Главная / Ҷамъият / Ҳабси молу мулк

Ҳабси молу мулк

Моддаи 75-и Кодекси Андоз. Ҳабси молу мулк

  1. Ҳабси молу мулк аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ва (ё) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» барои таъмини иҷрои ўҳдадории андоз дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 8 моддаи 65 Кодекси мазкур ё қарзҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур, татбиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Ҳабс танҳо нисбат ба он молу мулке татбиқ карда мешавад, ки барои иҷрои ўҳдадориҳои андоз зарур ва кифоя мебошад. Ҳабси молу мулки андозсупоранда аз ба рўйхатгирии молу мулк, муқаррар кардани тартиби ихтиёрдорӣ кардан, соҳибӣ намудан ва истифода бурдани молу мулки ҳабсшуда, инчунин ба андозсупоранда додани молу мулки ҳабсшуда барои нигоҳдорӣ ё гирифтани он ҷиҳати минбаъд бо мақсади пўшонидани ўҳдадориҳои андози андозсупоранда бегона кардан (фурўхтан) иборат мебошад.
  3. Мақомоти гумрук дар асоси огоҳиномаи хаттии мақоми андоз вобаста ба қарор дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда амалиёти содиротии тамоми молу мулки ҳабсшудаи ин андозсупорандаро ба мўҳлати дар огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз пешбинигардида бозмедоранд.
  4. Нотариусҳои давлатӣ,раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд амалиёти нотариалиро анҷом диҳанд, инчунин мақомоте, ки ваколат доранд шартномаҳои гарави молу мулкро ба қайд гиранд, дар асоси огоҳиномаи хаттиимақоми андоз вобаста ба қарор дар бораи ҳабси молу мулки андозсупоранда амалиёти нотариалии ҳама гуна шаклҳои бегона кардани (ба дигарон додани) тамоми молу мулки ҳабсшудаи ин андозсупоранда ва гарави онро ба мўҳлати дар огоҳиномаи хаттии мақоми андоз пешбинигардида бозмедоранд.
  5. Ҳабси дастгоҳҳо, таҷҳизот, бино, иншоот ва дигар воситаҳои асосии ташкилотҳои давлатӣ манъ мебошад.
  6. Баҳодиҳии нархи молу мулки баҳабсгирифташуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома доранд, амалӣ карда мешавад. Хароҷоти вобаста ба нархгузории объекти ҳабсшуда, инчунин ҳаққи хизмати нархгузор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …