Нархи интернет дар Тоҷикистон ба 2-гуруҳ ҷудо мешавад:
Ин маълумот бо назардошти навгонӣ аз санаи 24-уми апрели соли 2019 дигар ба хақиқат мутобиқат наменамояд. Нигаред http://komron.info/crp/Narhiinternetbaholatipestarabargardonidasud_crp/
Якум намуд – Ин нархи интеренети мобилӣ мебошад, ки тавассути ташкилотҳои мобилӣ (Вавилон, Т-Сел, Билайн ва Мегафон) мефурухта мебошад, ки барои ҳар як Гигабайт 63 сомонӣ мебошад
Дуюм намуди – ин нархи интернети симӣ мебошад ки тавасути Ширкатҳои интернетӣ пешкаш карда мешавад. Ин интернет тариқи ноқилҳои телефони заминӣ ва ё зеризаминии оптикӣ пешкаш карда мешавад, ки суръаташ хеле баланду арзишаш хеле арзон аст. Масалан ширкатҳо барои ҳар як гигабайт интернет 4 сомонӣ аст ва нисбати интернети мобилӣ 10-ҳо маротиба арзон аст.
Бояд қайд кард, ки интеренети оптикӣ-симӣ ки тариқи замин ба хонаҳои одамон оварда мешавад ниҳоят арзон аст. Масалан тарофаҳои баъзе ширкатҳои интернетӣ имконият медиҳад, к ибо арзиши 100-200 сомонӣ дар як моҳ бе маҳдуд интеренетро бо суръати 250-500 кб/сония истифода баред. Ҳоло ин намуди интернет дар Тоҷикистон қиммат карда нашудааст ва он асосан барои шаҳрҳои калон дастраст аст (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва ғ).
Нархи қиёсии интернети мобилӣ дар кишварҳои ҳамсоя (1гб бо пули тоҷикӣ):
- Ӯзбекистон – 1 гб = 28 сомонӣ;
- Қирғизистон – 1гб = 3,62 сомонӣ
- Туркманистон – 1гб = 200-400 сомонӣ (вобаста ба тарофа.
- Тоҷикистон 1гб = 63 сомонӣ
- Қазоқистон – 1гб = 2,88 сомонӣ