Главная / Чамъият / Хабси молу мулк

Хабси молу мулк

Моддаи 75-и Кодекси Андоз. Хабси молу мулк

  1. Хабси молу мулк аз чониби макомоти андоз мутобики Кодекси мазкур ва (ё) Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи истехсолоти ичро» барои таъмини ичрои ухдадории андоз дар холатхои пешбининамудаи кисми 8 моддаи 65 Кодекси мазкур ё карзхои мукаррарнамудаи кисми 2 моддаи 72 Кодекси мазкур, татбик карда мешавад. (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Хабс танхо нисбат ба он молу мулке татбик карда мешавад, ки барои ичрои ухдадорихои андоз зарур ва кифоя мебошад. Хабси молу мулки андозсупоранда аз ба руйхатгирии молу мулк, мукаррар кардани тартиби ихтиёрдори кардан, сохиби намудан ва истифода бурдани молу мулки хабсшуда, инчунин ба андозсупоранда додани молу мулки хабсшуда барои нигохдори ё гирифтани он чихати минбаъд бо максади пушонидани ухдадорихои андози андозсупоранда бегона кардан (фурухтан) иборат мебошад.
  3. Макомоти гумрук дар асоси огохиномаи хаттии макоми андоз вобаста ба карор дар бораи хабси молу мулки андозсупоранда амалиёти содиротии тамоми молу мулки хабсшудаи ин андозсупорандаро ба мухлати дар огохиномаи хаттии макомоти андоз пешбинигардида бозмедоранд.
  4. Нотариусхои давлати,раисони чамоатхои шахрак ва дехот ва дигар шахсони мансабдоре, ки ваколатдоранд амалиёти нотариалиро анчом диханд, инчунин макомоте, ки ваколат доранд шартномахои гарави молу мулкро ба кайд гиранд, дар асоси огохиномаи хаттиимакоми андоз вобаста ба карор дар бораи хабси молу мулки андозсупоранда амалиёти нотариалии хама гуна шаклхои бегона кардани (ба дигарон додани) тамоми молу мулки хабсшудаи ин андозсупоранда ва гарави онро ба мухлати дар огохиномаи хаттии макоми андоз пешбинигардида бозмедоранд.
  5. Хабси дастгоххо, тачхизот, бино, иншоот ва дигар воситахои асосии ташкилотхои давлати манъ мебошад.
  6. Баходихии нархи молу мулки бахабсгирифташуда аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, ки барои анчом додани фаъолияти нархгузори ичозатнома доранд, амали карда мешавад. Харочоти вобаста ба нархгузории объекти хабсшуда, инчунин хакки хизмати нархгузор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …