Главная / Гуногун / ҲОДИСАҲОИ РӮШНОӢ

ҲОДИСАҲОИ РӮШНОӢ

Сарчашмаҳои рӯшноӣ. Офтоб сарчашмаи асосии рӯшноӣ ва гармӣ аст. Аз ин рӯ, аз замонҳои қадим гар- миву рӯшной дар шуури одамон ба таври яке аз дигар ногусастанй арзи ҳастӣ мена­моянд. Сарчашмаҳои сунъии рӯшноӣ ин оташ, чароғакҳои пилтай ва газӣ, лампаҳои барқӣ ва ғайра мебошанд. Гармию рӯшной дар забонаи оташ, параха ё пешдаргирон тавассути ҳиссачаҳои тасфидаи углерод паҳн мешаванд. Дар лампаҳои барқй бошад ресмони металлии тасфидашуда рӯшноӣ медиҳад.

Дар Табиат рӯшноии «хунук» низ мавҷуд аст.Таври мисол, рӯшноие, ки аз чӯби пӯсида ва тортанакҳои зинда, қутбҳои дурахшанда ва ғайра меоянд. Ин ҷисмҳо, ки нур меафкананд, чун қоида, тасфонида нашудаанд. Лампаи каммасраф, ки таври маъмул истифода мешавад, низ метавонад сарчашмаи рӯшноии «хунук» бошад.

Хати рости паҳншавии рӯшноӣ.

Агар ашёи ношаффофро байни чашмон ва сарчашмаи рӯшноӣ гузорем, пае мо сарчашмаи рӯшноиро дида наметавонем. Ин баёнгари он аст, ки дар муҳити якҷинса рӯшноӣ ба таври хати мустақим паҳн мегардад. Ба таври мустақим паҳншавии рӯшноиро бо пайдоши соя исбот намудан мумкин аст (расми 52).

rushnoiСояи одамон ва дарахтон дар рӯшноии равшани офтоб хуб ба мушоҳида мерасад. Гирифтани Моҳ ва Офтоб низ марбут ба ҳамин ҳодиса аст (расми 53).

Инъикоси рӯшноӣ.

Агар ойинаро дар роҳи шуъои рӯшноӣ, ки ба хона дохил мешавад, гузорем, паc вай инъикос ёфта, сатқи он дигаргун мешавад.

Расми 53. Пуррагирифта шуцани Офтоб. Тоҷи офтобй.

Ойинаро давр занонида, вайро метавон ба самтҳои гуногун: ба девор, сақф, фарш равона кард.

Чунин ҳодисаро мо инъикоси рӯшноӣ меномем.

Аз таҷриба меълум мегардад, ки рӯшноӣ ҳамеша аз марзе, ки ин ду муҳитро аз ҳам ҷудо мекунад, инъикос мешавад.

Вале сатҳи ин муҳитҳо метавонанд шаффоф ва ё ғайришаффоф бошанд.

Сатҳҳои бисер суфта, аз қабили сатҳи ойина, сатҳи ороми об, сатҳи сайқалдодашудаи чӯбу металҳо рӯшноиро хуб инъикос менамоянд. Дар натиҷаи ин инъикоси ашё аз ин сатҳҳо оинавй мебошанд. .Агар рӯи оинаи бо чанг пӯшидашуда ва ё сатҳи он чиркин ва биҷир-биҷир мекунад, пас аз ин сатҳ рӯшноӣ паҳн мегардад ва ҷисмҳоро дақиқ инъикос наменамояд. Вале худи ҳамин сатҳҳо хуб диданию на- моён мешаванд.

Чунин ҳодисаҳоро мо дар оинаҳои хуб мушоҳида карда метавонем. Тасвири ин ходисаро мо дар ҳикояи М.Пришвин таҳти унвони «Инъикос» хонда метавонем. Дар он чунин як тасвир ҳаст.

«Имрӯз сатҳи об чунин ором буд. Акси мурғобиҳои дар болои об парвозкунанда дар об бисёр рӯшан дида мешуд. Дар ин вақт сагчаи нависанда бо номи Лада дар соҳили дарёча бозӣ мекард. Ногаҳон вай дид, ки ба тарафи ӯ ду мурғобие, ки ба ҳам чун ду қатраи об монанд мебошанд (расми 54) парвоз мекунанд.

Саг сари он масъала, ки кадоме аз онҳоро ба даст бояд овард, бисёр фикр накар- да, сабу к хез зад ва гурсос зада худроо ба об партофт…

Албатта, Лада ҳеҷ чизе дар ин бора намедонист, ки мургобй дар об ҳамагй як акс буда ва бисер ба мурғобии зинда шабоҳат дорад»

Шикасти рӯшной.

Дар сарҳади ҷудошавии ду муҳит (об-ҳаво, ҳаво- шиша) боз ҳодисаи рӯшной ба вуқуъ мепайвандад. Онро шикасти рӯшноӣ меноманд.

Вақте рӯшной ба сарҳади байни ду муҳит меафтад, як қисми он инъикос ёфта, қисми дуввуми он шикаста ба муҳити дигар мегузарад. Дар ин маврид тағйирёбии шакли андоза ва ҷойгиршавии ашё, ки дар муҳити дуввум қарор дорад, бармало ба назар мерасад.

sag

Таври мисол, дар расми 55 қаламеро мебинем, ки дар истакони обдор ҷойгир карда шудааст.

Метавон мушоҳида кард, ки қисмати болоии қалам ва қисмати поёнии он, ки дар об аст, дар як хати рост қарор нагирифтаанд. Ба ибораи дигар, чунин ба назар мерасад, ки гӯё қалам бишкастааст.

Вале воқеан қалам нашикаста, ҳамагй дар об шикаста- аст. Ин ҳодисаро шикасти рӯшноӣ меноманд.

Як таҷрибаи дигар мегузаронем. Дар таги истакони холй як санги суфтаро мегузорем.Сипас он ҳамаро тавре ме- гузорем,, ки маркази санг, канори истакон ва чашмони мо дар як хати рост қарор бигиранд.

Агар ба истакон обро бирезем, пас чунин ба назар мерасад, ки санг ҳамроҳи об аз таги истакон боло мешавад. Агар қаблан танҳо як қисми санг намоён бошад, пас ак- нун вай пурра намоён аст. Ин ҳодиса низ баёнгари ҳодисаи шикасти рӯшной ҳангоми гузаштан аз як муҳит ба муҳити дигар аст.

Шуъои сафеди рӯшной аз кадом рангҳо иборат аст?

Ҳангоми афганиши Н1уъои рӯшноии офтоб ба балои шишаи оинагин ва ё ҷоми булӯрин мо мебинем, ки чй сон аз вай якчанд шуъоҳои ҳарранга берун мешаванд. Чу­нин рангҳо дар қатраҳои зиёди борон ҳангоми дурухши рӯшани шуъои офтоб пай- до мешаванд. Дар миёни мардум он бо ибораи тортанаки офтоб, ва ё рангинкамон машхур аст Аз замонҳои қадим ба одамон таҷзия шудани шуъои сафеди рӯшной ба рангҳои гуногун маълум аст. Вале вай таври илмй соли 1666 аз тарафи олим Исаак Нютон асоснок шуда буд. И. Ньютон шуъои одни сафеди рӯшноиро аз призмаи серӯя гузаронд. Дар натиҷа дар девори он рангинкамони сунъй ба даст оварда шуд. Маҷмуъи ин рангҳоро спектр меноманд.

Спектр аз ҳафт ранги дар пайдарпайии муайян ҷиддан қарор гирифта иборат мебошад.

Ин рангҳои сурх, норанҷй, зард, сабз, кабуд, обй ва бунафш (расми 56) мебо- шанд.

Вақте вай дар роҳи шгуъоҳои рангин призмаи серӯяро қарор дод, дигарбора шу­ъои сафеди рӯшной ҳосил шуд.

И.Ньютон хулоса кард, ки шуъои сафед аз ҳафт ранги дар боло зикршуда иборат аст.

Ранги ҷисм аз чй лобаста аст?

Ҷисмҳо дар Табиат ҳар навъ рангҳоро инъикос намуда, баъзе аз онҳоро фурӯ меба- ранд. Агар ҷисм ранги сурхро инъикос наму­да , дигар рангҳоро фурӯ барад, вай ба назари мо сурх менамояд. Агар ҷисм ҳама рангҳоро инъикос намояд, бароямон сафед маълум ме-

гардад. Агар ҳама рангҳоро фурӯ барад сиёҳ менамояд. Асосҳои илмии ин ҳодисаҳоро Шумо дар дарсҳои физикаи синфҳои болой меомӯзед.

Пурсишҳо

  1. Сарчашмаи табии рӯшноӣ чисn?
  2. Сабаби пайдоиши соя дар чист?
  3. Кадом ашё рӯшноиро хуб инъикос менамоянд?
  4. Чаро каламе, ки ба истакони обдор гузошта шудааст, аз берун шикаста ба назар

мерасад?

  1. Ранги сафед аз кадом рангҳо иборат аст?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …