Главная / Гуногун / МУШОҲИДАИ ГОВ ДАР тўқай (қамишзор)

МУШОҲИДАИ ГОВ ДАР тўқай (қамишзор)

Аслан гирем, тўқай хўҷаини аниқ надошт. Серобу алаф ва дар соҳили чапи дарёи Сир воқеъ буд. Гов аз ҷониби шарқ аввал равшании чароғи мошинро дид, пасон овозашро шунид. Баъди як дам чанд нафар мардон пои пиёда то мобайни тўқай расиданд. Ба говони дигар бо чашми харидорӣ нигариста, маслиҳат мекарданд. Гов ин гуна манзараро аз он бозе, ки омад-омади фасли баҳор ба шохаш ҳалқа зада ва ин ҷо оварданд, маротибаи нахуст мушоҳида менамуд…

qamish

Вайро беарғамчин озод ба ҳоли худ вогузошта рафтанд. Тўқай ба саҳро шабоҳат надошт ва он бегоҳ писари соҳиби наваш баҳри пешандоз карда бурданаш наомад. Бегоҳи дигараш низ… Ва ба говони дигар унс гирифт. Баҳору тобистон мечариданду мечариданд. Алаф фаровон…

Одамон ба шохи гов арғамчин андохтанд. Вай хатари ба сараш омадаро ҳис карда худро ба чор тараф мезад. Ҷонвар аз тарс надониста монд, ки чӣ сон ду пои ақибаш ба ҳалқаи арғамчин дарафтод, лаҳзае пас ду пои пешаш ҳамчунин.

Одамони бозувонашон боқувват нўги арғамчинҳоро якбора кашиданд. Гови алои фарбеҳ паҳлў ба замин ғалтид. Секаса тану пою шохашро сахт зер карданд. Чорумӣ пешдомани андак хунолуд дар бар, корди тез ба даст ба сари гови ало хам шуд. Лабонаш пичиррос заданд.

Аз дур гов ҳамашро ба чашмони худ дид. Говони дигар низ. Вале дасткўтоҳ буданд онҳо. Дуздон гўшти говро бардошта бурданд. Гов оҳиста-оҳиста назди гови ало омад. Сари беҷонаш як тараф мехобид. Чашмони сиёҳи аз косахонаи сар баромадааш беҳаракат ба дуродур менигаристанд. Гўё соҳиби ҳақиқии хешро нигарон буд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …