Главная / Гуногун / ХОДИСАХОИ РУШНОИ

ХОДИСАХОИ РУШНОИ

Сарчашмахои рушнои. Офтоб сарчашмаи асосии рушнои ва гарми аст. Аз ин ру, аз замонхои кадим гар- миву рушной дар шуури одамон ба таври яке аз дигар ногусастанй арзи хасти мена­моянд. Сарчашмахои сунъии рушнои ин оташ, чарогакхои пилтай ва гази, лампахои барки ва гайра мебошанд. Гармию рушной дар забонаи оташ, параха ё пешдаргирон тавассути хиссачахои тасфидаи углерод пахн мешаванд. Дар лампахои баркй бошад ресмони металлии тасфидашуда рушнои медихад.

Дар Табиат рушноии «хунук» низ мавчуд аст.Таври мисол, рушноие, ки аз чуби пусида ва тортанакхои зинда, кутбхои дурахшанда ва гайра меоянд. Ин чисмхо, ки нур меафкананд, чун коида, тасфонида нашудаанд. Лампаи каммасраф, ки таври маъмул истифода мешавад, низ метавонад сарчашмаи рушноии «хунук» бошад.

Хати рости пахншавии рушнои.

Агар ашёи ношаффофро байни чашмон ва сарчашмаи рушнои гузорем, пае мо сарчашмаи рушноиро дида наметавонем. Ин баёнгари он аст, ки дар мухити якчинса рушнои ба таври хати мустаким пахн мегардад. Ба таври мустаким пахншавии рушноиро бо пайдоши соя исбот намудан мумкин аст (расми 52).

rushnoiСояи одамон ва дарахтон дар рушноии равшани офтоб хуб ба мушохида мерасад. Гирифтани Мох ва Офтоб низ марбут ба хамин ходиса аст (расми 53).

Инъикоси рушнои.

Агар ойинаро дар рохи шуъои рушнои, ки ба хона дохил мешавад, гузорем, паc вай инъикос ёфта, сатки он дигаргун мешавад.

Расми 53. Пуррагирифта шуцани Офтоб. Точи офтобй.

Ойинаро давр занонида, вайро метавон ба самтхои гуногун: ба девор, сакф, фарш равона кард.

Чунин ходисаро мо инъикоси рушнои меномем.

Аз тачриба меълум мегардад, ки рушнои хамеша аз марзе, ки ин ду мухитро аз хам чудо мекунад, инъикос мешавад.

Вале сатхи ин мухитхо метавонанд шаффоф ва ё гайришаффоф бошанд.

Сатххои бисер суфта, аз кабили сатхи ойина, сатхи ороми об, сатхи сайкалдодашудаи чубу металхо рушноиро хуб инъикос менамоянд. Дар натичаи ин инъикоси ашё аз ин сатххо оинавй мебошанд. .Агар руи оинаи бо чанг пушидашуда ва ё сатхи он чиркин ва бичир-бичир мекунад, пас аз ин сатх рушнои пахн мегардад ва чисмхоро дакик инъикос наменамояд. Вале худи хамин сатххо хуб диданию на- моён мешаванд.

Чунин ходисахоро мо дар оинахои хуб мушохида карда метавонем. Тасвири ин ходисаро мо дар хикояи М.Пришвин тахти унвони «Инъикос» хонда метавонем. Дар он чунин як тасвир хаст.

«Имруз сатхи об чунин ором буд. Акси мургобихои дар болои об парвозкунанда дар об бисёр рушан дида мешуд. Дар ин вакт сагчаи нависанда бо номи Лада дар сохили дарёча бози мекард. Ногахон вай дид, ки ба тарафи у ду мургобие, ки ба хам чун ду катраи об монанд мебошанд (расми 54) парвоз мекунанд.

Саг сари он масъала, ки кадоме аз онхоро ба даст бояд овард, бисёр фикр накар- да, сабу к хез зад ва гурсос зада худроо ба об партофт…

Албатта, Лада хеч чизе дар ин бора намедонист, ки мургобй дар об хамагй як акс буда ва бисер ба мургобии зинда шабохат дорад»

Шикасти рушной.

Дар сархади чудошавии ду мухит (об-хаво, хаво- шиша) боз ходисаи рушной ба вукуъ мепайвандад. Онро шикасти рушнои меноманд.

Вакте рушной ба сархади байни ду мухит меафтад, як кисми он инъикос ёфта, кисми дуввуми он шикаста ба мухити дигар мегузарад. Дар ин маврид тагйирёбии шакли андоза ва чойгиршавии ашё, ки дар мухити дуввум карор дорад, бармало ба назар мерасад.

sag

Таври мисол, дар расми 55 каламеро мебинем, ки дар истакони обдор чойгир карда шудааст.

Метавон мушохида кард, ки кисмати болоии калам ва кисмати поёнии он, ки дар об аст, дар як хати рост карор нагирифтаанд. Ба ибораи дигар, чунин ба назар мерасад, ки гуё калам бишкастааст.

Вале вокеан калам нашикаста, хамагй дар об шикаста- аст. Ин ходисаро шикасти рушнои меноманд.

Як тачрибаи дигар мегузаронем. Дар таги истакони холй як санги суфтаро мегузорем.Сипас он хамаро тавре ме- гузорем,, ки маркази санг, канори истакон ва чашмони мо дар як хати рост карор бигиранд.

Агар ба истакон обро бирезем, пас чунин ба назар мерасад, ки санг хамрохи об аз таги истакон боло мешавад. Агар каблан танхо як кисми санг намоён бошад, пас ак- нун вай пурра намоён аст. Ин ходиса низ баёнгари ходисаи шикасти рушной хангоми гузаштан аз як мухит ба мухити дигар аст.

Шуъои сафеди рушной аз кадом рангхо иборат аст?

Хангоми афганиши Н1уъои рушноии офтоб ба балои шишаи оинагин ва ё чоми булурин мо мебинем, ки чй сон аз вай якчанд шуъохои харранга берун мешаванд. Чу­нин рангхо дар катрахои зиёди борон хангоми дурухши рушани шуъои офтоб пай- до мешаванд. Дар миёни мардум он бо ибораи тортанаки офтоб, ва ё рангинкамон машхур аст Аз замонхои кадим ба одамон тачзия шудани шуъои сафеди рушной ба рангхои гуногун маълум аст. Вале вай таври илмй соли 1666 аз тарафи олим Исаак Нютон асоснок шуда буд. И. Ньютон шуъои одни сафеди рушноиро аз призмаи серуя гузаронд. Дар натича дар девори он рангинкамони сунъй ба даст оварда шуд. Мачмуъи ин рангхоро спектр меноманд.

Спектр аз хафт ранги дар пайдарпайии муайян чиддан карор гирифта иборат мебошад.

Ин рангхои сурх, норанчй, зард, сабз, кабуд, обй ва бунафш (расми 56) мебо- шанд.

Вакте вай дар рохи шгуъохои рангин призмаи серуяро карор дод, дигарбора шу­ъои сафеди рушной хосил шуд.

И.Ньютон хулоса кард, ки шуъои сафед аз хафт ранги дар боло зикршуда иборат аст.

Ранги чисм аз чй лобаста аст?

Чисмхо дар Табиат хар навъ рангхоро инъикос намуда, баъзе аз онхоро фуру меба- ранд. Агар чисм ранги сурхро инъикос наму­да , дигар рангхоро фуру барад, вай ба назари мо сурх менамояд. Агар чисм хама рангхоро инъикос намояд, бароямон сафед маълум ме-

гардад. Агар хама рангхоро фуру барад сиёх менамояд. Асосхои илмии ин ходисахоро Шумо дар дарсхои физикаи синфхои болой меомузед.

Пурсишхо

  1. Сарчашмаи табии рушнои чисn?
  2. Сабаби пайдоиши соя дар чист?
  3. Кадом ашё рушноиро хуб инъикос менамоянд?
  4. Чаро каламе, ки ба истакони обдор гузошта шудааст, аз берун шикаста ба назар

мерасад?

  1. Ранги сафед аз кадом рангхо иборат аст?

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

urolog

Урологи бехтарин аз Хиндустон октябри 2021 ба Точикистон меояд

Дар Маркази тиббии «Шафран» муоличаи беморихои уролочи бе чарохи тарики дастгоххои эндоскопи ва лазери аз …