Главная / Ҷамъият / Давомнокии вақти кории шабона

Давомнокии вақти кории шабона

Моддаи 77-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти кории шабона

  1. Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
  2. Давомнокии вақти кории шабона бо мутаносибан кўтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи корӣ як соат кўтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррўзаи (баст) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.
  3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза (баст) дар вақти шабона имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад.
  4. Ба кори шабона ҷалб намудани кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …