Моддаи 97-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Макомоти назорати маводи нашъаовар
- Макомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 127 ва 128 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
- Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти назорати маводи нашъаовар директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Чумхурии Точикистон, муовинони у ва рохбарони сохторхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо хукук доранд.