Муноҷот чист?

Савол: Муноҷот чист?

Ҷавоб: Ин баёни розу ниёз кардан ва таваллою зорӣ кардан аз Худо (Папвардигор – Аллоҳ)

Намунаи Муноҷот

Худовандо, ба зоти бемисолат,
Ба муштоқони хуршеди ҷамолат.
Ба меҳроби ниёзи покдинон,
Ба нури тоати хилватнишинон.
Ба ҳусни шоҳидони покдоман,
Ба ашки ошиқони чокдоман.
Ба он хоке, ки аз хун гашта намнок,
Ба он хуне, ки ноҳақ рехт бар хок,

munojot

Ба он ашке, ки хуни сад шаҳид аст,
Ба он оҳе, ки гардунро калид аст.
Ба шаҳбозони сахрои шариат,
Ба ғаввосони дарёи ҳақиқат.
Ба имоне, ки Худ кардӣ каромат,
Бибар моро ба саҳрои қиёмат.
Кушо бар мо ба ҳар сурат, ки донӣ,
Дари нузҳатсарои ҷовидонӣ.
Ҳидоятро рафиқи роҳи мо кун,
Муҳаммадро шафоатхоҳи мо кун.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …