Главная / Биология / МУШАК, УСТУХОНБАНДӢ ВА СОХТИ АСАБИ ОБХОКИҲО (ДАР МИСОЛИ ҚУРБОҚҚА)

МУШАК, УСТУХОНБАНДӢ ВА СОХТИ АСАБИ ОБХОКИҲО (ДАР МИСОЛИ ҚУРБОҚҚА)

Бадани қурбоққа мушакҳои гуногун дорад. Хусусан мушакҳои пойҳои ақиби он нағз инкишоф ёфтааст. Ин мушакҳо ба воситаи пойҳо ба устухонҳо пайванд шудаанд, ки дар натиҷаи кашишхӯрии мушакҳо устухон ба ҳаракат меояд. Дар баъзе мамлакатҳо (Фаронса. Хитой. ШМА…) одамон гӯшти қурбоққаро бо иштиҳои том мехӯранд.

qurboqaУстухонбандии қурбоққа бо устухонбандии Моҳӣ як дараҷа монанд аст. Сутунмӯҳраи қурбоққа кӯтоҳ буда, аз мӯҳраҳои номукаммал устухонбандии дум ба вуҷуд омадааст. Қурбоққа ба ҷойи қабурға танҳо растакчаҳои мӯҳра дорад. Косаи сари қурбоққа бо мӯҳраи якум пайваст буда, сандуқчаи хурди мағзи cap дорад. Устухонбандии пойи қурбоққа нисбат ба устухонбандии боли шиновари Моҳӣ мураккабтар буда, барои дар хушкӣ ҳаракат кардан мутобӣқ гардидаанд.

Сохти асаби қурбоққа мисли сохти асаби моҳӣ аз мағзи cap (мағзи пеш, мағзча), ҳароммағз ва аз торҳои асаб иборат аст. Aгap мағзи сари қурбоққаро вайрон кунем ё бурида партоем, вай зуд намемурад, валс рафтораш тағйир меёбад. Arap нӯги пояшро пучем пас коғази ба кислота тар кардашударо расонем, пояшро сахт мекашад. Азбаски мағзчаи сари қурбоққа суст ннкишоф ёфтааст. Фақат фаъолияти якхела дорад. Масалан, ҷаҳида метавонад, вале агар онро ба пушт чаппагардон карда хобонем, роста намешавад. Ҳамаи рафтори қурбоққа мисли моҳиён асосан аз одатҳо, рефлексҳои Ғайришартӣ иборат аст. Вале агар ба қурбоққаи ромшуда якчанд маротиба бо нӯги чӯб хӯрок диҳем, пас вай нӯги чӯби холиро ҳам меқапад

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …