааст.

Ду пешниҳод дорам.

Якум, хуб мебуд агар «Паёми айём» дар саҳифаи ду нею дар саҳифаи се ҳамчун сармақола ва ё гўшаи сармуҳаррир меомад.

Дуюм, дар се шумораи маҷалла се ҳаҷвия ба табъ расидааст. Агар дар ҳар шумора як ҳикояи ҳаҷвӣ ва ё латифа чоп мешуд, ҳусни маҷалла меафзуд. Мардуми мо имрўз лутфу зарофатро фаромўш кардаанд. Ҳаҷв бояд зарофатро омўзонад.

Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки шумораи зиёди одамон, инчунин роҳбарони зинаҳои гуногун эҳтиром ба «Садои Шарқ»-ро батамом фаромўш кардаанд. Аз тарафи дигар на ҳама эҷодкорон ба ин маҷалла назари холисона ва хайрхоҳона доранд. Аз ин рў рашку ҳасадро бояд аз дил биронем. Ва боз мисраҳои Саидҷон Ҳакимзода ба ёд меояд: «Раҳ ёбад агар ба ҳар диле рашку ҳасад, Он дил ҳама вақт бадгумон мемонад».

Мехоҳам суханрониамро бо фармудаи Низомии Ганҷавӣ ҳусни хотима бахшам:

                   Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,

                   Гузар аз пўст кун, то мағз бинӣ.

10 марти соли 2010

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …