Фоизҳо

Моддаи 73-и Кодекси Андоз. Фоизҳо

  1. Ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 5 ҳамин модда, агар маблағи андоз, аз ҷумла пардохти ҷорӣ дар мўҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадораст аз санаи фаро расидани мўҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо фоизҳои дахлдорро пардохт намояд.
  2. Фоизҳо барои ҳар як рўзи иҷро нагардидани ўҳдадории андоз, аз рўзи якум баъд аз фарорасии мўҳлати пардохти андоз, бо дарназардошти рўзи пардохт ҳисоб карда мешаванд.
  3. Маблағи фоизҳо, новобаста ба татбиқи дигар чораҳои маҷбуран ситонидан, инчунин дигар чораҳои ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
  4. Пардохти фоизҳо дар шакли иловапулӣ ба маблағи бақияпулӣ анҷом дода мешавад.
  5. Фоизҳо ҳисоб карда намешаванд:

– аз рўи қарзҳои андози соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки нисбат ба онҳо қарор дар хусуси муфлисшавӣ қабул гардидааст – аз рўзи аз ҷониби суд қабул гардидани парванда оид ба муфлисшавӣ;

-аз рўи маблағи қарзи андоз – аз санаи эътибори қонунӣпайдо намудани қарори суд дар хусуси бедарак ғоиб эътироф шудани шахси воқеӣ то лаҳзаи бекор карда шудани он;

– аз рўи фоизҳо ва маблағи ҷарима;

-аз рўи қарзи андоз, ки бо роҳи гузаронидани баҳисобгирии маблағи барзиёд пардохтшудаи андоз – аз санаи ҳуҷҷати пардохт барои гузаронидани баҳисобгирӣ;

-аз рўи маблағи бақияпулӣ оид ба як намуди андозҳо, агар доир ба дигар намуди андозҳо маблағи барзиёд пардохтшуда мавҷуд бошад;

-аз рўи қарзҳои андози шахси воқеие, ки фавтидааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар ин бора пешниҳод шудааст.

  1. Агар аз санаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза барои баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) маблағи андози барзиёд пардохтшуда, яъне изофапулӣ, то санаи воқеии баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) маблағи изофапулӣ беш аз 30 рўзи тақвимӣ гузашта бошад, фоизҳо ба фоидаи андозсупоранда ба маблағи изофапулии андоз бояд аз буҷети дахлдор аз санаи додани ариза барои баргардонидани (ба ҳисоб гирифтани) изофапулӣ то санаи воқеии баргардонидани он пардохт шаванд. Фоизҳо ба андозсупоранда пардохт намешаванд, агар баргардонидани маблағи изофагӣ дар мўҳлати на бештар аз 30 рўз аз лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблағҳои зиёдатии пардохтшуда анҷом дода шавад.
  2. Дар ҳолати ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ба санаи амалӣ намудани баҳисобгирӣ ё, агар маблағи барзиёд пардохтшуда ё бақияпулӣ ба буҷетҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд, ба санаи гирифтани иҷозат ба баҳисобгирӣ маблағҳо баргардонида ҳисобида мешаванд.
  3. Фоизҳо аз рўзи пардохтани қарзи андоз ҳисоб карда намешаванд.
  4. Фоизҳо дар ҳаҷми 0,08 фоизи маблағи қарзи андоз барои ҳар рўзи тақвимии мавҷуд будани бақияпулӣ ё изофапулӣ ҳисоб карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …