Главная / Ҷамъият / Мақомоти назорати маводи нашъаовар

Мақомоти назорати маводи нашъаовар

Моддаи 97-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорати маводи нашъаовар 

  1. Мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 127 ва 128 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ҳуқуқ доранд.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …