Якуми сентябр – «Рӯзи дониш». Дар ин рӯз дар тамоми мактабҳои ҷумҳурии мо занги аввал садо медиҳад ва соли нави таҳсил оғоз мегардад. Ин рӯзи фаромӯшнашаванда дар дили ҳар як нафар боқӣ мемонад: ҳама гулҳои зебои тирамоҳӣ дар даст мераванд, занг садо медиҳад ва дар рӯйи ҳама табассуми зебо ҳувайдост. Идҳоро бидуни гулҳо тасаввур кардан мумкин нест, мо таъиноти ҳар як намуди гулро бояд донем. Мо бояд донишҳои андӯхтаамонро оид ба фанни санъати тасвирию бадеӣ – компо- зитсия, усул, ҳаҷм, ранг ва монанди инҳо фаромӯш насозем.
* Ҳангоми таҳияи дастагул аз гулҳои ҷамъоваришуда ба чӣ бояд таваҷҷӯҳ намуд?
Гулҳоро барои дастагул маъмулан тарзе интихоб менамоянд, то ин ки онҳо мувофиқати холҳои ранга ва низоми шаклро ташкил диҳанд. Ба хотири он ки ҳар як гулдаста зебо, нафис, начандон ка- лон бошад, гулҳои саҳроӣ ҳамчунин мувофиқанд.
Гулҳо бояд аз як навъ бошанд, масалан, садбарг, пиона, гули қашқарӣ ва ғайра, он гоҳ дастагул муносиб меояд. Ин гулдастаҳоро аз чунин растаниҳое, ки дар расм нишон дода шуда- анд- аспарагусҳои равшан, нафис, латиф, гипсофилҳо, папоротник ва ғайраҳо оро додан мумкин. Он гоҳ гулдаста зебо ва хушнамо мегардад.
Ранг яке аз хусусиятҳои ашёҳоест, ки онҳоро мо мебинем ва та- вассути эҳсосоти биниш дарк менамоем. Инчунин ранг ба кайфият ва ҳиссиёт, дарки атроф таъсир мерасонад.

Доираи рангҳоро маъмулан ба ду қисм – гарм ва сард тақсим мекунанд.
Ҳар як намуди ранг се хусусияти асосӣ дорад: тобиши ранг, дурахшонӣ ва серӣ.
Ба хотири ҳосил намудани тобишҳои нави ҳар як ранг ба он ило- ва кардани микдори гуногуни сафед ё сиёҳ зарур аст.
- Ранги сурх – рамзи офтоб, оташ, ҳаёт. Вай маъмулан бо хушбахтӣ, зебогӣ, хубӣ, гармӣ робита дорад.
- Ранги кабуд – сард, нарм, ором, ҳолати хаёлангезро ифода ме- намояд. Ранги мазкур бо рангҳои зард, гулобӣ, норанҷӣ тамос ги- рифта метавонад.
- Ранги бунафш эҳсосоти баланд ва ноумедиро ифода менамо- яд, онро бо рангҳои сурх ва кабуд омехта менамоянд. Вай бо тамо- ми рангҳо якҷоя мешавад.
- Ранги сафедро бо тамоми рангҳо омехта кардан мумкин, вай мутобиқати зебогиро ба вуҷуд меорад.
- Ранги сабз ором аст, аз вай таассуроти кайфияти хуб боқӣ ме- монад. Тамоми тобишҳои ранги сабз ба кабудизор зебогии табиат ва барои тасвири рангҳои дастагулҳо композитсияи хубе илова ме- намояд.
Дастагули таҳияшуда бояд бо гулдон мутаносиб бошад. Гулдонҳо шишагӣ, булӯрӣ, фахфурӣ, сафолӣ, филизӣ ва чӯбӣ мешаванд.