Главная / Чамъият / Давомнокии вакти кории шабона

Давомнокии вакти кории шабона

Моддаи 77-и Кодекси Мехнат. Давомнокии вакти кории шабона

  1. Аз соати 22 то соати 6 сахар вакти шабона хисоб мешавад, агар бо конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар мукаррар нагардида бошад.
  2. Давомнокии вакти кории шабона бо мутаносибан кутох кардани давомнокии хафтаи кори як соат кутох карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори харрузаи (баст) барои корманд мукарраргардида ба вакти шабона рост ояд.
  3. Дар истехсолоти муттасил амалкунанда ва намудхои алохидаи кор, ки мувофики шароити истехсолот кутох кардани давомнокии кори харруза (баст) дар вакти шабона имконнопазир аст, ичрои кор дар вакти зиёда аз меъёр бо додани вакти иловагии истирохат мувофики тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешаки бо намояндагони кормандон муайян намудааст, чуброн карда мешавад.
  4. Ба кори шабона чалб намудани кормандони маъюб, занон, шахсони дорои ухдадорихои оилави ва ноболигон тибки риояи махдудиятхое, ки Кодекси мазкур мукаррар кардааст, сурат мегирад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …