Главная / Илм / БАКОРДАРОРИИ ПРОГРАММАҲОИ MS DOS ДАР WINDOWS

БАКОРДАРОРИИ ПРОГРАММАҲОИ MS DOS ДАР WINDOWS

Пеш аз ҳама қайд кардан лозим аст, ки Dos- программаҳоро низ ба мисли замимаҳои Windows ба кор даровардан мумкин аст. Вале на ҳама вақт ин программаҳо бо истифодабарии ин усулҳо дуруст ё пурмаҳсул кор карда метавонанд. Аз ҳамин сабаб ҳам системаи Windows имконият медиҳад, ки ин намуди программаҳо бо тарзҳои дигар низ ба кор дароварда шаванд. Бо ин мақсад дар Windows программаи махсус пешбинӣ карда шудааст, ки онро Сеанс MS-DOS меноманд ва он ба мисли замимаҳои Windows ба кор дароварда мешавад.

ms-doss

Барои ин кифоя аст, ки дар менюи асосии Windows пайдарпайии командаҳои ПускПрограммыСеанс MS-DOS (ОғозПрограммаҳоСеанси MS-DOS) амалӣ гардонида шаванд. Программаи Сеанси MS-DOS имконият медиҳад, ки Dos-программаҳо чун дар муҳити кории худи системаи оператсионии MS DOS ба кор дароварда шаванд. Барои ба муҳити кории системаи Windows баргаштан, корро бо Dos-программаҳо ба охир расонида, дар сатри командавии MS DOS командаи EXIT-ро дохил намудан кифоя аст.

Системаи Windows ҳамчунин имконият медиҳад, ки Dos-программаҳо бевосита дар реҷаи кории MS DOS иҷро шаванд. Барои ин, ба менюи асосии система ворид гашта, дар

он сатри Завершение работы (Итмоми кор)-ро интихоб намудан лозим аст. Баъд аз он дар равзанаи робитавии Завершение работы Windows (Итмоми кори Windows) командаи Перезагрузить компьютер в режиме MS-DOS (Компютер барои кор дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад)-ро фаъол гардонида, тугмаи Ok -ро пахш намудан зарур аст. Дар натиҷа системаи оператсионии MS DOS ба хотираи фаврии компютер ҷеғ зада мешавад ва дар экран сатри командавии он пайдо мегардад. Пас аз он бо ёрии командаҳои MS DOS дар муҳити ин системаи оператсионӣ программаҳои лозимиро ба кор дароварда метавонем.

Саволҳо:

  1. Оё Dos-программаҳоро ба мисли Windows-программаҳо ба кор даровардан мумкин аст?
  2. Барои ба кор даровардани Dos-программаҳо дар Windows аз кадом усул истифода бурдан қулайтар аст?
  1. Барои аз муҳити кории Dos ба Windows баргаштан аз кадом команда истифода мебаранд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед, мазмуни мухтасари онро дар дафтар нависед ва онро нақл кунед.
  2. Ба воситаи программаи Сеанс MS-DOS ба муҳити кории системаи оператсионии MS DOS гузаред ва бо ёрии командаҳои Dos ягон файли матнии начандон калон созед.
  3. Аз командаи Exit истифода бурда, ба муҳити кории системаи оператсионии Windows гузаред.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум …