Барои Русия нияти ишғол кардани Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар аҳди Пётри I ба вуҷуд омада бошад ҳам, ин марҳала танҳо дар миёнаҳои асри XIX фаро расид. Соли 1847 артиши Русия аз Оренбург то ба соҳилҳои Баҳри Арал омада, дар ин ҷо бо номи Раим истеҳкоми ҳарбие бунёд кард. Баъдтар ин истеҳком номи қалъаи Аралро мегирад. Қалъаи Арал ва истеҳкому қалъаҳои дигари ҳарбии Русия дар сарҳадҳои Осиёи Марказӣ барои он сохта шуданд, ки ҳаракати бемамониати корвонҳои тиҷоратии Русияро ба дарунтари Осиёи Марказӣ таъмин намоянд.
Соли 1853 дастаҳои артиши Русия ба Осиёи Марказӣ аз тарафи Сибир ҳам ҳаракат карда, ба Ҳафтрӯд омада расиданд. Нерӯҳои ҳарбии русҳо ба Осиёи Марказӣ аз ду самт ба роҳ баромаданд: аз Оренбург ва аз Омск. Дар назди онҳо вазифаи аввалнндарача ишғоли заминҳои айлоқи қазоқ ва қирғизнишин меистод. Русҳо ин корро иҷро намуда, ба хонии Қӯқанд наздик шуданд.
Соли 1853 артиши Русия дар зери роҳбарии генерал- губернатори Оренбург В. А. Перовский қалъаи Оқ-Масҷиди Қӯқандро ишғол кард. Он аввал номи истеҳкоми Перовский ва баъд Қизил Ӯрдаро мегирад. Ишғоли Оқ-Масҷид дар роҳи ҳаракати минбаъдаи артиши Русия ба Осиёи Марказӣ иқдоми муҳим гардид. Худи ҳамон сол роҳи обии Русия ба Осиёи Марказӣ кушода шуд. Киштиҳои Русия дар Баҳри Арал ва дарёҳои ба он резандаи Аму ва Сир шино мекардагӣ шуданд. Русҳо бо мақсади забти ояндаи Осиёи Марказӣ дар қад-қади ин дарёҳо нуқтаҳои такягоҳи артиши худро бунёд менамуданд.
Ҷанги Қрим мӯҳлатҳои ишғоли Осиёи Марказиро муваққатан мавқуф гузошт. Баъди анҷоми ин ҷанг ҳукумати Русия кӯшид ба давлатҳои ин ҷо бо роҳи дипломатӣ cap дароварад. Ин буд, ки соли 1858 Русия бо сардории полковник Н. П. Игнатов ба аморати Бухоро ва хонии Хева намояндагони дипломатии худро фиристод. Музокироти онҳо бо Хева бенатиҷа баромаданд. Ин вақт Бухоро бо Қӯқанд дар ҳолати ҷанг буд. Бо нияти он, ки дар ин ҷанг Русия ба Аморати Бухоро ёрӣ мерасонад, ҳайати сафорати Русияро дар Бухоро бо хушӣ пазируфтанд. Сарфи назар аз муваффақияти ночизи сафорати Н. П. Игнатев империализми Русия ба хулоса омад, ки барои ба мақсадҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ расидан ҳатман ба Осиёи Марказӣ лашкар кашидан лозим аст.
Ҷанги Қрим нишон дод, ки Русия мамлакати заиф аст ва барои саноати вай манбаъҳои бойи ашёи хоми Осиёи Марказӣ зарур мебошанд. Баъди ислоҳоти крепостнойии соли 1861, ки он Русияро ба роҳи сармоядорӣ ворид сохт, ин зарурат боз ҳам бараълотар аён гардид. Сабаби дигар дар шароите, ки дар ИМА ҷанги мулкӣ (1861 – 1865) идома дошт, Русия аз ин давлат нахи пахта харида наметавонист, чунки истеҳсоли он дар ИМА кам шуд. Аз ин рӯ, ба бозорҳои европавӣ воридшавии пахтаӣ Америка муваққатан қатъ гардид. Ин ҳолат Русияро маҷбур сохт, ки истилои Осиёи Марказиро тезонад.