Главная / Маданият ва санъат / Номгӯи ҳунарҳои мардуми Тоҷик

Номгӯи ҳунарҳои мардуми Тоҷик

Тибқи маълумоти таърихиву ҷадидӣ ба ҳунарҳои мардумии тоҷик як қатор корҳоеро намбар кардан мумкин аст, ки асоси он ин рушд додани фарҳангӣ тоҷикӣ мебошад ва дар заминаи қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ба фаъолияти ҳунарҳои мардуми машғуланд аз андозбандӣ озод карда мешаванд, ки ин ҳам бошад муҳлати муайянеро дар бар мегиард.

suzani_navruz_

Номгӯи ҳунарҳои мардумӣ:

  1. Кор бо чӯб. Косатарошӣ, Табақтарошӣ, Меъмории чӯбин ва ғ;
  2. Кор бо гил-лой: Кӯзасозӣ, табақҳои лойӣ, ҳушатки лойӣ ва ғайра;
  3. Кор бо матоъ ва либос: Духтани куртаи чакан ва дигар либосҳои таърихии тоҷикӣ;
  4. Кор бо санг: ҳайкалтарошӣ, меъморсозӣ.
  5. Кор бо оҳан: Кордсозӣ, Шамшерсозӣ, Ҳайкалсозӣ ва ғайра;
  6. Сохтани асбобҳои мусиқӣ: Рубоб, дутор, най, доира-даф, таблак ва ғайра;
  7. Санъаткорӣ: Фалаксароӣ, шашамақомсароӣ ва ғайра;
  8. Пухтани таъомҳои миллӣ: Суманак, Нишоло ва ғайра;
  9. Табобат: Муолиҷа бо растаниҳо ва дуохонӣ;
  10. Нависандагӣ: Навиштани повесту роман ва шеърнависӣ; 

Ин номгӯи овардашуда ғайри расмӣ мебошад. Мутаасифона номғуи ҳунарҳои мардумии тоҷиккро ки тибқи қарори ҳукумат тасдиқ ва эътироф шудааст дарёфт карда нашуд.

Сабаби инқадар хоса ҳисоб кардан ва рушд додани ҳӯнарҳои мардуми ки тибқи супориши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад дар он аст, ки тоҷикистониён фарҳанги худро боз ҳам эҳётар карда дар таблиғу истифодаи васеъ қарор дадани санъати миллӣ фаъолтар бошанд.

Натиҷа дар он мешавад, ки тоҷикон дар ҳӯнарҳои худ бештар машғул шуда фарҳанги мардуми бегона ва хусусан арабиву аврупоиро дар кишвар танг карда баробари он вазъи иқтисодии шахсоне ки дар ин самт шуғл мешаванд даромади иловагӣ мегиранд.

Асосан ба ҳӯнарҳои мардумӣ мардуми деҳоте ки дар баландикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд машғуланд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …